Ҳудуди 298 млн доллар даромади кишвар аз фурӯши сангҳои қиматбаҳо

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ фурӯши металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза дар қиболи ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ фурӯши металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза дар қиболи ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд шудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Тоҷикистон ҳаҷми содироти филизоти қиматбаҳоро афзоиш додааст.

Ҳамин тариқ, тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 1250% боло рафтааст.

Тибқи омор, маблағи бадастомада аз фурӯши металлҳои қиматбаҳо ҳудуди 298 млн долларро ташкил додааст.

Дар умум ҷумҳурӣ дар ин давра 614 млн доллар содирот доштааст, ки наздики 50% аз он ба Швейтсария рост меояд.

Яъне ин кишвар чун ҳамеша харидори асосии сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2023 ҳудуди 2 млрду 448,8 млн доллар ба хориҷ молу маҳсулот содир карда буд, ки ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) дар ҷойи авввал буда 46,6%-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 намуди коло содир мекунад. Аммо дар солҳои охир маҳз содироти металлҳои қиматбаҳо хеле афзоиш ёфтааст.

Корхонаи асосии тилои Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” мебошад, ки ҳудуди 70%-и ҳаҷми умумии ашёи хоми истихроҷшударо ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар ҳаҷми захираи тилои тасдиқшуда дар конҳои кишварро ҳудуди 500 тонна арзёбӣ карда буд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад