Фурӯ рехтани 7 сутуни Исроил

Саҳюнистҳо имрӯз бештар аз ҳар замоне ба фикри рафтан ё мондан дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд, зеро дар асари ҳаводиси чанд соли ахир ба хусус баъд аз амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” ва амалиёти “Ваъдаи содиқ” ҳафт сутуни режими хабис фурӯ рехта ва ин шикаст ҳамчунон идома дорад.

Солҳо пеш ба тадриҷ як миллион саҳюнист қасд карданд, ки дигар ба Фаластини ишғолӣ барнагарданд, аз ин рӯ ба кишварҳои ғарбӣ рафтанд. Бо ин ҳол 6-7 миллион саҳюнист ҳамчунон боқӣ монданд. Онҳо дар ҳафтоду ҳафтумин соли ишғолгарӣ бо мушкили бақои режим рӯбарӯ ҳастанд, дағдағае, ки аз оғоз ҳамзоди Телавив будааст. Саҳюнистҳо пас аз 7 октябр шароити хоссе барои тасмимгирӣ касб карданд. Ин шароит онҳоро водор мекунад то барои мондан ё рафтан беҳтар тасмим бигиранд. Ҳарчанд инсон дар интихоб озод аст, аммо интихобҳои дуруст бештар ба раҳоӣ ва интихобҳои нодуруст ғолибан ба гирифторӣ меанҷомад. Яҳудиёне, ки солҳо пеш тасмим гирифтанд, ки режимро раҳо кунанд, имрӯз ба тасмими худ меболанд ва афроде, ки нахостанд ё натавонистаанд афсӯси зиёд доранд. Чӣ меъёрҳое тағйир ёфта, ки ин гурӯҳ гирифтори тарс ва изтироб ва водор ба тасмимгирии ҷиддӣ намоянд? Дар ин навишта ба чанд далели муҳими ин вазъият ишора мешавад.

  1. Фурӯ рехтани сутуни амниятӣ, иттилоотӣ ва низомӣ

Ҳайбати режим тайи як раванди тадриҷӣ дучори фурӯпошӣ шудааст. Ин ҳайбату бартарӣ абъоди гуногуне дорад, ки дар ҳар марҳила бахше аз он осеби тармимнопазир дидааст. Дар 7 моҳи гузашта, саҳюнистҳо ду бор осебҳои хеле ҷиддӣ дидаанд. Аввал дар 7 октябри 2023, ки неруҳои муқовимат дар минтақаи Навори Ғазза бе воҳима аз қудрати режим аз хутути тамос гузашта ба минтақаи саҳюнистнишини ғилофи Ғазза дар амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” даромаданд. Нокомии дастгоҳҳои иттилоотӣ дар кашфи омодагии амалиёт, нотавонии марокизи пажӯҳишӣ дар равандшиносӣ ва пешбинии вазъият ва нотавонии неруҳои низомии ҳозир дар минтақа дар дафъи ҳамлаи муқовимати Ғазза, расвоии тамомаёр барои Телавив буд. 7 октябр танҳо ба хотири иҷрои махфиёна ва муваффақият дар майдон ба ҳайбати режим зарба назад, балки ба иқдомоти боздорандаи саҳюнистҳо пеш аз ин воқеа низ осеб расонд. Саҳюнистҳо тайи ҷанги соли 2006 бо Лубнон талош карданд, бо вайронии густарда дар маҳаллаи Зоҳияи шаҳри Бейрут, ба дигарон нишон диҳанд, ки ҷанг бо Телавив ба харҷаш намеарзад, ки «докторини Зоҳия» ном гирифт. Амалиёти 7 октябр ин мавзуъро, ки ба гумони саҳюнистҳо боиси боздорандагӣ барои режим мешуд, барбод дод. Дувумин бор амалиёти «Ваъдаи содиқ» буд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон онро дар посух ба ҳамлаи режим ба бахши консулии сафораташ дар Димишқ ва ба шаҳодат расондани 7 мусташори низомӣ ба хусус ду сардори эронӣ дар таърихи 1 апрели 2024 анҷом дод. Теҳрон шомгоҳи 14 ва бомдоди 15 апрел бо партоби садҳо паҳподи интиҳорӣ ва даҳҳо мушаки Круз ва баллистик, муҳимтарин пойгоҳи ҳавоии режим бо номи «Навотим» дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ва як пойгоҳи ҷосусӣ дар «Ҷабалуш-шайх» дар баландиҳои ишғолии Ҷавлонро ҳадаф гирифт. Ҳарчанд Яман пеш аз ин бо ҳамла ба режим дар соли 2023 ба нахустин давлати ҳамлакунанда пас аз соли 1973 табдил шуд, аммо бо амалиёти “Ваъдаи содиқ”, Теҳрон бори дигар хотираи ҳамлаи густардаи соли 1973-ро зинда кард.

  1. Фурӯ рехтани сутуни иқтисодӣ ва рифоҳӣ

Яир Лапид, нахуствазири собиқи режим ва яке аз раҳбарони мухолифони давлати Нетаняҳу ахиран аз рушди паёпайи нархи коло дар сарзаминҳои ишғолӣ шикоят карда мегӯяд: «Ҳар 5 дақиқа» як паёмак дар бораи афзоиши нархҳо меояд, ки метавонад табақаи миёнаро нобуд кунад; табақае, ки яке аз меъёрҳои бархурдории ҷомеа ба ҳисоб меояд. Лапид мегӯяд: Шаҳракнишинон барои харид аз мағозаҳо чунон бепул шудаанд, ки бояд қарз бигиранд.

Расонаи ибризабони Калкалист се моҳ пеш, ки вазъият каме беҳтар буд, гузориш дод, ки харҷи харид аз мағозаҳо моҳиёна 370 шекел (ҳудуди 100$) барои ҳар хонавода бештар шудааст. Аз аввали январи 2024 ширкатҳо то 25% нархҳоро зиёд кардаанд. Ин оморҳо танҳо вазъи бади умумии режимро нишон медиҳад, аммо вазъият барои ҷангзадагон бадтар аз ин аст. Дар ғилофи Ғазза бархе аз шаҳракнишинон ба хонаҳои худ барнагашта ва бисёре аз хонаҳо ва зерсохтҳои осебдида ҳанӯз бозсозӣ нашудаанд.

Дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ вазъият бадтар аз ғилофи Ғазза аст, чун дар маҳдудаи амалиётҳои низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон зиндагӣ доранд. Ҳамлаҳои муқовимати Лубнон то 5-10 километрии даруни манотиқи шимолии режим боиси холӣ шудани 28 шаҳрак шуда ва 100 ҳазор саҳюнистро овора кардааст. Ҳарчанд иддао мешавад, ки аз 65 ҳазор шаҳракнишини ғилофи Ғазза танҳо 15 ҳазор нафар ба ин минтақа бознагаштаанд, аммо дар шимол шароити амниятӣ боис шуда, ки тамоми гурезаҳо вазъияти худро ҳифз карда ва бознагарданд. Аз ин рӯ илова бар дарди оворагӣ, нигаронӣ аз сармоя ва бекориро низ бояд ба дӯш кашанд. Ҳар рӯз, ки аз ҷанг дар шимол мегузарад, манозил, зерсохтҳо, заминҳои кишоварзӣ, коргоҳҳо ва корхонаҳои бештаре хароб мешаванд. Ин вазъият боис шуда, ки шимоли сарзаминҳои ишғолӣ аз даст биравад, чун дар шимол фаластиниҳо низ дар аксарият ҳастанд ва гурехтани саҳюнистҳо сабаби афзоиши нисбати ҷамъиятии фаластиниҳо шудааст. Ба гузориши расонаҳо ва соҳибназарон танҳо раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳои ҶИЭ дар амалиёти “Ваъдаи содиқ” беш аз 1 миллиарду 350 миллион доллар харҷ бар режим бор кард.

  1. Фурӯ рехтани сутуни ҳифзи мавҷудият

  Пас аз ҳамлаи муқовимати исломӣ дар Ғазза дар таърихи 7 октябри 2023, вазъияти сарзаминҳои ишғолӣ ба андозае барҳам хӯрд, ки сарони кишварҳои ғарбӣ пушти сари ҳам ё ҳамзамон ба сӯи Телавив шитофтанд. Ин ошуфтагӣ боис шуд, ки амрикоиҳо мудирияти вазъиятро ба даст гирифта ва Сентком низ фармондеҳони аслии худро ба сарзаминҳои ишғолӣ бифиристад. Ҳуҷуми раҳбарон ва сохторҳои ғарбӣ мисли Сентком инро ошкор сохт, ки умқи вобастагии саҳюнистҳо хеле бештар аз бардоштҳои гузашта аст. Ин падида аз як сӯ нишон дод, ки ғарб барои дороии стратегии худ дар ғарби Осиё аҳамияти боло қоил аст ва аз сӯи дигар ошкор сохт, ки Телавив дар даҳаи ҳаштуми мавҷудияти худ ҳамчунон ба нафасҳои маснуӣ ниёз дорад. Бо ин вуҷуд умқи вобастагии саҳюнистҳо ба ғарб ҳамчунон беш аз чизе буд, ки дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо дар 7 октябри 2023 ошкор шуд. Бар ҳамин асос буд, ки амалиёти Ваъдаи содиқ дар 14 апрели 2024 зарбаи хеле муассир бар пайкари саҳюнистҳо буд, зеро умқи болотаре аз ин вобастагиро ошкор кард. Саҳюнистҳо барои муқобила бо посухи Эрон аз ҳимояти наздик ба 30 кишвар баҳра бурданд, ки аз назари сиёсӣ, иттилоотӣ ва фаннӣ аз Телавив ҳимоят карданд. Ин ҳимоят дар чанд марҳила анҷом шуд:

  • таҳдиди Эрон ё дархост аз Теҳрон барои худдорӣ аз посух;
  • дархост ин ки агар ҳатман посух медиҳед, амалиёт бузург набошад.
  • 10 кишвар бо имконоти худ барои раҳгирии партобҳои Эрон ба кумаки режим омаданд, аммо дар пешгирӣ аз расидани мушакҳо ва паҳподҳо ба аҳдоф номувафақ амал карданд.
  • пас аз амалиёт низ занҷирае аз муздурони ғарб дар саросари ҷаҳон барои кӯчакнамоии амалиёти Эрон фаъол шуда ва иддао карданд, ки тамом, 99 ё 86 дарсади мушакҳои Эрон раҳгирӣ шудаанд. Ҳатто иддао карданд, ки мушакҳои Эрон нақс доштанд. Майк Пампео, вазири хориҷаи давлати Трамп, ки муддате раиси созмони ҷосусии Амрико – CIA- буд, иддао кард, ки вай дар даврони мудирияташ тавонистааст қитъаҳои маъюбро дар барномаи мушакии Эрон ҷо кунад. Сензураи шадид аз осори ин посухи Эрон бар тамоми фазои расонаии режим ва ҳомиёнаш ҳоким буд ва ҳамчунон идома дорад.
  1. Фурӯ рехтани сутуни ҳимоятҳои мардум ва давлатҳои ғарбӣ

  Саҳюнистҳо бо ғарб дар сатҳи миллатҳо ва давлатҳо вориди рӯёрӯӣ ва зиддият шудаанд. Барои моҳҳо демократияҳои ғарбӣ бархилофи назари аксарияти мардум ба ҳимоят аз ҷиноятҳои режим пардохтанд ва шарме аз ин кори худ надоштанд, аммо Телавив баъд аз муддате ҳатто зидди манофеи давлатҳои ғарбӣ шуд. Агар бо назар ба амалкарди давлатҳои ғарбӣ, миллатҳо ва давлатҳо ҷудогона баррасӣ шаванд, дар сатҳи мардумӣ саҳюнистҳо дубора бо рушди «яҳудиситезӣ» дар ҷавомеи ғарбӣ рӯбарӯ шуданд. Ин мавзуъ бо диққат ба ин ки давлатҳои ғарбӣ дар оғози ҷанг назари мардумашонро нодида мегирифтанд, нишонаи норасоӣ дар демократияи ин кишварҳо буд, аммо ба гузари замон ва эҷоди мушкил миёни давлатҳои ғарбӣ бо Телавив, вазъият фарқ кард. Давлатҳои аврупоӣ нигаронанд, ки бо густариши ҷанг дар ғарби Осиё бар асари иқдомоти режим, сели муҳоҷирон роҳии Аврупо шаванд, ки зарбаҳои иқтисодӣ, ҳувиятӣ ва амниятии зиёде барои қорраи сабз дорад. Онҳо ҳамчунин аз ин падида ҳаросонанд, ки ҷанг дар ғарби Осиё манобеъ ва диққатҳоро аз ҷанги Украина тағйир дода ва ба пирӯзии Русия дар баробари қорраи сабз тамом шавад. Зиддияти суди Телавив бо давлатҳои ғарбӣ сабаб шуда давлатҳое, ки ба назари миллатҳояшон дар бораи ҷиноятҳои режим аҳамият намедоданд, нигоҳҳои мардумиро ба абзоре барои пешбурди иқдомоташон зидди саҳюнистҳо табдил кунанд. Бар ҳамин асос ин давлатҳо бо пеш кашидани масъалаи истиқлоли Фаластин ба дунболи эҷоди абзоре барои контроли давлати Нетаняҳу ҳастанд то гирифтории бузург барои Аврупо эҷод накунад. Бар ҳамин асос буд, ки кишварҳои аврупоӣ монанди Фаронса, ки ҳақи вето дорад, бо Молт ва Словакия дар ҷаласаи Шӯрои амният барои баррасии дархости узвияти Фаластин дар СММ, ба ин узвият раъйи мусбат доданд. Англис ва Швейтсария низ тасмим гирифтанд, ки бархилофи равияҳои пешини худ дар ҳимояти комил аз режим, ба ин дархост раъйи бетараф диҳанд, ҳарчанд Амрико онро вето кард.  Ин зиддият рӯз ба рӯз бештар ва осори он равшантар хоҳад шуд.

  1. Фурӯ рехтани сутуни мазлумнамоӣ

 Саҳюнистҳо бо нуфӯз дар марказҳои қудрат, сарвату фарҳанг муваффақ шуданд дар таблиғоти ҳамаҷониба худро қавми мазлум дар ҷаҳон ҷо бияндозанд. Ҳарчанд пеш аз ин яҳудиён ба далели тавтеа дар Аврупо манфури миллатҳо ва давлатҳои қорраи сабз буданд, аммо падидаи берунӣ ва инкорнопазире дар таърих аз ҷиноятҳои онон намуд надошт. Онҳо фақат муттаҳам ба баъзе хиёнатҳо ва ҷиноятҳо монанди талош барои шикасти Русия дар ҷанги 1905 бо Ҷопон ва хиёнат ба олмониҳо дар замони ҷанги ҷаҳонии аввал ва пас аз он буданд. Куштори ошкори ҷамъиятҳои яҳудӣ дар Аврупо ва маҳдудиятҳои ҳиссии ин ҷамъият дар баробари иттиҳомоти мубҳам ва ғайриқобили исботе, ки ба онҳо ворид мешуд, боис шуд то саҳюнистҳо муваффақ шаванд, фазои ҷаҳониро тағйир диҳанд. Онҳо иттиҳомоти мубҳами яҳудиёнро рад ва сипас зулмҳоеро, ки дар ҳаққи онҳо шуда буд, ба шиддат бузургнамоӣ карданд, ба гунае ки иддао мешавад, дастикам 6 миллион яҳудӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум кушта шудаанд. Ин мазлумнамоӣ аз саҳюнистҳо акнун бо куштани беш аз 34 ҳазор ва захмӣ кардани беш аз 70 ҳазор фаластинии бедифоъ дар Навори Ғазза, ки бештари онҳо занону кӯдакон ва беморон ҳастанд, аз байн рафтааст. Омори касоне, ки ҳанӯз аз мурда ё зинда буданашон хабаре нест ва ҷасади бештари онҳо дар зери вайронаҳое, ки бар асари бомбаборони саҳюнистҳо мондаанд, то кунун маълум нест ва эъдомҳо ва гурҳои дастаҷамъӣ, ки имрӯз пайдо шудаанд, ҳикоят аз омори болои кушташудаҳо дорад. Дигар касе бовар намекунад, ки яҳудиён мазлум бошанд ва иқдомоти режим низ як ҷиноят ва хиёнати пинҳонӣ нест, балки як ҷанги ошкор ва дар пеши чашми ҳамаи ҷаҳониён аст. Ин ҳаҷм аз ваҳшигарӣ дар муддати 200 рӯз яке аз далоили изтироб ва нигаронии яҳудиён ғарбнишин ва шаҳракнишин аст. Онҳо метарсанд, ки бар асари ҷиноятҳои ошкор ва бешумори режим, хиёнаткор ва ҷинояткор будани яҳудиён дар зеҳну зиндагии миллатҳои ғарбӣ ҷо биафтад ва бузургнамоиҳои зулм дар ҳаққи яҳудиён аз байн биравад. Дар ин сурат яҳудиён барои зиндагӣ, фаъолиятҳои тиҷорӣ ва илмӣ дар ғарб ба мушкилоти бузурге рӯбар хоҳанд шуд. Ҳарчанд наметавон изҳори эҳсосоти инсонӣ дар миёни яҳудиёни ғарбнишин аз куштори фаластиниҳоро инкор кард, аммо эҳтимол дорад, ки бахше аз онҳо барои ҷудо кардани худ аз режим ва барои дар амон мондани худ даст ба эътироз зидди Телавив мезананд то дар оташи рушди яҳудиситезӣ насӯзанд .

  1. Фурӯ рехтани сутуни артиш

 Чанде қабл Даниел Ҳогорӣ, сухангӯи артиши режим бо чанд нафар аз афсарони баландпояи ин бахш аз артиш истеъфономаи худро ба мақомоти болотар доданд. Рӯзи гузашта низ рӯзномаи “Иедиет Аҳарнот” эълом кард «Аҳаран Ҳалива» раиси шуъбаи иттилоотӣ-низомии Исроил «Амон» қасд дорад, пас аз 38 сол ҳузур дар артиш, истеъфои худро ба хотири шикасти 7 октябр эълом кунад. Вебгоҳи Волло гузориш дода, ки дар истеъфономае, ки ӯ ба раиси ситоди артиш дода, зимни пазируфтани масъулияти худ дар бораи шикасти 7 октябр, эълом карда, ки тайи ҳафтаҳои оянда ба фаъолияти худ поён медиҳад ва мақомашро тарк мекунад. Ин дар ҳолест, ки ӯ бар асоси хабарҳои мавҷуд дар бораи истеъфо, ҳамчунон бар сари кор ҳозир мешавад. Бархе манобеъ аз истеъфои Ҳода Фукас, фармондеҳи ситоди марказии артиши режими саҳюнистӣ низ хабар додаанд. Истеъфои раиси Созмони иттилооти артиш бо сухангӯи ин ниҳод ҳарчанд то кунун иҷроӣ нашудаанд, аммо ҳикоят аз эҳтимоли зеру рӯ шудани артиш дорад. Расвоии 7 октябр, нокомӣ дар Ғазза, нокомӣ дар Лубнон ва нотавонӣ дар раҳгирии партобҳои Эрон, корномаи сиёҳи артиши режим дар 7 моҳи гузашта аст. Танҳо дар Ғазза онҳо аз озодсозии асирон, аз байн бурдани Ҳамос ва нобудии шабакаи тунелҳо нотавон будаанд. Ин масъала нишон медиҳад, ки саҳюнистҳо шикастҳои чандбуъдиро таҷриба кардаанд. Саҳюнистҳо барои баръакс кардани ин раванд миллиардҳо доллар буҷет аз Амрико дарёфт карда, синни сарбозиро афзоиш дода ва ба дунболи сарбозгирӣ аз қишр ҳаридӣ ҳастанд, ки то кунун аз хизмати сарбозӣ афв шуда буданд; коре, ки бо барангехтани мухолифати ҳаридиҳо оташи даргириҳои дохилии режимро бештар кардааст. Буҳрон дар артиши режим аз ин рӯ бисёр муҳим дониста мешавад, ки миллионҳо саҳюнист бо иттико ба ин ниҳод дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳузур доранд ва дар сурати осеб ба тасвири он, ба эҳтимоли зиёд ба самти муҳоҷират аз режим ҳаракат мекунанд.

  1. Маҳкум ба завол

 Режим дар ҳар даврае аз мавҷудияти худ аз норасоиҳои зотиаш ранҷ бурдааст. Ин норасоиҳо дар бархе замонҳо қобили таҳаммул ва дар давраҳое сарнавиштсоз шудаанд. Телавив бо чашмони нигарон дар ҳоли назораи оянда аст; ҷое ки қудратҳои минтақаӣ низ имкони зуҳӯр доранд. То пеш аз ин дар қолаби назмҳои ду ва якқутбӣ, қутбҳои ҳокими ҷаҳонӣ иҷозаи зуҳӯр ба қудратҳои минтақаиро намедоданд. Ҳарчанд кишварҳои зиёде зарфиятҳои табдил шудан ба қудрат дар ҳар минтақаро доранд, аммо ҳеҷ кадом фурсате барои амалӣ шудани онро намеёфтанд. Асри чандқутбӣ пеши рӯ давраи амалӣ шудани қудратҳои минтақаист. Дар ин сурат дар ояндаи хеле наздик, режими саҳюнистӣ, ки муддатҳо яккатози минтақа буда бо се қудрати Эрон, Туркия ва Арабистони саудӣ рӯбарӯ хоҳад буд. Аммо ин масъала тамоми мушкили режим нест. Дар назми чандқутбии оянда, Амрико монанди даврони дуқутбӣ ва такқутбӣ қодир ба ҳимоят аз режим нахоҳад буд. Дар ин фазо Телавив бояд бо ҳимоятҳои коҳишӣ ва заифи Вашингтон ба ҷанги қудратҳои бузурги ҳозир дар минтақа монанди Теҳрон биравад. Режим барои баръакс кардани ин раванд талош кард дар миёнаи коҳиши ҳузури Амрико дар минтақа худ ҷойгузини Вашингтон шавад. Аз сӯи дигар Телавив дар садади эътилофсозӣ зидди Эрон буд то аз раҳгузари он монеи рушди қудрати кишварҳое мисли Арабистони саудӣ, Туркия ва Миср ҳам шавад ва раҳбарии эътилофро бар уҳда гирад ва бар онҳо фармонравоӣ кунад. Бо зарбаҳое, ки саҳюнистҳо тайи ҳафт моҳи гузашта хӯрдаанд, Телавив нотавон аз идораи вазъият аст. Ин зарбаҳо режиму муттаҳидони ғарбиашро дар ҷаҳон заифтар карда ва аз сӯи дигар робитаи Телавив бо ин кишварҳо низ барҳам задааст. Рӯи дигари ин таҳаввулот суръати қудратманд шудани Эрон дар минтақа аст, ки аз инъикосҳое дар сатҳи ҷаҳон низ баҳра мебарад. Лапид нахуствазири собиқи режим баъд аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо гуфта буд, ки мо дар ин ҷанг пирӯз намешавем ва Исроил дигар ҷои амне нахоҳад буд. Режиме, ки бо ваъдаҳо ва иддаоҳои қудрати бартари низомӣ ва амнияти боло ва дасти бартари иттилоотӣ ва рушди иқтисодӣ ҳам яҳудиёни дунёро бо фиреб оварда буд ё алоқаманд карда буд ва бар ҳамаи дунё ба хусус кишварҳо ва давлатҳои минтақа фахр мефурухт баъд аз амалиёти муқовимати фаластинӣ ва ҳамроҳии ҷабҳаи муқовимати исломӣ ва ба хусус баъд аз амалиёти “Ваъдаи содиқ”- сипоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нафрати ҷаҳонӣ аз ишғолгарони террорист ба нобудии худ хеле наздик шудааст ва ин танҳо бовари дигарон нест, балки худи ишғолгарон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад