Дурӯғ будани шиори озодии баён дар Ғарб ва ба хусус Амрико

Эътирозҳо ба ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар Ғазза дурӯғпардозии Ғарб дар заминаи тамаддун, фарҳанг, ҳуқуқи башар, демократия ва озодии баёнро бармало кард.

Дар рӯзҳои ахир дунё дид, ки неруҳои амниятӣ ва полиси Ғарб чигуна бо хушунат, эътирозоти донишҷӯён ва инқилоби донишҷӯёнро дар вокуниш ба қатли омми мардуми Ғазза, ки аз сӯи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва бо ҳимояти куркӯронаи Ғарб анҷом мешавад, саркӯб карданд.

Дунё дид, ки полиси Амрико, устодон ва донишҷӯёнро пас аз андохтан дар рӯи замин ба баҳонаи «яҳуди ситезӣ» ҳадафи ҳамлаи ваҳшиёна қарор дод ва дастгир кард бо инки қонуни асосии Амрико ба онҳо ҳаққи мутлақ дар заминаи озодии баён ва озодии баргузории таҷаммӯъоти мусолиматомезро эъто кардааст.

Дар Аврупо низ тазоҳуроти эъломи ҳимоят аз Фаластин аз сӯи полиси ин кишвар саркӯб ва андешамандон ва фаъолони ҳомии Ғазза дар кишварҳои монанди Фаронса, Утриш ва Олмон боздошт шуданд ва дар Нидерланд беш аз 300 фаъолият ба иттиҳоми душманӣ бо (яҳуди ситезӣ) саркӯб шуд.

Тамаддуни Ғарб, ки иддао дорад на фақат мудофеъи ҳуқуқи инсон балки мудофеъи ҳуқуқи ҳайвонот низ ҳаст, дар баробари ҷиноёти режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғазза на фақат сокит аст балки ҳар шахсеро, ки аз давлати Амрико бихоҳад барои таваққуфи қатли омми мардуми Ғазза, ирсоли силоҳ барои режими палод ва ҷинояткори саҳюнистиро мутаваққиф кунад, мавриди зарбу шатм қарор дода ва боздошт мекунад.

Дар Ғарб метавон эътиқодоти динии ду миллиард инсонро масхара кард, аммо интиқод аз ҳимояти куркӯронаи Ғарб аз режими палиди саҳюнистӣ ё тақбеҳи терроризми исроилӣ мамнуъ буда ва зиддият бо падидаи (яҳуд) талаққӣ мешавад.

Бар ҳамин асос аст, ки садоҳои мунтақиди терроризми режими палиди саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои Амрико аз сӯи донишҷӯён ва устодон бо хушунат саркӯб мешавад.

Ба ҳамин далел аст, ки Нетаняҳу инқилоби донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико алайҳи терроризми саҳюнистиро зиддият бо саҳюнист хонд, аммо Берни Сандерс сенатори демократ ба вай гуфт: ин инқилоб зиддият бо режими Исроил ё барои таъйиди Ҳамос нест балки барои баёни ин воқеият аст, ки давлати ифротгарои шумо дар 6 моҳи гузашта 34 ҳазор фаластиниро ба қатл расонда, беш аз 77 ҳазор нафарро захмӣ карда, ки 70 дарсади онон занон ва кӯдакон ҳастанд.

Ба ҳаинхотир, имрӯз шиорҳои монанди ҳаққи Исроил барои мавҷудият ва зиддият бо Исроил дар ҷомеаи Амрико ба вижа донишгоҳҳои ин кишвар ба шиорҳои монанди мубориза бо апартайд, қатли ом ва поксозии нажодӣ табдил шудааст.

Дурӯғи Ғарб дар бораи озодии баён чунон ошкор ва равшан аст, ки намояндагони донишҷӯёни мӯътаризи ҳомии Фаластин дар Донишгоҳ Колумбия эълом карданд, ки пас аз як музокираи 11 соата бо мақомҳо ва мудирони ин донишгоҳ, ҳатто бо тақозои аввалияи онҳо мабнӣ бар вогузарии сармояҳои молӣ ва қатъи ҳимоятҳои иқтисодӣ аз Исроил мувофиқат нашудааст.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Колумбия эълом карданд, ки бо мудирони ин донишгоҳ дар бораи расидан ба як тавофуқи аввалия ба бунбаст расидаанд. Онҳо таъкид карданд қасд доранд то замони расидан ба хостаҳояшон ба таҷаммӯъоти эътирозии худ алайҳи режими ҷинояткори Исроил идома диҳанд. Ин дар ҳоле аст, ки мудирони Донишгоҳи Колумбия пештар гуфта буданд музокирот бо намояндагони донишҷӯӣ пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе дорад.

Донишҷӯёни донишгоҳи Колумбия аз масъулони он хостанд дар нахустин иқдоми худ барои расидан ба як тавофуқ бо мӯътаризон, мутааҳҳид шаванд то сармояҳои иқтисодии ин донишгоҳро дар эътироз ба ҷиноёти режими Исроил дар Ғазза аз сарзаминҳои ишғолӣ хориҷ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Минуш Шафиқ, раиси Донишгоҳи Колумбия, рӯзи ҷумъа бо сарзаниши қобили таваҷҷуҳе аз сӯи асотиди ин донишгоҳ рӯ ба рӯ шуд.

Ба асоси гузоришот, таҷаммӯъоти эътирозии донишҷӯӣ нишонаи хашм ва нигаронии физояндаи виҷдонҳои бедор дар Амрико, аз ҷумла ҷомеаи мусулмони он кишвар ва низ нигарониҳои рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба истимрор ва тақвияти ҳимояти молӣ, сиёсӣ ва таслиҳотӣ ва густурдаи давлат ва Конгресси Амрико аз ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушӣ дар Фаластин тавассути режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқи башар ва дархостҳои байналмилал аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад