Беларус: Омодаи мизбонии музокироти сулҳ байни Украина ва Русия ҳастем

Вазири хориҷаи Беларус эълом кард, ки ин кишвар омодагӣ дорад то мизбони гуфтугӯҳои сулҳ байни Украина ва Русия бошад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” Сергей Алиник, вазири умури хориҷаи Беларус имрӯз душанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Спутник” эълом кард, ки Беларус омодаи мизбонии музокироти сулҳ дар бораи Украина аст, аммо ҳама чиз ба иродаи сиёсии Киев бастагӣ дорад.

Вай дар инбора гуфт: дарҳои мо барои музокироти сулҳомез боз аст. Онҳо ҳамеша боз буда ва боз хоҳанд монд. Мо ҳамеша омодаи мизбонии музокирот дар хоки Беларус хоҳем буд, ки умедворем ба бозгардондани сулҳ ва поён додан ба хунрезӣ дар Украина кумак кунад.

Вазири умури хориҷаи Беларус таъкид кард: Мо ба иродаи сиёсии раҳбарии Украина такя хоҳем кард… Мо мебинем ва таваҷҷуҳ мекунем, ки мардуми Украина имрӯз ба таври физояндае мехоҳанд сулҳро бозгардонанд ва ба ранҷе, ки бо он рӯбарӯ ҳастанд поён диҳанд. Аммо ҳама чиз ба тасмими сиёсатмадорони ин кишвар бастагӣ дорад.

Сергей Алиник рӯзи шанбе эълом кард, ки ибтикори Швейтсария барои баргузории нишаст дар бораи Украина дар 15 ва 16 июн бидуни мушорикати Русия ва Беларус «бемаъне» аст ва таъкид кард, ки дастёбӣ ба натоиҷ дар чунин нишасте имкон пазир нахоҳад буд.

Вай бо баёни инки Беларус барои ширкат дар ин нишаст даъватномае дарёфт накардааст, афзуд: фарзи мо ин аст, ки ҳаргуна ҳаллу фасли мусоламатомези ин муноқиша ва ҳаргуна баҳс дар мавриди масоили амниятии Аврупо ва Евразия бидуни мушорикати Русия ва Беларус мутлақан бефоидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад