Расонаи амрикоӣ: Нисфи аъзои ДИИШ-и Хуросон шаҳрвандони Тоҷикистонанд

Расонаи “New York Times” бо ишора ба нақши назарраси аъзои тоҷикистонии ДИИШ-и Хуросон дар ҳамалоти ахири он муддаӣ шуд ниме аз аъзои ин гуруҳи террористии шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “New York Times” дар гузорише бо ишора ба нақши физояндаи аъзои тоҷикистонии ДИИШ-и Хуросон дар бораи ҳамалоти ахири ин гуруҳи террористӣ навишт: Танҳо дар соли гузашта, тоҷикҳо дар ҳамалоте дар Русия, Эрон ва Туркия ва ҳамчунин нақшаҳое барои анҷоми ҳамалот дар Аврупо, ки пеш аз анҷом пешгирӣ шуд, дахолат доштанд.

Гузориш афзуд: Коршиносон мегӯянд гумон меравад ДИИШ-и Хуросон чандин ҳазор неру дошта бошад, ки тоҷикҳо беш аз ниме аз онҳоро ташкил медиҳанд.

Расонаи амрикоии “New York Times” таъкид кард ончи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар баробари ҷазб тавассути ДИИШ осебпазир мекунад, низоми кунунӣ, динситезӣ ва фақри физоянда дар ин кишвар аст, ки ба норизоятиҳо доман мезанад ва миллионҳо коргари муҳоҷирро ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар дар хориҷ аз ин кишвар мекашонад.

Муҳаммад Ёқӯб Муҷоҳид, вазири дифоъ ва раиси кумиссиюни умури амниятии ҳукумати Толибон пеш аз ин гуфта буд шаҳрвандони тоҷикистонӣ ва покистонӣ дар ҳамалоти ДИИШ бар масоҷид, маъбадҳо, уламои мазҳабӣ ва маконҳои умумӣ дар Афғонистон нақш доштаанд.

Вай ҳамчунин тасреҳ карда буд шумори зиёде аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ ва покистонӣ дар амалиёти неруҳои Толибон кушта ва шуморе ҳам боздошт шудаанд.

Вазири дифои ҳукумати Толибон ҳамчунин аз кишварҳои Тоҷикистону Покистон хоста буд то марзҳояшонро кантрол кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад