Ҳабси абад барои омилони ҳамлаи террористии Маскав дар ҷои шабеҳи “тобут”

Дабир иҷроии комиссияи назорати умумии Русия аз муҷозоти бисёр сахт барои омилони ҳамлаи террористӣ ба шаҳри Крокуси Маскав хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, “Алексей Мельников”, дабири иҷроии комиссияи назорати умумии Русия мегӯяд, ки муҷозоти бисёр сахт дар интизори омилони ҳамлаи террористӣ ба толори кансерти «Крокус» дар атрофи Маскав хоҳад буд.

Сервиси назорати молии Федерали Русия рӯзи панҷшанбе эълом кард ин кишвар чаҳор шаҳрванди тоҷикро, ки ҳафтаи гузашта ба толори кансерти Крокус дар наздикии Маскав ҳамла карданд, ба феҳристи террористҳо ва ифротгароён изофа кардааст.

Бино ба эъломи сервиси назорати молии Федерали Русия, асомии чаҳор шаҳрванди тоҷик ба номҳои: Далерҷон Мирзоев, Шамсуддин Фариднӣ, Сидакарми Речабализда ва Мухаммадсобир Файзов ба феҳристи ифротгароёни Русия изофа шуд.

Ба думболи ин баёния, Алексей Мельников таъкид кард: рӯзҳои хубе дар интизори омилони ин ҳамлаи террористӣ нахоҳад буд. Онҳо то охири умр дар маҳфазае шабеҳ ба “тобут” (Ҳуҷраи бо андозаҳои 4 x 6 метри мураббаъ) маҳбус хоҳанд шуд.

Вай изофа кард: онҳо танҳо қодиранд дар ҳолати хамида ва даст ба пушт ҳаракат кунанд. Иҷозаи тамос нахоҳанд дошт ва эҳтимолан дигар ҳаргиз фарзандонашонро нахоҳанд дид. Ҳабси абад ваҳшатовар аст ва дидаам касонеро, ки ба ҳабси абад маҳкум ҳастанд ва аксарашон барои як марги сареъ, илтимос мекунанд.

Вазорати шароити изтирории Русия дирӯз эълом кард, ки то рӯзи панҷшанбе ин ҳамлаи террористӣ дасти кам 143 кушта барҷой гузоштааст.

Сервиси амнияти Федерали Русия 11 нафарро ба занни мушорикат дар ин ҳамлаи террористӣ боздошт кардааст. Ин маргбортарин ҳамлаи террористӣ аст, ки аз авоили даҳаи 2000 токунун дар Русия рух медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад