Бештар шудани Рушди Иттиҳоди АвруОсиё (ИИАО) аз Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Русия ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст дар ҳамаи бахшҳо мебошад.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Русия ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст дар ҳамаи бахшҳо мебошад.

Ба гузориши манюаъ:

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аз ҷиҳати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз Иттиҳоди Аврупо ба таври назаррас пеш аст.

Ин нуктаро раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин зимни ҳамоиш дар бораи ҳамгироии АвруОсиё дар ҷаҳони бисёрқутбӣ баён дошт.

Вай бо тавсиф аз дастовардҳои иттиҳодия изҳор дошт, ки соли 2023 рекорди гардиши молро нишон дод.

Барои Русия муҳим аст, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯст дар ҳамаи соҳаҳо тавсеа ёбанд ва таҳкими ҳамкории гуманитарӣ низ рушд ёбанд. Ин муносибат бояд дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ инъикос ёбад, гуфт сарвазир.

Русия чун анъана дар Авруосиё мавқеъҳои қавӣ дорад, ки он ба омилҳои бунёдӣ асос ёфтаанд. Консепсияи шарикии бузурги АвруОсиё омода мешавад, илова намуд.

Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.

Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.

Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар мавриди он, ки шомил шудани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба кӣ писанд нест, номзади илмҳои таърих Евгений Коренев назар дод.

Пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасдиқи муваффақияти ин созмон хоҳад буд.

Ин андешаро номзади илмҳои таърих, коршиноси Пажуҳишгоҳи масоили актуалӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии ВКХ Русия, Евгений Коренев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.

Вай гуфт:

“Фишори муайяне аз берун вуҷуд дорад, ки на ҳама мехоҳанд ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ИИАО шомил шаванд, ин як навъ тасдиқи муваффақияти иттиҳод хоҳад буд”.

Ба андешаи коршинос, як қатор сохторҳои номатлуб бо аҳолӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, барои эҷоди муносибати манфӣ нисбат ба ИИАО кор мекунанд.

Коренев гуфт:

“Аз ин рӯ, кишварҳои ИИАО низ дар навбати худ бояд рӯзномаи иттилоотиро ба таври муайян таҳия кунанд, то дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки мо бо онҳо фаъолона ҳамкорӣ дорем, равандҳои манфие набошанд, ки ба рӯҳияи сокинон таъсири манфӣ расонанд”.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.

Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.

Дар миёнаҳои моҳи август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.

Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад