Эҳтиёҷи мубрами Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ

Раиси Шӯрои Федератсия дар шароити феълӣ, ки Русия ба кадрҳо ниёз дорад даст кашидан аз муҳоҷирони меҳнатию бастани роҳ ба онҳоро номатлуб хонд.

Раиси Шӯрои Федератсия дар шароити феълӣ, ки Русия ба кадрҳо ниёз дорад даст кашидан аз муҳоҷирони меҳнатию бастани роҳ ба онҳоро номатлуб хонд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Русия корҳо барои равшану дақиқ кардани қонунгузории муҳоҷират идома доранд, ки дар он сенаторҳо низ ширкат доранд, гуфт раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко ба РИА “Новости.”

Вай гуфт:

“Мо бояд онро бидуни эҳсосот, бо иштироки коршиносон, ҳуқуқшиносон, мутахассисон дар муколама бо шарикони мо аз кишварҳои дӯст коркард кунему дар ҳолати зарурӣ созишномаҳои байнидавлатиро дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дақиқтар созем”.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои федератсия, қонунгузории муҳоҷират албатта бояд такмил дода шавад.

Сиёсатмадор гуфт:

“Пеш аз ҳама, бояд сиёсати возеҳи давлатӣ бошаду муҳоҷират таҳти назорати давлатӣ бошад, ки бояд бигӯям, имрӯз ин тавр нест, ин факт аст”.

Матвиенко ҳамчунин ба мавзӯи ҳамоҳангсозии кор дар соҳаи муҳоҷират дахл кард.

Вай гуфт:

“Медонед, дар кишвари мо баробари пайдо шудани мушкилот дар бораи таъсиси вазорати нав пешниҳод мешавад, ки ин на ҳама вақт асоснок аст. Аммо дар масъалаи муҳоҷират чанд вазорату идораҳо ба ин самт машғуланд, ки ҳамоҳангии бештар лозим аст”.

Матвиенко аз норасоии кадрҳо дар Русия гуфта, илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир кишвар бе муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонад.

Вай ҳамчунин бастани роҳ барои муҳоҷирон ва дар худинзивоъ қарор додани Русияро номақбул хонд.

Ба гуфтаи сенатор, феълан дар ин самт бисёр миёнаравҳо, сохторҳои ғайриқонунӣ, нимҷиноятӣ кор мекунанд, ки дар кишварҳои дигар коргаронро киро карда, ба ин ҷо меоранд ва “росташро гӯям, хуб ғорат мекунанд”.

Он чизе, ки мо бояд дар ин бобат ба он диққати махсус диҳем, албатта, фасод аст, назорат аз болои иҷрои қонунҳоро низ бояд таҳким бахшид, гуфт сиёсатмадор.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад