Маскав мизбони ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону Русия

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Русия дар Маскав баргузор шуд.

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Русия дар Маскав ва ба раёсати муовинони ниҳодҳои дипломатики ду кишвар баргузор шуд.

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Русия таҳти риёсати Содиқ Имомӣ ва Мехаил Голузин, муовинони ниҳодҳои дипломатики ду кишвар барпо шуд.

Дар ҷараёни ин музокирот, ки дар Маскав баргузор шуд, масоили ҷории равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар ҳавзаҳо ба тафсил баррасӣ шуд.

Дар бахши дигари ин музокирот дар бораи таомули ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва масоили марбут ба амнияти минтақаӣ баҳс ва табодули назар шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад