Чин: НАТО масъули аслии ҷанги Украина аст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин эълом кард, ки НАТО масъули аслии ҷанги кунунӣ дар Украина аст.

Ба гузориши хабаргузории “Роша Тудей”, “Ван Венбин” сухангӯи вазорати хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа эълом кард, ки НАТО мустақиман масъули даргирии Украина аст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар як нишасти матбуотӣ дар вокуниш ба интиқодоти матраҳ шуда аз сӯи дабири кулли НАТО таъкид кард, ки изҳороти дабири кулли НАТО сиҳат надорад ва чизе ҷуз шоеа нест.

Ван Венбин таъкид кард, ки Чин буҳрони Украинаро оғоз накарда ва масъулияти НАТО дар қиболи он ғайриқобили тағйир аст.

Вай афзуд, ки НАТО бояд дар мавриди нақши худ дар ҷанги Украина тааммул кунад, даст аз сарзаниши дигарон бардорад ва иқдоми амалӣ барои пешбурди роҳи ҳалли сиёсиро дар пеш бигирад.

Дабири кулли НАТО дирӯз Пекинро муттаҳам кард, ки аз тавлиди таслиҳоти низомии Русия аз тариқи содироти қатаот бо корбурди дугона ба ин кишвар ҳимоят мекунад.

Йенс Столтенберг гуфт: Чин мегӯяд хоҳони равобити хуб бо Ғарб аст ва дар айни ҳол ҳамчунон ба доман задан ба бузургтарин даргирии мусаллаҳона дар Аврупо пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум идома медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад