Попи Франсис: Сулҳ аз тариқи музокира беҳтар аз ҷанги бепоён аст

Попи Франсис дар мусоҳибае ба сулҳ дар саросари ҷаҳон ба вижа дар Украина ва Ғазза даъват ва таъкид кард: “Сулҳ аз тариқи музокира беҳтар аз ҷанги бепоён аст.”

Ба гузориши ТоҷикПресс, Попи Франсис, пешвои католикҳои ҷаҳон дар мусоҳибае баён кард: “Ҳамаи кишварҳое, ки дар вазъияти ҷанг қарор доранд, ҷангро мутаваққиф кунанд. Ба дунболи музокира боше.”

Вай афзуд: “Ҳар рӯз бо мардуми Ғазза тамос мегирад то ранҷҳои онҳоро гӯш диҳад.”

Поп идома дод: “Ба ман хабар додаанд, ки чи иттифоқҳое дар ҳоли рух додан аст; хеле сахт аст ғизо тамом мешавад ва онҳо бояд барои он биҷанганд.”

Попи Франсис дар бораи кӯдаконе, ки дар ҷангҳо кушта мешаванд, гуфт: “Ин кӯдакон намедонанд читавр лабханд бизананд. Лабханд заданро фаромӯш кардаанд. Хеле сахт аст, ки кӯдак фаромӯш кунад лабханд бизанад. Ин воқеан хатарнок аст.”

Бо гузашти беш аз 200 рӯз аз ҷанги Ғазза ва ҳамлаҳову ҷиноятҳои бераҳмонаи Исроил ба мардуми зулмдидаи Фаластин, мутаассифона мақомот ва ниҳодҳои мухталифи байналмилалӣ танҳо бо нашри изҳорнома ва баёни мавзеи худ иктифо мекунанд дар ҳоле, ки ҳеҷ иқдоми ҷиддӣ ва пешгиронаеро барои таваққуфи ҷиноятҳо дар Ғазза ба саранҷом намерасонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад