Посухи Русия ба номаи раиси КШНГЗС

Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия ба номаи Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон посух дод.

Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия ба номаи Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон посух дод.

Қаблан КШНГЗС пас аз ҳодисаи хунин ва терористии “Крокус Сити Ҳолле”, ки чандин шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳатто наздикони онҳо дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд, бо ирсоли номае хитоб ба ниҳодҳои марбутаи Русия, дархост карда буд, ки “пайвандони боздоштшудаи ин чаҳор ҷавон фавран озод карда шаванд”. Ва ҳамчунин КШНГЗС тақозо карда буд, ниҳодҳои марбута “ба ин вазъ фаъолона дахолат карда, барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик чораҳои зарурӣ андешад” ва ҳуқуқи онҳо поймол нашавад.

Ҳамчунин аз Омбудсмен хоста шуда буд, ки “ваколатҳои худро барои дидани шахсони гумонбаршуда ва таъмини ҳуқуқи онҳо ба шаъну шараф ва мурофиаи одилона” истифода баранд.

Аммо дар посухи Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия, ки сомонаи КШНГЗС онро нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Омбудсмен “ҳақ надорад ба фаъолиятҳои мақомоти тафтишотӣ дахолат кунад”. Ва ҳамчунин илова шуда, ки ин ниҳод дархости ин кумитаро “ба инобат гирифта“-аст.

Ҳамчунин ин ниҳоди ҳуқуқи инсон дар Русия дар посухаш гуфта, ки “Айни замон, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор чораҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, барои муайян кардани ҳақиқати ҳодиса тамоми чораҳоро меандешанд.“

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, КШНГЗС қароргоҳаш дар Полша, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки барои таҳқиқи қазияи гумонбарони ҳамла ба “Крокус”-и Маскав як ҳайат фиристад. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад