Артиши Исроил теъдоди захмиёнашро аз оғози ҷанг 3160 нафар эълом кард

Сухангӯи артиши Исроил муддаӣ шуд, ки аз ибтидои ҷанги Ғазза 3 ҳазору 160 низомии ин режими захмӣ шудаанд, ки ҳоли 490 низомӣ вахим мебошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, бо захмӣ шудани 8 низомии исроилии дигар тайи даргириҳои Ғазза, теъдоди захмиҳои эълом шудаи артиши саҳюнистӣ ба 3 ҳазору 160 нафар аз ибтидои ҷанг расидааст.

Бинобар иддаоӣ Даниел Ҳагари, сухангӯи артиши Исроил, аз ин миён 1 ҳазору 523 низомӣ тайи даргириҳои заминӣ дар Ғазза захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин аз ин теъдод шароити 490 низомӣ вахим, 837 нафар мутавассит ва 1 ҳазору 833 низомии дигар ҷароҳати сатҳӣ доранд.

Артиши Исроил пеш аз ин омори куштаҳои худ аз ибтидои ҷангро 597 нафар эълом карда буд, ки аз ин миён 253 нафар аз замони вуруди заминӣ ба Ғазза кушта шудаанд.

Эъломи қатраӣ ва муҳофизакории шадиди артиши Исроил дар эъломи омори талафот, дар ҳолеаст, ки неруҳои муқовимат мизони талафоти ҷонии ишғолгарон дар Ғаззаро чандин баробар медонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад