“Бастаи марг”-и 61 миллиард долларӣ барои Украина

Расонаи туркӣ дар матлабе менависад, бастаи кумакии ҷадиди Амрико ба Украина, роҳе барои тӯлонӣ кардани як даргирии харобиовар ва маргбор аст.

Ба гузориши ба нақл аз Спутник, “Орхан Алтипармек”, сутуннависи нашрияи туркии “dikGAZETE” дар матлабе дар мавриди мавзӯи мубрами кумакҳои ҷадиди Амрико ба Украина менависад, пас аз оғози Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дар 24 феврали 2022, Русия мавриди ҳамлаи иқтисодии бузурги кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт: Таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, мусодираи дороиҳои Русия ва таъйини сақфи қимати нафт. Ғарб ҳамчунин саъй кардааст дар бисёре аз заминаҳо ба мардуми Русия фишор ворид кунад: Варзиш, ҳунар, маҳдудият дар парвозҳо, хуруҷи брандҳои ҷаҳонӣ аз Русия, озору азияти ҳар фарди русӣ дар кишварҳои дигар…

Ва акнун апрели 2024 аст. Маскав ҳамалоти иқтисодиро дафъ карду ҷони солим ба дар бурд. Масирҳои парвозии ҷойгузин эҷод шудааст. Барномаҳои такмилӣ барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти иштиғол дар кишвар тадвин шудааст. Кӯдакону ҷавонон дастрасӣ ба омӯзишро аз даст надоданду бахши муроқибатҳои беҳдоштӣ беҳбуд ёфт. Дар натиҷаи Русия фақат қавитар шуд.

Бо вуҷуди ҳамалоти мукаррари террористии режими Киев, мардуми Русия ҳаргиз рӯҳияи худро аз даст надоданд. Ҳар шаҳрванди русӣ ба хубӣ медонист чи касе пушти ин ё он ҳамлаи террористӣ аст ва тарҷеҳ медод аз ошуб ҷилавгирӣ кунад, ба давлати худ эътимод карду ҳатто бештар ба кишвараш вафодор шуд.

Аз сӯи дигар Украина яъне талошҳои таҳоҷумии номуваффақ, инзивои давлати Владимир Зеленский аз мардум, савганди вафодории он ба кишварҳои ғарбӣ, фишор бар ҷамъияти мардони Украина ва рафтори хашин бо касоне, ки талош мекунанд аз сарбозии иҷборӣ дурӣ кунанд, таҳқир ба сокинони Донбас, даргириҳо дар дохили давлати Киев, буҳронҳои иқтисодӣ ва ошуби иҷтимоӣ. Ва дар шароити ин мушкилот, Зеленский ҳамчунон ба гадоӣ аз кишварҳои ғарбӣ, дар дараҷаи аввал аз Иёлоти Муттаҳида, идома медиҳад.

Дар ҳоле, ки Русия борҳо ба мизи музокира ишора кард, Зеленский тарҷеҳ дод музокира накунад, балки гадоӣ кунад. Маҷмуи кумакҳои ироа шуда тавассути кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украина аз оғози Амалиёти вижаи низомӣ беш аз 143. 2 миллиард доллар будааст. Аз ин миқдор 33 миллиард доллар кумаки низомӣ ва дигар шомили кумакҳои башардӯстона ва бастаҳои дигар мешавад. Ба мардум гуфта нашудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чи миқдор кумаки низомӣ ва башардӯстона ба Украина ирсол кардааст.

Кумаки НАТО, G7 ва Амрико на танҳо даргирӣ дар Украинаро тӯлонӣ кард. Кумакҳои низомии ғарб бархилофи он ки тавассути режим Киев барои ҳамла ба ғайринизомиён истифода мешавад аз кумакҳои молӣ низ бештар дар тарҳҳои фасод истифода мешавад.

Саранҷом, Иёлоти Муттаҳида бо бастаи кумакии 61 миллиард долларӣ ба Украина мувофиқат кард. Аз ин пул миқдори 9 миллиард доллар дар қолаби кумакҳои ғайринизомӣ мунтақил мешавад. Бо ин ҳол, ин низ роҳи ҳалле барои буҳрони Украина нест, зеро режим Киев, ки танҳо аз тариқи ҳимояти хориҷӣ вуҷуд дорад, ин пулро низ харҷ хоҳад кард. Зеленский бо имтиноъ аз баргузории интихоботи демократик ба баҳонаи вазъияти изтирорӣ дар кишвар, соли оянда дубора аз ғарб дархости кумак хоҳад кард. Ва ин  масъала идомадор аст. Ин даргирӣ дар сеюмин соли худ қарор дорад ва мақомоти амрикоӣ, Киевро маҷбур мекунанд то охирин фарди украинаӣ биҷангад.

Кишварҳои ғарбӣ ва режим Киев доиман ҳақоиқи воқеиро нодида мегиранд-русҳо аз ҳамалоти иқтисодӣ наметарсанду қасди ақибнишинӣ надоранд. Маълум нест украиниҳо то чи замоне режими Зеленскийро таҳаммул хоҳанд кард, аммо бастаҳои кумакии ҷадид метавонад боиси эҷоди буҳронҳои ҷадиде дар Украина шавад. Мо тавзеҳи шаффофе дар мавриди наҳваи истифода аз манобеи тахсис ёфта намебинем. Нухбагони украинӣ дар талошанд то тиккае аз кейкро бигиранд, дар ҳоле ки мардум ҳамчунон фақир ҳастанду талафоти неруҳои мусаллаҳи Украина ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

Бо нигоҳе ба ҳамаи инҳо, мушаххас мешавад ки бастаи ҷадиди 61 миллиард долларӣ, дарҳоро ба рӯи музокироти сулҳ мебандаду роҳро ба рӯи мушкили ҷадиде боз мекунад. Ин як бастаи марг аст. Чунин бастаҳои кумакӣ сулҳ намеоварад, балки боиси маргҳои бештар мешавад. Афроди бештаре дар майдони ҷанг кушта хоҳанд шуд, ғайринизомиёни бештаре ранҷ хоҳанд дид, ва дар Украина, ҷое ки амният амалан вуҷуд надорад, нооромиҳои дохилӣ ҳатто мумкин аст рух диҳад.

Танҳо дар сурате ки ғарб Украинаро маҷбур ба музокира бо Русия кунад, имкони гуфтугӯ дар бораи сулҳ вуҷуд хоҳад дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад