Исроил дар ҳар ҷанге бо Ҳизбуллоҳ бозанда аст

Як афсари иттилооти собиқи туфангдорони дарёии Амрико бо ишора ба инзивои ҷаҳонии режими саҳюнистӣ баъд аз ҷиноёте, ки алайҳи мардуми Фаластин муртакиб шуда таъкид кард, ки муқовимати миллати Фаластин табдил ба як воқеияти ҷаҳонӣ шуда ва Исроил дар ҳар ҷанге бо Ҳизбуллоҳ бозанда хоҳад буд.

Скот Риттер, бозраси собиқи таслиҳоти Созмони Милал, ки афсари иттилооти собиқи туфангдорони дарёии Амрико ҳам буда тайи суханоне дар бораи ҷанге, ки миёни муқовимат ва артиши ишғолгар ҷорӣ аст гуфт: садоҳои ҷаҳонӣ, ки барои ҳимоят аз Фаластин дар ҷаҳон баланд шуда бисёр бештар аз садоҳои ҳомии Исроил аст ва Ҳамос як пӯёии сиёсии ҷаҳонӣ эҷод карда, ки ҳеҷ тарафе наметавонад аз он убур кунад.

Скот Риттер дар барномаи шабонгоҳии шабакаи Ал-Маёдин эълом кард, ки аз манзари низомӣ ғайри мантиқӣ аст, ки Исроил як ҷанги ҳамаҷониба алайҳи Лубнонро оғоз кунад. Ҳизбуллоҳ силоҳҳои мухталифе дар ихтиёр дорад, ки метавонад тавоноиҳо ва системҳои Исроилро мухтал кунад. Ин нишон медиҳад, ки Исроил эҳтимолан дар ҳар ҷанге, ки алайҳи Ҳизбуллоҳ ба роҳ меандозад шикаст хоҳад хӯрд.

Ин афсари амрикоӣ дар бораи фазои ҷабҳаи дохилии Исроил дар сояи ҷанги Ғазза ҳам изҳор дошт, ки «Бенямин Нетаняҳу» нахуствазири режими Исроил бисёр худхоҳона рафтор мекунад ва пӯшиши қонунии худро аз даст додааст ва дар сурати хурӯҷ аз қудрат таҳти пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт.

Вай таъкид кард, ки дар Вашингтон ҳам фазо ба гунае аст, ки ҳама фаҳмидаанд бояд аз ҷоҳталабиҳои Нетаняҳу, ки Исроилро дар масири таҳдид қарор додааст ҷудо шаванд ва ин амр равобити Вашингтон ва Телавивро ҳам таҳти таъсир қарор додааст. Изҳороти мубҳами вазорати хориҷаи Амрико дар бораи нақзҳо ва таҳаррукоте, ки Исроил анҷом медиҳад баёнгари тағйири масире аст, ки акнун аслан дар бораи он ҳарф намезанем.

Скот Риттер дар идома тасреҳ кард, ки вақоеи 7 октябр (Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо) ва устувории низомӣ ва сиёсии Ҳамос ва низ шуҷоати мардуми Фаластин, авзоъро ба таври комил дар Амрико ва Исроил (Фаластини ишғолӣ) тағир дода ва боби сӯҳбатҳо дар бораи имкони ташкили кишвари мустақили Фаластиниро боз кард. Дар воқеъ баъд аз 7 октябр муқовимати миллати Фаластин табдили ба як воқеияти ҷаҳонӣ шуд ва Ҳамос ҳам як пӯёии сиёсии ҷаҳонӣ ба вуҷуд овард, ки ҳеҷ тарафе наметавонад аз он убур кунад.

Ин афсари амрикоӣ таъкид кард, ки агар Ҳамос ба муқовимати худ идома диҳад, ихтилофот миёни ҷаҳон ва Исроил ҳам мақтаъи нахоҳад буд ва қатъан идома пайдо мекунад. Имрӯз мебинем, ки садои ҷаҳоние, ки барои ҳимоят аз Фаластин баланд шуда аз садоҳое, ки аз Исроил ҳимоят мекунанд бисёр бештар аст.

Авзоъи нобасомони Исроил дар дохил

Дар ҳамин робита як таҳлилгари саҳюнистӣ гуфт, режими ишғолгари Қудс бо вазъияти буғранҷи бесобиқае мувоҷеҳ шудааст.

Яхал Замир муътақид аст, Исроил бо ихтилофоти сиёсии шадиде мувоҷеҳ аст, то чанд муддати пеш ин тасаввур вуҷуд дошт, ки дар замони ҷанг боиси шакл гирии ваҳдат ва ҳам пӯшонӣ мешавад, ҳар исроилие медонад, ки мо дар замони ҷанг ихтилофот ва баҳонаҳои худро ба канор мегузоштем ва тамоми тавони худро барои дифоъ аз худ басиҷ мекардем, баъд аз оғози ҷанг барои мо рухдодҳои пеш аз ҷанг ҳеҷ аҳамияте надошт, аммо ҷанг шамшерҳои оҳанини (ҷанги Ғазза) ин қоидаро аз байн бурдааст.

Дар инҷо бояд ёдовар шавам, ки дар моҳҳои июл ва август рухдодҳои марбут ба кодитои қазоӣ гусалҳоеро дар дохил ягонҳои артиши Исроил ба вуҷуд оварданд, аз он замон ба баъд заъфи неруҳои низомии мо барои душманони Исроил ҳам комилан ҳувайдо шуд.

Ин дақиқан ҳамон чизе буд, ки мо дар моҳҳои ахир ҳам шоҳиди он ҳастем, аз он бадтар инки мо фақат бо Ҳамос ҷангидем ва Ҳизбуллоҳ вориди саҳнаи ҷанг нашудааст.

Агар рӯйкард ва нигоҳи эътилофи ин чунин бошад ин савол дар авҷи ҷанг матраҳ мешавад, ки оё кобина, аз ҷанг барои тазъифи демокрасӣ истифода мекунад? Ин як идаи тарснок аст, ман мутмаин ҳастам ҳар исроилие, ки ин пурсишро мехонад тарҷеҳ медиҳад, ки аз идомаи мутолиаи матлаб сарфи назар карда ва баъд аз ин ҳатто ба ин масъала ҳам фикр накунад.

Бо ин ҳол ман боз ҳам як гом ба ҷилав меравам. Замоне, ки Ҳамос ҳамлаи рӯъбангези худро анҷом ва тӯфони отифӣ ва зеҳнии шадиде дар Исроил ба роҳ андохт, ҳадафи аслӣ ва меҳварияш он буд ва ҳаст, ки дарде вайронгар ва мустамар ва эҳсоси шок оварро ба мо ворид карда ва ин тасаввурро дар нохудогоҳи мо бозгардонд, ки қодир ба кантроли сарнавишти мо ҳаст, ин албатта сивои хашме аст, ки аз мо дошта ва интиқоме аст, ки мехост аз мо бигирад.

Ин тӯфон ҳанӯз ба поён нарсидааст, тӯфон ҳафтуми октябр ба поён нарсидааст, дар нохудогоҳи ҷамъии мо ҳанӯз дар ҳоли вазидан аст ва то ба имрӯз ҳам идома дорад.

Аммо зоҳиран ҳамаи мо дар ин тӯфон қарор надорем.

Муддати кӯтоҳе баъд аз ҳамлаи Ҳамос, мушаххас шуд, ки Бенямин Нетаняҳу нахуствазир ва муттаҳидинаш дар эътилоф ҳадафи аслӣ ва бузургашон яъне тахриби демокрасиро фаромӯш накардаанд.

Аз дидгоҳи Нетаняҳу ва Итамар Бен Говер, ҷанг ва шароити шаклгирифта мунҷар ба тафкики муқовимати маданӣ ва созмонӣ алайҳи онҳо шуда ва фурсати нодиреро барои пешбурди кодитояшон фароҳам кардааст, дар инҷо ҳақ дорем, ки ин пурсишро матраҳ кунем, ки оё Нетаняҳу ва Бен Говер ва Арие Дарей фурсати тазмин шудани кобинаи бидуни рақибро аз даст хоҳанд дод?

Ҳадафи Нетаняҳу ва Бен Говер ҳамчунон ҳамон қаблӣ боқӣ мондааст, эътилоф ба думболи мустаҳкамтар кардани ҷойгоҳи худ дар қудрат аст ва дар ин росто талош мекунад то қудрат сирфан дар ихтиёри як ҷараёни сиёсии воҳид қарор бигирад, дар воқеъ талош барои таҳаққуқи қудрати фарогир ва қудрати мутлақ аст.

Эътилофи Нетаняҳу ва Бен Говер имрӯз хатарноктар аз давраи пеш аз ҷанг аст яке ба ин далел, ки имрӯз ҳаводорони ифротии ин ҷараён мусаллаҳ шудаанд ва дувум падидоршудани истифодаи ваҳшиёна ва вайронгар аз артиши Исроил ва нодидагирифтани талафоти инсонӣ мунҷар ба он аст.

Яхал Замир, ки собиқаи ҳузур ба унвони яке аз афсарони олирутба дар ягони 8200 артиши режими саҳюнистироҳам дорад, дар поён овардааст, ба таври хулоса ман мӯътақидам, ки эътилофи ҳоким ба ҳарҷу марҷи умумӣ наздик мешавад, дар ин робита аз силоҳ ва хушунат ҳам истифода мекунад, ба наҳве, ки дигар имкон демократия ё интихоботи озод дар инҷо вуҷуд надошта бошад, мо бештар аз он чи тасаввур мекунем ба ин сенария наздик ҳастем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад