Оғози ҳамкориҳои байналмилалӣ ва транзитӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёти байналмилалӣ ва транзитӣ аз тариқи бандари Чобаҳор созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, созишномаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи нақлиёти байналмилалӣ ва транзитӣ аз тариқи бандари Чобаҳор миёни Шойиста муродзода, муовини вазири нақлиёти кишвар ва Алиакбар Сафоӣ, муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудирияти созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон имзо шуд.

Ин созишнома бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои нақлиётии байналмилалӣ ва транзити чандваҷҳӣ байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расидааст.

Бояд гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон ба роҳбарии муовини вазири нақлиёти кишвар дар сафар ба Теҳрон пас аз мулоқот бо мақомоти аршади созмони бандарҳо ва дарёнавардии ин кишвар аз инфрасохторҳо ва зарфиятҳои транзитии бандари Чобаҳор низ дидор карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад