Амрико ва режими саҳюнистӣ масъули ҷиноёт дар Фаластин

Дафтари иттилоъ расонии давлатӣ дар Навори Ғазза эълом кард, ки бар асоси иттилооти ба дастомада, низомиёни саҳюнистӣ беш аз 200 овораи фаластинии паноҳгирифта дар бемористони Шифоро қатлиом ва беш аз як ҳазор овораи дигарро боздошт кардаанд.

Дафтари иттилоъ расонии давлатии Навори Ғазза дар поён режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва Амрикоро ба унвони ҳамдасти ин режими кӯдаккуш масъули ҷиноёти ахир алайҳи миллати мазлуми Фаластин донист ва таъкид кард: ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи идомаи ҷиноёт ва куштор дар бемористон Шифо ва атрофи он ва куштори кодри дармон, беморон, захмиҳо ва оворагони паноҳбурда ба ин бемористон масъул аст.

Артиши режими кӯдаккуш ва хуношоми саҳюнистӣ дар сояи сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ, бемористони Шифоро бо иқдомоти ҷинояткорона ва ваҳшиёнаи худ ба макони ҷаҳаннамӣ табдил кардааст.

Тайи рӯзҳои ахир артиши режими хуношоми саҳюнистӣ дар ҷинояти ошкор ба маркази дармонии Шифо дар шаҳри Ғазза ҳамла бурда ва беморон ва кодри дармониро ҳадафи ҳамалоти худ қарор дод.

Халил Ал-Дақрон, сухангӯи бемористони шуҳадои Ал-Ақсо дар ин бора гуфт: тамоми маҷмӯа ба ҳамроҳи беморон ва маҷрӯҳони он таҳти муҳосира ҳастанд. Ҳазорон овора дохили ин бемористон таҷаммӯъ кардаанд ва маълум нест сарнавишти онҳо чӣ хоҳад шуд.

Исмоил Ас-Савобита, мудири кулли дафтари расонаии давлати Ғазза низ дар ин бора таъкид кард: низомиёни режими ҷинояткори саҳюнистӣ бо ҳамроҳӣ тонкҳо ва паҳподҳои худ ба маркази дармонии Шифо ҳамла бурданд ва бо нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ин бемористонро ҳадафи бомбаборони шадид қарор доданд.

Артиши режими ваҳшии саҳюнистӣ дар ин муддат бахше аз сохтумонҳо ва роҳруҳои ин бемористонро бомбаборон карда ва вайрониҳои зиёде дар бахшҳои мухталифи он ба бор овард.

Ҳамалоти низомиёни саҳюнистӣ сабаби ихлол дар раванди хидматрасонии ин бемористон шуд, он ҳам дарҳоле, ки ин маркази дармонӣ дар ҳафтаҳои ахир муҷаддадан фаъолияти худро оғоз карда буд. Бемористони Шифо дар рӯзҳои пеш аз муҳосираи низомии саҳюнитҳо бо таваҷҷуҳ ба хориҷ шудани аксари бемористонҳо аз раванди хидматрасонӣ ба маҳалли аслии руҷуъи беморон ва маҷрӯҳони фаластини дар Навори Ғазза табдил шуда буд.

Салома Маъруф, мудири дафтари иттилоъ расонии давлати Фаластин дар Ғазза изҳор дошт, ки артиши ишғолгари саҳюнистӣ теъдоде аз кодри пизишкӣ ва дармониро дар бемористони Шифо ба қатл расондааст.

Маъруф тасреҳ кард, ки саҳюнитҳои хуношом монеъ аз дармони беморон дар ин бемористон шуданд ва 4 бемор ба ҳамин хотир ҷони худро аз даст додаанд. Вай авзоъи инсонӣ дар дохили бемористони Шифоро бисёр фоҷиабор хонд.

Низомиёни ишғолгари саҳюнистӣ ҳамчунин доктор «Муҳаммад Зоҳир Ан-Нуну» пизишки Фаластиниро, ки ҳозир ба тарки бемористони Шифо нашуд ва ҳамчунон бар мондан ва мудовои маҷрӯҳон ва беморон исрор дошт ба шаҳодат расонданд.

Ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ин режимро дар зумраи гурӯҳҳои террористии бузург ва созмонёфта қарор медиҳад, ки таҳдидҳои бузурге барои сулҳи ҷаҳонӣ ва ояндаи насли башар ва зиндагии табиӣ барои кӯдакон ба вуҷуд меоваранд. Ташбеҳи саҳюнизм ва Исроил ба унвони як саратони бадхим, таҳдиди вуҷудии ин идологияро натанҳо дар сатҳи минтақа, балки дар миқёси ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Фарохони мардуми ҷаҳон барои посух ба “режими ишғолгар ва дурӯғини Исроил”, ки монанди ғуддади саратонӣ аст, фарохоне барои ҳамбстагии байналмилалӣ ва иқдоми мушобеҳи мудохилаи пизишкӣ алайҳи як тумури бадхим ё бемории апедемик ва пондемики вирусӣ аст.

Гузориши гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар арозии фаластинӣ, Франческа Албанез, бо унвони «Анатомияи наслкушӣ», арзёбии интиқодӣ ва мубтанӣ бар шавоҳид аз вазъияти кунунии Ғазза ва нотавонии ҷомеаи байналмилал дар мутаваққиф кардани ин маворид ироа мекунад. Ёфтаҳои Франческа Албанез нишон медиҳад ҷиноёти Исроил дар Ғаззаро метавон ба унвони наслкушӣ таъбир кард. Ин гузориш моҳияти сеҷонибаи иқдомоти наслкуширо таҳлил мекунад, ки шомили куштани гурӯҳе мардум, осеб ҷиддӣ ба тамомияти ҷисмӣ ё рӯҳии онҳо ва таҳмили амдии шароит барои тахриби ҷисмӣ ва рӯҳии як гурӯҳ мешавад.

Ҷанги ҷорӣ дар Ғазза, ки бо талафоти азим ва бесобиқа ҳамроҳ аст, гувоҳи возеҳ бар ниёзи фаврӣ ба як рӯйкарди байналмилалии ислоҳшуда барои ҳали муноқиша ва кумакҳои башардӯстона аст. Ҷиноёти Исроил, ки ҷони беш аз 32000 нафарро гирифта, ки бештари онҳо кӯдак ва зан буданд ва ҳудуди 75000 нафар маҷрӯҳ шуданд, бар заруратҳои фаврии башардӯстона ва ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид мекунад.

Дар партави ин мулоҳизот, тартиботи геополотикӣ ва ниҳодии кунунӣ ниёзманди як арзёбии муҷаддади амиқ ва фаврӣ аст. Нигоҳ ба оянда бояд шомили баррасии интиқодӣ аз нақшҳо ва масъулиятҳои бозигарони калидии ҷаҳонӣ, эҳёи стандартҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии байналмилалӣ, ва тааҳҳуди муҷаддад ба сулҳ, амният ва каромати инсонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад