Ҳимояти муфтии Уммон аз қиёми донишҷӯёни амрикоӣ

Муфтии Уммон интифозаи донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо дар ҳимоят аз мардуми Ғаззаро ситоиш кард.

Ба гузориши хабаргузории “Арабӣ 21”, Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: Мо интифозаи донишҷӯён ва асотиди донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо дар маҳкумияти наслкушии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғаззаро гиромӣ медорем.

Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон афзуд: Умедворем ин интифоза ба тамоми донишгоҳҳо сироят кунад. Ин эътирозот ибрате барои касоне аст, ки сиёсати сар фуруд овардан дар муқобили дигаронро тарҷеҳ медиҳанд ва барои оддисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ талош мекунанд.

Дар 18 апрели ҷорӣ донишҷуёни донишгоҳи Колумбияи Амрико дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ба муҳавватаи донишгоҳ омада ва нисбат ба сармоягузориҳои молии донишгоҳ дар ширкатҳои ҳомии ишғолгарони саҳюнистӣ ва наслкшӣ дар Навори Ғазза эътироз карданд. Дар ин эътирозот 108 донишҷӯ дастгир шуданд.

Тазоҳуротҳои ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ба соири донишгоҳҳои матраҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико монанди донишгоҳҳои Ню-Йорк, Йел, Каролинаи Шимолӣ ва муассисаи фановарии Массачусетс низ сироят кард.

Токунун Донишгоҳи Колумбия, Донишгоҳи Техас, Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Огайо, Донишгоҳи Ҳарвард, Донишгоҳи улуми корбурдии Калифорния, Коллеҷи Эмерсон, Донишгоҳи Ню-Йорк, Донишгоҳи Эмори, Донишгоҳи Мичиган, Донишгоҳи Миннесота, Донишгоҳ Йел, Донишгоҳи Калифорния Беркли, Донишгоҳи Браун, Донишгоҳи Ҷорҷ Тавн дар Вашингтон ва Днишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон шоҳиди баргузории эътирозоти донишҷӯӣ будааст.

Пас аз авҷгирифтани ҷунбиши зидди исроилӣ ва зидди саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои Амрико, гирдиҳамоӣ донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар коллеҷи Sciences Po Paris дар Фаронса баргузор шуд. Ин донишгоҳ бо донишгоҳи Колумбияи Амрико фаъолияти муштараки омӯзишӣ дорад.

Донишҷӯёни мӯътаризи фаронсавӣ хостори қатъи робита ва ҳамкории ин донишгоҳ бо донишгоҳҳо ва ширкатҳои даргир дар ҷанги Исроил алайҳи Ғазза шуданд.

Донишҷӯёни фаронсавӣ пештар низ таҳти раҳбарии донишҷӯёни донишгоҳи Сорбон дар Париж маркази ин кишвар тазоҳуроти эътирозомези густурдаеро алайҳи Исроил ба роҳандохтанд ва аз давлати Макрон хостанд то аз Исроил дар ҷанги Ғазза ҳимоят накунад ва масъулияти ҳимояти ошкор аз Фаластиниҳоро бар уҳда гирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад