Шеъри форсӣ расонаи камназиру қудратманд дар даврони ҷанги расонаӣ аст

Дишаб (25 марти 2024) ва дар шаби понздаҳуми моҳи шарифи рамазон солрӯзи вилодати босаодати Карими Аҳли байти Расули Худо (с) ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (Саломи Худо бар ишон бод) ҷамъе аз шоирону аҳолии фарҳанг ва адаби форсӣ бо раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ дидор карданд. Дар ин дидор 40 нафар аз шоирони ҷавон ва пешқадам сурудаҳои худро дар мавзуоти мухталифи динӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ хонданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ баъд аз шеърхонии шоирон, бо ибрози хурсандӣ аз идомаи пешрафт ва рӯ ба авҷ будани шеъри форсӣ, шеърро расонаи муҳим ва таъсиргузор дар даврони ҷанги расонаӣ хонда ва гуфт: Дар ин арса бояд аз мероси камназири шеъру адаби форсӣ ба унвони расонаи қудратманд ва асаргузор ва нофиз ба беҳтарин сурат истифода шавад ва паёмҳои динӣ, тамаддунӣ, эронигарӣ ва истодагӣ ва шуҷоат ба афкори умумии дунё мунтақил шавад.

Ишон афзуд: Албатта, шарти асаргузории расонаи шеър, ҳунарӣ будани он аст ва ҳунарӣ будан низ машрут ба «алфози маҳкаму устувор», «мазмунёбӣ» ва «кайфияти баёни мавзуъ» аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, интихоби паёми муносиб ва муфидро шарти дигар барои асаргузорӣ ва мондагории шеър хонду гуфт: Расонаи шеър бояд интиқолдиҳандаи паёми «дину ахлоқ», «тамаддун» ва «эронигарӣ» бошад.

Ишон паёми истодагии шуҷоонаи миллати Эрон дар муқобили зулму зиёдаталабии зӯргӯёни ҷаҳонӣ ва мазоҳири он яъне Амрико ва саҳюнистҳоро аз ҷумла паёмҳои мумтозу қобили интиқол донисту хотирнишон кард: Паёми истодагии миллати Эрон ва баёни сареҳ ва бемулоҳизаи мавозеъ дар муқобили мустакбирон, бисёр муҳим ва барои мардуми дунё шавқангез аст, ки намунаҳои истиқбол аз ин мавозеъ дар сафарҳои хориҷии руасои ҷумҳур ва суханронии онҳо дар иҷтимооти мардумӣ вуҷуд доштааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҷаласаи солона бо шоиронро ҷаласаи хуб ва бобаракат хонд, аммо таъкид кард: Ин ҷаласа набояд ҷаласаи зинатӣ бошад, балки зарурӣ аст, ки имтидод дошта бошад ва бо дунбол кардани матолибе, ки дар он матраҳ мешавад, ба таъмини мақосид ва аҳдофи мавриди назар дар заминаи эътилои шеър кумак шавад.

Ишон дар идома ба баёни чанд тавсия хитоб ба шоирону дастандаркорони шеъру адаби форсӣ пардохта ва дар тавсияи аввал бо ишора ба заъфи тарҷума ва баргардонии ашъори хубу қавии форсӣ ба дигар забонҳо гуфт: Шеъри хуб бояд дар маърази истифодаи афкори умумии дунё қарор бигирад, бинобар ин бояд наҳзати тарҷума эҷод шавад то ашъор бо насри шоирона, гӯё ва қавӣ дар ихтиёри дигарон қарор бигирад, ки ин кори муҳиму сахт, кори давлат аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар зарурати унс бо шеър аз даврони кӯдакӣ то навҷавонӣ ва ҷавонӣ, ворид кардани беш аз пеши ашъор дар китобҳои дарсӣ ба унвони бахше аз абзори интиқоли тамаддун, фарҳангу маорифро вазифаи вазорати омӯзиш ва парвариш баршумурд.

«Тақвияти ҳофизаи адабии мардум ва халлоқ кардани зеҳни ҷавонон дар истифодаи баҷо ва дуруст аз ашъор ва таъкид бар мутолиа ва дарсомӯзӣ аз осори шеърии шоирони барҷаста ду тавсияи дигари ишон буд.

Ишон бо ибрози таассуф аз мазлум воқеъ шудани забони форсӣ дар баробари ҳуҷуми луғоти бегона, дар тавсияи дигар, посдошти ин забони пуркашишу қобили тавсеаро мавриди таъкид қарор дода ва гуфт: Дар муқобили ин ҳаҷма бояд калимоти муодили форсӣ, ки баъзан бисёр зеботару истеъмоли онҳо осонтар аст, истифода шавад ва бо костан аз луғоти фарангӣ, ба хулуси забони форсӣ афзуда шавад.

Дар ибтидои ин дидор ҷамъе аз шоирон, сурудаҳои худро, ки ба сурати китоби чопшуда, ба ишон муаррифӣ карданд.

Аз ҷумла ашъоре, ки дар ин дидор қироат шуд, шеърҳое дар васфи имом Ҳасани Муҷтабо, имом Маҳдӣ ва тавсифи мазлумияти мардуми Ғазза ба вижа занону кӯдакон, дар ситоиши «падару модар» ва ҳамчунин бархе мавзуоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд.

Дар ибтидои ин дидор намози ҷамоат ба имомати оятуллоҳ Хоманаӣ иқома шуд.

 

25 марти 2024

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад