Русия муҷаввизи истифода аз акси мӯҳаҷҷаба дар паспорти мусулмононро содир кард

Вазорати кишвари Русия эълом кард ин кишвар қавонеро барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба думболи тобеият ҳастанд ислоҳ карда ва онҳо иҷозаи истифода аз русарӣ ва ҳиҷоб дар акси паспортро доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Русия ал-Явм, вазорати кишвари Русия эълом кард аз ин пас бонувони хориҷие, ки ба думболи касби тобеияти ин кишвар ҳастанд метавонанд аз акси дорои ҳиҷоб барои паспорти худ истифода кунанд.

Қонуни ҷадид аз таърихи 5 май яъне 10 рӯз пас аз интишор лозимулиҷро мешавад.

Дар ин иттилоия омадааст: дар мавориде, ки эътиқодоти мазҳабӣ мутақозии иҷозаи ҳузури бидуни пӯшиш дар муқобили бегонагонро намедиҳад, аксҳо бояд бо пӯшиш бошад, ки гирдии суратро пинҳон накунад. Бар асоси ин гузориш, аксҳои бо русарие, ки факи мутақозиро ба таври комил ё ҷузъӣ бипушонад пазируфта нахоҳад шуд.

Мақомот дар ҳоли ҳозир ба шаҳрвандони русӣ иҷоза медиҳанд ҳангоми дархости паспорт, гувоҳиномаи ронандагӣ ва муҷаввизи кор аз аксҳои бо ҳиҷоб истифода кунанд.

Бойсултон Хамзаев, узви кумитаи мубориза бо фасоди парлумони Русия гуфт: қавонини ҷадид ба мусулмонон иҷоза медиҳад то боварҳои мазҳабии худро риоят кунанд ва дар айни ҳол масоили амниятиро лиҳоз мекунад зеро тасвири комили чеҳра барои шиносоӣ тавассути системҳои назорати тасвирӣ лозим аст.

Дар замони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, тамоми аксҳои паспорт бидуни русарӣ ва ҳиҷоб буд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991, занони мусулмон шурӯъ ба истифода аз акси бо ҳиҷоб карданд то инки дар соли 1997 мақомот ин амалро мамнуъ карданд. Дар соли 2003, додгоҳи олии Русия ин мамнуъиятро ғайриқонунӣ ташхис дод. Аз соли 2021, ислоҳияе дар шароити гузарнома лиҳоз шуд, ки баён мекунад афроде, ки дин ба онҳо иҷоза намедиҳад бидуни пӯшиши сар бошанд метавонанд аксҳои мӯҳаҷҷаба ирсол кунанд.

Дар Русия дини беш аз 15 миллион нафар Ислом аст, ки бахши умдае аз онҳо дар манотиқи Волга ва Урал ва дар теъдоде аз манотиқи Сибир, бахши Аврупоӣ Русия ва Қафқози Шимолӣ зиндагӣ мекунанд.

Аксари мусулмонон дар бахши Аврупоии Русия, минтақаи Волга, минтақаи Урал ва Сибир аз назари қавмӣ ба миллатҳои Татар ва Башкирӣ тааллуқ доранд ва суннӣ ва ҳанафӣ ҳастанд.

Мардуми Қафқози Шимолӣ ҳам мактаби Шофеиро пазируфтаанд ва Исломи сӯфиёна умдатан дар Қафқози Шимолӣ, Доғистон ва Чичен густариш ёфтааст ва фирқаҳои сӯфиёна нақшбандия ва қодирия ҳанӯз таъсири зиёде дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии ин манотиқ дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад