Тафовутҳо ва таъсирҳои ҷанги Ғазза ва ҷанги Украина

Ҳоло дигар таваҷҷуҳҳо аз ҷанги Украина ба ҷанги Ғазза ҷалб шудааст ва сабабаш дар тафовутҳо ва таъсирҳое аст, ки дар ин ҷангҳо вуҷуд дорад.

Имрӯз афкори умуӣ хеле таҳти таъсири Украина нест, дар ҳоле, ки ба шиддат таҳти таъсири мардуми Ғазза қарор гирифтааст ва ин ҳамон таъсири тамаддунӣ аст, ки мардуми Фаластин ва худи ин сарзамин бо истодагӣ дар баробари ҳамлаи сангини ғарб доранд.

Соли 1402 дар миёни муноқишаҳои саҳнаи байналмилал, шоҳиди ду ҷанги нисбатан бузург будем, ҷанги Украина ва ҷанги Ғазза ва дар ҳар ду ҷанг, ғарб канори як тарафи ҷанг истод ва талош кард тарафи муқобилро аз саҳнаи хориҷ намояд. Ин ду ҷанг то охирин рӯзҳои ин сол истимрор пайдо кард ва албатта бо фарозу нишебҳое ҳам тавъам буд. Ҷанги Украина ва ҷанги Ғазза, ба иборате ҳар ду ҷанг, “байналмилалӣ” буданд ва таъсирҳои онҳо ҳам мондагор арзёбӣ шудааст. Ин ду ҷанг дар наҳва, шиддат ва паёмадҳо албатта тафовутҳои зиёде бо ҳам доштанд, ки баъзе аз онҳо баён хоҳад шуд:

1- Беш аз ду сол аз оғози ҷанги Украина гузаштааст. Нуқтаи оғози ин ҷанг талоши кишварҳои узви НАТО барои замима кардани Украина ба НАТО буд. Ин пас аз он буд, ки ғарбиҳо бо роҳандозии кудатои норинҷӣ дар фосилаи ноябри 2004 то январи 2005 талош карданд, то давлати ғарбгаро ва мухолифи Маскавро дар Киев сари кор оваранд ва ибтидо Виктур Юшченко ва сипас дар соли 2019 Владимир Зеленский бо ин вежагӣ рӯи кор омаданд. Пайвастани Украина ба НАТО, ки бархилофи тавофуқи Русия ва Иттиҳоди Аврупо буд, аз назари таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ бо Русия навъе якпорчагӣ дорад, занги хатарро барои Кремл ба садо даровард ва ҷанг пас аз ҳушдорҳои Путин бо ҳамлаи артиши Русия шурӯъ шуд ва токунун истимрор пайдо кардааст ва албатта аз шитоби он бисёр коста шудааст. Дар ҷанги Украина фақат бахше аз ин сарзамин, ки беш аз 20 дарсад хоки Украина набуд, даргири ҷанг буд. Ҷанги Украина дар ин ду сол ба таври ҷиддӣ аз сӯи давлатҳои ғарбӣ мавриди ҳимоят будааст. Гуфта мешавад дастикам 86 миллиард доллар кумак дар ихтиёри Украина қарор дода шудааст. Марзҳои шимолӣ (Беларус), ғарбӣ (Полша, Словакия ва Венгрия) ва ҷанубӣ (Руминия ва Молдова) он боз буда ва ҳимоятҳои низомии ғарб аз тариқи чанд кридур ба ин кишвар сарозер будааст. Марзҳои дарёӣ он ҳам агарчи бо эъмоли маҳдудиятҳо аз сӯи Русия мувоҷеҳ буда, вале масири баҳрабардории Украина аз Дарёи сиёҳ ва Озуф масдуд набудааст.

Вазъияти ҷанг дар Ғазза бо ончи дар бораи Украина гуфта шуд, то ҳадди бисёр зиёде мутафовит аст. Ғазза дар фосилаи 2009 токунун шаш бор дар маърази таҳоҷуми густардаи артиши Исроил қарор дошта ва ҷанги кунунии Ғазза дар идомаи ҳамон ҷангҳое аст, ки бо ҳадафи наслкушӣ ва пок кардани номи “миллат Фаластин” рӯй додааст. Дар ин ҷанг ҳамаи сарзамини кӯчаки Ғазза ва ҳамаи сокинони он дар зери фишори сангини душмани худ қарор гирифтаанд ва бо ин вуҷуд ҳеҷ роҳи кумакӣ дар ихтиёр надоранд. Марзҳои шимолӣ, ғарбӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ ба таври комил ва дар воқеъ ҳамаи хушкӣ, дарё ва ҳавоии Ғазза ва атрофи он аз саро то сурайё дар ихтиёри Исроил мебошад. Аз ҳайси шиддат низ ҷанг дар Ғазза даҳҳо бор шадидтар аз ҷанг дар Украина аст.

2- Муддатзамони зиёде тӯл накашид, то мушаххас шавад Украина қодир ба муқовимат дар баробари артиши Русия нест, баъд аз он ҳимояти кишварҳои ғарб аз Украина бо навасонҳои зиёд мувоҷеҳ гардид ва кор ба ҷое расид, ки раҳбари мазҳабии масеҳиён ошкоро аз раҳбарони Украина хост парчами сафедро боло баранд ва аз тариқи вогузарии устонҳои шарқии Украина ба Русия, ҷангро тамом кунанд. Чуноне ки панҷ рӯзи пеш вазири хориҷаи Украина аз омодагии Киев барои ширкат дар ҷаласаи “сулҳ” бо ҳузури Русия сӯҳбат кард.

Аз он тараф муддати зиёде аз замоне, ки мушаххас шуд режими Исроил қодир ба шикаст додани мардум ва муқовимати Ғазза нест, нагузашт ва аз ин рӯ агарчи ҷанг бо шиддати зиёд идома пайдо кард, аммо умеди Исроил ва давлатҳои ҳаводори он барои ғалабаи низомӣ камранг шуд. Ҳар ду ҷанг дарсҳои таърихии зиёде бар ҷой гузоштааст, ки албатта мутафовит аз якдигар будаанд. Дарси аввали ҷанги Украина умдатан зери ин унвон хулоса мешавад “Амрико ва Аврупо дар падидае, ки онро ба таври воқеӣ муҳимтарин буҳрони амниятии худ мехонданд, шикаст хӯрданд.” Дар нуқтаи муқобили он дарси аввали ҷанги Ғазза ин аст, ки мардуми Фаластин бо гузашти 75 сол, ҳеҷ тардиде дар зарурати озодсозии сарзаминҳои ғасбшуда надошта ва метавонанд ба рағми нотарозиҳои низомии зиёде, ки бо душмани худ доранд, муодиларо таъйин кунанд. Муқовимати фаластиниҳо дар ин ҷанг таъсири зиёде бар муҳити байналмилалӣ дошт. Ҷанги Ғазза собит кард унсури миллатҳо таъсире ба маротиби бузургтар аз унсури давлатҳо ҳар чанд қудратманд бошанд, дорад.

3- Вақте ҷанги Украина дар 24-и феврал оғоз шуд, хеле аз таҳлилгарон аз ин таъбир истифода намуданд, ки ҷанги Украина ҷаҳонро вориди давраи тозае кардааст. Воқеият ҳам ин аст, ки ҷанги Украина ба ҷиҳати сатҳи тақобул – миёни ду қудрати низомии сатҳи байналмилал; Русия ва НАТО – бисёр муҳим аст. Нуқтаи даргирӣ ҳам аҳамияти вижае дорад ва метавонад ба ҳавзаҳо ва мавзуъҳои зиёде сароят пайдо кунад. Ин ҷанг ба таври қатъ бар ояндаи давлати Амрико ва давлатҳои аврупоӣ асари амиқе бар ҷой мегузорад.

Нукта ин аст, ки вақте амалиёти Тӯфони Ақсо ва дар пайи он ҳамлаи режими ғосиб ба Ғазза сурат гирифт, ҷанги Украина бо ҳамаи аҳамияташ таҳтуҳшуои ҷанги Ғазза қарор гирифт ва дар воқеъ то ҳадди бисёр зиёде ба ҳошия рафт. Дар ҳоле, ки дар инҷо рӯёрӯии ду қудрати низомӣ набуд. Рӯёрӯии як қудрати мутавассити минтақаӣ бо як гурӯҳи муқовимат буд. Инҷо як “чаро” вуҷуд дорад. Наҳваи мувоҷеҳаи давлатҳои ғарбӣ бо ду масъалаи ҷанги Украина ва ҷанги Ғазза ҳам ин чароро пуррангтар мекунад.

Ҳудуди даҳ рӯз тӯл кашид, то кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар ҳамлаи Русия ба Украина вокуниши ҳамоҳанг нишон диҳанд ва ҳудуди як моҳ тӯл кашид то мавзеъҳои Олмон ва Фаронса дар мавриди ҷанг бо Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг шавад. Ин дар ҳолест, ки фосилаи азимати вазирони хориҷаи Амрико, Англис, Фаронса ва Олмон ба Телавив чанд соат пас аз оғози ҷанг ва бо интиқоли ҳаҷме аз силоҳҳои муассир ҳам тавъам буд ва дар воқеъ фосила миёни вуқуи ҳодиса ва иқдоми амалиётии ғарб алайҳи муқовимати Ғазза, бо суръати аҷибе тай шудааст. Оё тафовутҳои геополотикӣ ин дугонагии асосиро рақам задааст? Оё дугонагии мазҳабӣ ин тафовутро сабаб гардидааст? Оё тафовути геостратегӣ ин ду ҳодиса, сабаби ин ҳад аз тафовут дар бархурди ғарб бо он гардидааст? Ё маҷмӯае аз ин ҳаводис ин ихтилофотро сабаб шудааст?

4- Ҷанги Украина аз самти кишваре, ки мавриди ҳамла қарор гирифтааст, тавъам бо заъфи мардуми он будааст. Ҳамин рӯзҳо тасвирҳое аз бархурди нерӯҳои низомии Украина бо мардуме, ки аз ширкат дар ҷанг парҳез мекарданд ва ё тасвирҳое аз хонумҳое, ки нигаҳдории падар ё модари пири худро ба дифоъ аз бақои кишварашон тарҷеҳ медиҳанд, пахш шудааст. Дар канори ин, тасвирҳои мутааддиде аз Ғазза пахш шудааст, ки мардум дар зери бомбаборони шадид ҳозир ба тарки Ғазза нестанд ва дар айни ҳол, ки аъзои хонаводаро аз даст додаанд, худро пирӯзи саҳна дониста ва бо рӯҳияи боло сӯҳбат мекунанд. Дар баробари нуқтаи заъфе, ки мардум дар Украина дар баробари ҷанг нишон додаанд, мардуми Ғазза бо қувват аз муқовимат дар ин ҷанг ҳимоят мекунанд. Ин яъне ду фарҳанг, ду мардум ва дар натиҷа ду паёмади комилан мутафовит.

Имрӯз афкори умумӣ хеле таҳти таъсири Украина нест дар ҳоле, ки ба шиддат таҳти таъсири мардуми Ғазза қарор гирифтааст ва ин ҳамон таъсири тамаддуне аст, ки мардуми Фаластин ва худи ин сарзамин бо истиқомату истодагӣ дар баробари ҳамлаҳои сангини ғарб доранд.

Ҷанги Украина ба эҳтимоли хеле зиёд бо пирӯзии Русия ва шикасти Украина ба поён мерасад ва дар таърих ба унвони ҷанге, ки мардум дар он ба шикаст расидаанд, сабт мешавад ва баъдҳо ҳам ҳеҷ украиние аз ёдоварии он хушнуд нахоҳад шуд. Аммо ҷанг дар Ғазза бо пирӯзии фаластиниҳо ба поён мерасад ва дар таърих ба унвони муҳимтарин шикасти Исроил дар тӯли 75 сол сабт мешавад.

Режими саҳюнистӣ агар пас аз ҷанг бимонад ҳаргиз наметавонад бо нишон додани куштори наздик ба 35 ҳазор инсони бегуноҳ ва вайронии ҳаҷми азиме аз хонаҳои мардум, худро пирӯзи ин саҳна муаррифӣ кунад. Ба маҳзи онки ин ҷанг ба охир бирасад, феҳристе аз иқдомоти дохилӣ ва хориҷӣ ҷилави режими саҳюнистӣ боз мешавад. Ҳамин рӯзҳо дар дохили режим баҳс аз инки ҷанги Ғазза чӣ манофеъ барои Исроил дошта, афзоиш ёфтааст. Давлат ва шахси Нетаняҳу бояд посухгӯи марги садҳо нафар аз нерӯҳои низомии Исроили ғосиб бошад, ки аз 8- октябр токунун дар Ғазза ба коми марг рафтаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад