Ҳамлаи террористӣ дар Маскав – ДИИШ ба ӯҳда гирифт

Дар ҳамлаи террористӣ дар Маскав, террористҳо дар толори консертии “Крокус Сити” норинҷак ё “коктейли Молотов” таркондаву мардумро аз силоҳ парондаанд.

Бино ба хабари расонаҳо, шахсони мусаллаҳ бо либоси ҷангӣ вориди толори консертии “Крокус Сити” дар ноҳияи Красногорски наздикии Маскав шуда, норинҷак ё “коктейли Молотов” таркондаву мардумро аз силоҳ парондаанд. Бар асари ин ҳамла токунун 40 нафар куша ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд.

Баъзе аз расонаҳо як мардро масъули ҳодиса медонанд. “РИА Новости” навишт, ки ҳамлаварон камаш се нафар буданд. Хабаргузории “Интерфакс” онҳоро на камтар аз панҷ нафар гуфтааст.

Ҳамла рӯзи 22-юми март ва пеш аз оғози консерти дастаи мусиқии “Пикник” сар шуда, аз ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо нафар хабар мерасад.

Бинои “Крокус Сити” аз тарафи нерӯҳои зиддиошӯби Русия муҳосира шудааст.

Дар наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст, ки чӣ гуна аз як маҳаллаи канори Маскав алангаи оташ ва дуд берун меояд.

Расонаҳои Русия гуфтаанд, даҳҳо мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.

хабаргузории Reuters аз қавли Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт: “Имрӯз дар маркази тиҷоратии “Крокус Сити” як фоҷиаи даҳшатбор рух дод”.

Вай ба наздикони қурбониён ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Баъзе аз саҳифаҳо дар Телеграм ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ нигоштаҳои эҳтимолии шоҳидони ҳодисаро бознашр карданд, ки дар онҳо аз “тирандозӣ аз ҳар сӯ” хабар дода шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад