Путин: “терроризм бузургтарин хатари қарни 21-ум аст”

Раисҷумҳури Русия гуфт: бархе кишварҳо нақши иттилоотӣ дар ҳамлаҳои террористӣ доранд.

Раисҷумҳури Русия гуфт: бархе кишварҳо нақши иттилоотӣ дар ҳамлаҳои террористӣ доранд.

Ба нақл аз Соно, раисҷумҳури Русия гуфт, ки ҳамлаҳои террористии гурӯҳҳои ифротӣ, аз сӯи созмонҳои иттилоотии бархе кишварҳо ҳимоят мешавад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия эълон кард: терроризм ҳамчунон яке аз хатарноктарин таҳдидҳо дар қарни бисту якум аст. Ҳадаф аз ҳамлаҳои террористие, ки созмонҳои иттилоотии бархе кишварҳо дар он дахил ҳастанд, аз байн бурдани пояҳои қонунӣ ва барҳам задани суботи кишварҳои дорои ҳокимият аст. Бешак муҳимтарин шарти тақвияти ҳокимияти кишварҳо ва амнияти онҳо ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ ва дифоъ аз онҳо аст.

Раисҷумҳури Русия таъкид кард ҳамонтавр, ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад кишварҳое, ки ҳувияти миллии худро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги худ пойбанд ҳастанд, ба шакли ҳамоҳанг ва мустақил пешрафт мекунанд.

Путин бо ишора ба ҳамлаи террористии ахири Маскав афзуд: шеваҳои ҷинояткорон печидатар ва ваҳшиёнатар шудааст, ки ин масъала як бори дигар дар ҳамлаи террористии хунбори 22 март дар Маскав худро нишон дод.

Раисҷумҳури Русия таъкид кард: созмонҳои иттилоотӣ ва ожонсҳои иҷрои қонуни ҳувияти омилони ин ҳамлаи террористӣ ва созмондиҳандагони онро мушаххас мекунанд ва ҳеҷ як аз онҳо набояд аз муҷозот дар амон бимонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад