Чаро Русия масъулияти ДОИШ дар ҳамлаи террористӣ ба Крокусро қабул намекунад?

Русия то ҳоло баёнияи гурӯҳи террористии ДОИШ оиди ҳамлаи террористӣ ба Крокусро қабул накарда ва дар ин бора далелҳои худро дорад.

Русия феълан иттилооти ба даст овардаи худ дар бораи омили аслии ҳамлаи террористиро пинҳон мекунад ва токунун расман даст доштани Украина дар ин ҳамларо эълон накардааст.

Чаҳор фарди мусаллаҳ ҷумъашаб ба толори кансерти шаҳри Крукус дар наздикии Маскав юриш бурданд, ки се нафари онҳо мардумро ба гулӯла бастанд ва нафари чаҳорум бо истифода аз бомбаҳои оташзо онҷоро ба оташ кашид…ДОИШ бо интишори баёнияе мсъулияти ин ҳамлаи террористиро, ки дастикам 145 кушта ва беш аз 150 захмӣ бар ҷой гузошт, пазируфт ва иддао кард, ки ин масъала дар чорчуби табиии ҷанг байни ин гурӯҳи таруистӣ ва кишварҳое, ки бо Ислом меҷанганд, анҷом гирифтааст.

  • Онгуна, ки ба назар мерасад, баёнияи ДОИШ дар бораи ҳамлаи террористӣ дар Маскав ҳатто пас аз онки гурӯҳи расонаии Россия Сегодня (Русияи имрӯз) видеои бозҷӯии яке аз муттаҳамони ин ҳамлаи террористиро мунташир кард, ки ин фард худро Фаридуни Шамсиддин муаррифӣ кард ва гуфт 4-им моҳ март ҷорӣ аз Туркия ба ин кишвар омада ва як моҳи пеш аз тариқи Телеграм пас аз шунидани суханони яке аз мабаллиғони ДОИШ, ба кор гирифта шудааст, боз ҳам мақомоти Русияро қонеъ накард.
  • Маргарита Симунён, сардабири гурӯҳи расонаии Россия Сегодня, ки ин видеоро мунташир кард, таъкид кард, ки тарроҳи ҳамлаи Крукус ҳукумати Украина аст, на гурӯҳи террористии ДОИШ, ки ғарб ва Амрико иддаои онро матраҳ мекунанд. Ин дидгоҳ Маргарита Симунён бо ривояти ғайри расмии Русия аз ин ҳамлаи террористие, ки бар асоси дар пушти парда қарор доштани Украина аст, созгор донист.

Албатта Русия феълан иттилооти ба даст овардаи худ дар бораи омили аслии ин ҳамларо пинҳон мекунад ва токунун расман даст доштани Украина дар ин ҳамларо эълон накардааст.

  • Ба назар мерасад, ки изҳороти Путин дар бораи ин ҳамлаи террористӣ нукотеро дар бораи мавзеи расмии Русия баён кард. Вай гуфт: “Хар чаҳор омили ин ҳамлаи террористӣ; ҳамонҳое, ки мардумро гулӯлаборон карданд ва шумореро куштанд, боздошт шуданд. Онҳо бо рафтан ба самти марзи Украина талош карданд худро махфӣ кунанд ва додаҳои аввалия ҳикоят аз он дорад, ки аз ҷониби Украина масири вуруди ин афрод ба хоки Русия ҳамвор шуда бошад.”
  • Талоши террористҳо барои фирор ба Украина танҳо далели нодида гирифта шудани баёнияи ДОИШ аз сӯи Маскав нест, балки иддаои Амрико мабнӣ бар ин, ки ин ҳамларо пешбинӣ мекарда ва ҳушдори ду ҳафтаи пеши ин кишвар ба шаҳрвандони худ дар Русия ва низ инкори қотеи нақши Украина дар ин ҳамла аз сӯи Амрико аз ҳамон лаҳзаи аввал, аз ҷумлаи авомиле аст, ки сабаб шудааст Маскав тасаввур кунад ин мавзеъгириҳо ҷумлагӣ талоше аст барои ибҳомофаринӣ ва барҳам задани мустанадот ва сарпӯш гузоштан бар ҳақиқатҳо ва гумроҳ кардани афкори умумӣ.
  • Ҳатто нозирони умур ва бархе таҳлилгарон низ ба ривояти ДОИШ аз ин ҳамлаи террористӣ тардид доранд, зеро ин ҳамла баъд аз пирӯзии Путин дар интихобот, пешрафти Русия дар ҷанг бо Украина ва изҳороти маъюсонаи мақомоти олирутбаи низомии Кинв дар бораи ояндаи ҷанги Украина сурат гирифтааст ва низ ин ҳамла дуруст рӯзе анҷом шуд, ки Русия ва Чин пешнависи қатъномаи Амрико дар бораи Ғаззаро вето карданд.
  • Вақте Русия ривояти ДОИШ аз ин ҳамлаи террористиро рад мекунад, маънои онро дорад, ки Русия ба таври куллӣ тавони ин гурӯҳро барои анҷоми чунин иқдоми террористӣ бидуни даст доштани Амрико ва ғарб рад мекунад… Русия хуб медонад, ки ДОИШ абзори дасти Амрико аст ва ҳеҷ иртиботе бо Ислом ва мусулмонон надорад ва дастгоҳҳои иттилоотии ғарб хеле роҳат метавонанд гурӯҳе аз афроди ҷоҳил ва фиребхӯрдаи муддаии Исломро, ки ағлаб аз аносири ДОИШ ҳастанд, барои ҳадаф қарор додани кишварҳои мухолифи султаи Амрико ва ҷиноятҳои саҳюнисм алайҳи мардуми Фаластин ва низ алайҳи мухолифони оддисозии равобит бо режими Исроил ба кор гиранд.
  • Нуктаи тамасхуромез тавҷеҳи ин ҷиноят аз сӯи ДОИШ ин аст, ки ин гурӯҳи террористӣ иддао карда ин ҳамла дар чорчуби табиии ҷанг байни “давлати исломӣ” ва кишварҳое анҷом гирифтааст, ки бо Ислом меҷанганд”!! Ин дар ҳоле аст, ки мусулмонон токунун нашунидаанд, ки ДОИШ дар бораи 6 моҳ наслукушӣ ва ҷиноятҳои саҳюнистӣ дар Ғазза ба дасти ғосибони Қудс ва муқаддасоти исломӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи молӣ ва низомии Вашингтон, мавзеъгирӣ кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад