Чаро саҳюнистҳо ҷуръати муқобила бо ҳамлаҳои Яманро надоранд?

Як таҳлилгари барҷастаи ҷаҳони араб бо ишора ба шигифтиҳои ҷадиди ҷабҳаҳои муқовимат дар ҷанг бо душмани саҳюнистӣ, ба далелҳое ишора кард, ки сабаб шудааст, саҳюнистҳо ҷуръати ҳеҷ вокунише ба амалиётҳои Яманро надошта бошанд.

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии рӯзномаи фароминтақавии “Раъй-юл-яавм”, Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари барҷастаи ҷаҳони араб ва сардабири рӯзномаи “Раъй-юл-яавм” дар мақолаb ҷадидb худ ба амалиётҳои неруҳои мусаллаҳи Яман зидди киштиҳои саҳюнистӣ ишора карда ва навишт, ки Абдулмалик Ҳавсӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи панҷшанбе дар суханронии худ эълон кард, ки неруҳои мусаллаҳи Яман бо тамоми силоҳҳои худ иҷрои марҳалаи чаҳоруми амалиётҳои зидди режими саҳюнистиро оғоз кардаанд ва ҳамаи киштиҳое, ки ба самти бандарҳои Фаластини ишғолӣ ҳаракат мекунанд, бидуни таваҷҷуҳ ба миллити онҳо дар ҳамаи дарёҳо аз ҷумла дарёи Медитарона ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Сабабҳои нотавонии режими саҳюнистӣ дар муқобила бо Яман

Атвон афзуд, ки ин эълони раҳбари Ансоруллоҳ мутобиқ бо густариши доманаи ҷангмеҳвари муқовимат алайҳи режими ишғолгар ва бандарҳои он дар чандин ҷабҳа аст; бидуни таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои музокираҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар Қоҳира барои расидан ба тавофуқи оташбас дар Навори Ғазза дар ҳоли анҷом аст. Дар инҷо қабл аз пардохтан ба ҷузъиёт лозим аст як саволи бисёр муҳим матраҳ шавад ва он, ин аст, ки чаро режими ишғолгар ҳаргиз ба ҳамлаҳои артиши Яман, хоҳ алайҳи киштиҳои саҳюнистӣ дар Дарёи Сурх ва Халиҷи Адан ва Уқёнуси Ҳинд ва хоҳ алайҳи бандари Илот посухе намедиҳад?

Ин таҳлилгари фаластинӣ идома дод, посухи ин савол марбут ба тарсу ваҳшате аст, ки режими ишғолгар дар он қарор дорад ва ин режимро водор мекунад, то аз гушӯдани ҳар ҷабҳае бо Яман ва кашондани ин кишвар ба доираи ҷанги густарда худдорӣ кунад. Дар ин миён лозим аст таваҷҷуҳ дошта бошем, ки режими саҳюнистӣ аз замони оғози ишғолгарӣ дар Фаластин ба кишварҳои арабии гуногуне таҷовуз кардааст, аммо токунун ҷуръати шиллики ҳатто як гулӯла ба самти Яманро надоштааст.

Дар идома ин мақола омадааст, ки исроилиҳо, чӣ сиёсатмадорони он ва чӣ мақомоти низомии ин режим ба хубӣ аз шуҷоат ва устувории яманиҳо ва иззати нафси онҳо ва адами тарси яманиҳо аз марг огоҳанд ва ба хубӣ медонанд, ки мардуми Яман ҳамвора омодаи шаҳодат дар роҳи дифоъ аз сарзамини худашон ҳастанд ва ба хотири ҳамин вижагиҳои миллати Яман аст, ки онҳо дар ҳамаи набардҳо ва ҷангҳое, ки бо мутаҷовизон доштаанд, бидуни ҳеҷ истисно пирӯз шудаанд. Яманиҳо касоне буданд, ки ба афсонаи мушакҳои Потриют, ки ифтихори санъати Амрико буд, поён доданд ва ҳамаи нақсҳои сомонаи Потриюти Амрико дар заминаи дифоиро фош карданд.

Абдулборӣ Атвон идома дод, ки баъд аз он Эрониҳо зарбаи ниҳоиро ба сомонаҳои падофандии Амрико ворид карданд; ҷое, ки мушакҳои эронӣ дар амалиёти “Ваъдаи содиқ” ду пойгоҳи ҳавоии артиши режими саҳюнистиро дар қалби Нақб ҳадаф қарор доданд, ки яке аз онҳо дар ҳамсоягии роктури ҳастаии Димуно қарор дошт. Бинобарин метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки чаро режими ишғолгар ахиран эълон кард, ки истифода аз ҳамаи сомонаҳои мушакии Потриюти Амрикоро канор мегузорад ва ин режим аланан ба шикаст дар муқобила бо мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ, ки дар амалиёти “Ваъдаи соди” истифода шуда буданд, эътироф кард. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи мақомоти эронӣ мушакҳое, ки дар ин амалиёт истифода шуданд, дар муқоиса бо дигар мушакҳои Эрон бисёр заифтар ҳастанд ва Эрон қудрати воқеии мушакҳо ва паҳподҳои худро ҳоло ба намоиш нагузоштааст.

Шигифтиҳои ҷадиди муқовимат зидди саҳюнистҳо

Ин таҳлилгари арабзабон дар идомаи ёддошти худ бори дигар ба амалиётҳои неруҳои мусаллаҳ Яман алайҳи киштиҳои режими саҳюнистӣ ё киштӣҳое, ки ба мақсади Фаластини ишғолӣ ҳаракат мекунанд, ишора ва таъкид кард, ки интиқоли неруҳои мусаллаҳи Яман ба марҳалаи чаҳорум аз амалиётҳои зидди саҳюнистии худ дар чорчуби ташдиди раванди амалиётҳои меҳвари муқовимат дар миқёси густарда ва васеъ дар чанд ҷабҳа дар шароите аст, ки барои нахустин бор муқовимати исломии Баҳрайн мустақиман вориди набард бо ишғолгарон шуд ва паҳподҳои худро ба самти Илоти ишғолӣ фиристод.

Аз сӯи дигар муқовимати исломии Ироқ дар сояи идомаи амалиётҳои зидди саҳюнистии худ чанд рӯзи қабл барои аввалин бор Телавивро мушакборон кард. Дар ин миён муқовимати Лубнон амалиётҳои худро вориди даври бисёр пешрафтае карда ва мушакҳои Ҳизбуллоҳ барои аввалин бор ба шаҳри ишғолии Ако расид ва мо баид намедонем, ки мушакҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба зудӣ ба худи Ҳайфо ҳам бирасанд ва шояд суханронии Сайидҳасан Насруллоҳ, ки асри Душанбеи оянда анҷом хоҳад шуд, шомили шигифтиҳое дар ин бора бошад.

Абдулборӣ Атвон илова кард, ки мо ҳамаи иттилоот ва ахбори нашршударо дар бораи инки мумкин аст музокироти Қоҳира сабаби тавофуқи оташ бас дар Навори Ғазза ва сипас поёни ҷанг шавад, думбол мекунем ва ба хубӣ медонем, ки раҳбари муқовимат дар Навори Ғазза ба ҳамаи шартҳои худ дар заминаи барқарории оташбаси доимӣ ва ақибнишинии комили ишғолгарон аз заминҳои Ғазза пойбанд буда ва ҳамаи фишорҳои Амрико аз тариқи миёнҷиҳои мисрӣ ва қатарӣ алайҳи муқовимат бо ҳадафи таслим кардани он дар музокирот ва ақибнишинӣ аз хостаҳои аслии худ шикаст хӯрдааст.

Дар поёни ин ёддошт омадааст, ки агар тавофуқи оташбас ба зудӣ анҷом шуданӣ бошад, чаро мақомоти амрикоӣ шурӯъ ба барчидани бандари муваққати худ дар Навори Ғазза карданд ва давлати Қатарро таҳти фишор қарор доданд, то дафтарҳои Ҳамосро дар ин кишвар бубандад ва раҳбарони Ҳамос дар хориҷро, ки мақарри онҳо дар Доха аст, ихроҷ кунад? Дар инҷо роҳкори Яман беҳтарин ва кӯтоҳтарин роҳ барои посух додан ба арбадакашиҳои Исроил ва шикастани истикбори ин режим ва ҳамчунин Амрико аст. Яманиҳо собит кардаанд, ки ҳар ончизеро, ки мегӯянд, анҷом медиҳанд ва ба ҳамин далел аст, ки шунидани исми Яман ларза ба андоми мақомоти режими ишғолгар меандозад ва сабаб шудааст, ки саҳюнистҳо аз боз кардани ҳаргуна ҷабҳаи мустақим бо Яман парҳез кунанд; зеро медонанд, ки ин масъала сабаби шитоб дар нобудии Исроил хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад