Қуръони Карим; дар феҳрасти серфурӯштарин китобҳои ҷаҳон

Марказҳои пажӯҳишии марбут ба мониторинги вазъи фарҳангӣ Қуръони каримро аз серфурӯштарин китобҳо дар ҷаҳон унвон кардаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзи 23 апрел баробар бо рӯзи ҷаҳонии китоб буд, ки ҳамасола аз сӯи ЮНЕСКО гиромӣ дошта мешавад, аз сӯи пажӯҳишҳои муртабит бо вазъияти китобхонӣ, густариши китобхонаҳо, тарвиҷи китобхонӣ ва китобҳои серфурӯш низ маъмулан дар ин айём интишор меёбад.

ЮНЕСКО дар рӯзи ҷаҳонии китоб, бо ҳамкории соири созмонҳои байналмилалии муртабит бо китоб, шаҳреро ба унвони пойтахти байналмилалии китоб интихоб мекунад.

Ҳадаф аз интихоби чунин шаҳре ташвиқи мардум ба таври ом ва ҷавонон ба таври хос барои кашфи лиззати мутолиа ва эҳтиром ба осору донишест, ки нависандагон дар тӯли асрҳо офаридаанд. Илова бар ин бо ҳадафи густариши фарҳанг дар байни мардум, пойтахти китоби мунтахаби ҳарсол мутааҳҳид мешавад, ки китобхониро тарвиҷ кунад ва мизони мутолиа дар гуруҳҳои суннӣ ва ҷамъиятии мухталиф дар дохилу хориҷ аз кишвар боло бибарад. Ҳамчунин давлате, ки пойтахти китоби мунтахаб дар он аст мутааҳҳид мешавад, ки дар он сол барномае аз фаъолиятҳои фарҳангӣ омода кунад.

Дар Рӯзи ҷаҳонии китоби имсол, мудури кулли ЮНЕСКО пойтахти ҷаҳонии китоб дар соли 2024-ро шаҳри Аккра дар Гана интихоб кард.

Бархилофи пешрафти фанноварӣ ва дастрасии мардум ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, китобҳо ҳануз дар саросари ҷаҳон бисёр маҳбуб ҳастанд. Ҳар сола ноширон дар саросари ҷаҳон ҳазорон китоб мунташир ва бархе аз онҳо барои дастёбӣ ба серфурӯштарин китобҳо бо якдигар рақобат мекунанд.

Марказҳои пажӯҳишӣ дар ҷаҳон эълом карданд, Қуръони Карим аз серфурӯштарин китобҳо дар ҷаҳон ва ба вижа дар кишварҳои исломӣ будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад