Баргардондани даҳҳо зану кӯдаки дигари тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон

Тоҷикистон солҳои охир садҳо шаҳрвандаш, умдатан занону кӯдаконро аз Сурия ва Ироқ баргардонда, бо марҳилаи офиятбахшию ҳамгироии иҷтимоӣ фаро гирифт.

Тоҷикистон солҳои охир садҳо шаҳрвандаш, умдатан занону кӯдаконро аз Сурия ва Ироқ баргардонда, бо марҳилаи офиятбахшию ҳамгироии иҷтимоӣ фаро гирифт.

Ба гузориши манбаъ:

Гуруҳи занону кӯдакони тоҷик, ки дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ солҳо дармонда буданд, ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Ин гуруҳи чоруми занону кӯдакон мебошад, ки тайи солҳои охир аз урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ ба Ватан оварда шудаанд.

Ҳавопаймои махсус ахиран боз 47 нафар, узви 13 оиларо ба фурудгоҳи Душанбе овард. Дар ин миён 15 зан, 17 духтар ва 15 писар мебошанд, ки Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон садҳо шаҳрвандонаш, умдатан занону кӯдаконро махсусан аз Сурия баргардонд. Инҳо занону кӯдакони собиқ ҷангиёни ДОИШ* мебошанд, ки ба иттилои мақомоти Сурия худашон дар ҳеч ҷиноёте даст надоштаанд.

Падарони ин хонаводаҳо ё кушта шудаанд ё дар боздоштгоҳҳо қарор доранд, ки боиси саргардонии занону кӯдаконашон шудааст.

Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандонашро аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонидааст.

Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни конфронси амниятӣ дар Душанбе гуфт, бо мақсади пешгирӣ аз шомил шудан ба сафи созмонҳои террористиву ифротӣ беш аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.

Ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд, таъкид дошта буд ӯ.

Занону кӯдакони овардашуда одатан дар Тоҷикистон бо корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд ва бо онҳо мутахассисон кор мекунанд, изҳор медоранд мақомоти Тоҷикистон.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Занону кӯдаконе, ки моҳи майи соли ҷорӣ аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, дар макони муносиб ва шароити худ зиндагӣ доранд.

Раванди табобати онҳо идома дорад, аммо пайвандони на ҳамаи онҳо омодаанд, ки наздиконашонро дубора ба оила қабул кунанд.

Дар ин бора дирӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

Суҳайлӣ Абдуҳафиззода гуфт:

“Шароити онҳо бад нест. Баръакс, онҳо дар мавзеи муносиб ва бофароғат зиндагӣ доранд. Он ҷо боғ ва ҳавзи шиноварӣ ҳаст, онҳо бо чор вақт хӯрок таъминанд ва оид ба масоили гуногун метавонанд кӯмак дастрас кунанд”.  Идомаи матлаб дар … 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад