Имрӯз Фаластин масъалаи аввали ҷаҳон аст

 Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо ҷаноби Исмоил Ҳания бо таъкид бар ин ки куштори мардуми Ғазза дар минтақа ҳар инсони соҳиби виҷдонеро мутаасир мекунад, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи ҳимоят аз қазияи Фаластин ва мардуми мазлум ва муқовими Ғазза ҳеҷ тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон (26/03/2024) дар дидор бо ҷаноби Исмоил Ҳания раиси “Дафтари сиёсии ҲАМОС” ва ҳайати ҳамроҳаш, бо таҷлил аз истодагии беназири неруҳои муқовимати Фаластин ва ҳамчунин мардуми Ғазза таъкид кард: Сабри таърихии мардуми Ғазза дар муқобили ҷиноятҳо ва ваҳшигариҳои режими саҳюнистӣ, ки бо ҳимояти комили ғарб анҷом мешавад, як падидаи азим аст, ки ҳақиқатан ба Ислом иззат бахшид ва мавзуи Фаластинро бар хилофи хости душман ба масъалаи аввали ҷаҳон табдил кард.

Ишон бо таъкид бар ин ки куштори мардуми Ғазза дар минтақа ҳар инсони соҳиби виҷдонеро мутаасир мекунад, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи ҳимоят аз қазияи Фаластин ва мардуми мазлум ва муқовими Ғазза ҳеҷ тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод.

Оятуллоҳ Хоманаӣ мавзуи ҳимояти афкори умумии байналмилалӣ ва ҳамчунин афкори умумии ҷаҳони Ислом ба хусус дунёи араб аз мардуми Ғаззаро муҳим арзёбӣ карда ва гуфт: Иқдомоти таблиғотӣ ва расонаии муқовимати Фаластин то кунун бисёр хуб ва пештар аз душмани саҳюнистӣ будааст ва бояд дар ин замина беш аз пеш иқдом шавад.

Ишон ҳамчунин ёди шаҳид “ал-Орурӣ” аз раҳбарони ҲАМОС-ро, ки ба дасти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид, гиромӣ дошта ва хотирнишон кард: Ин шаҳиди бузургвор шахсияти барҷастае буд, ки оқибати мубораки шаҳодат подоши Худованди Мутаол ба муҷоҳидатҳои вай буд.

Ҷаноби Исмоил Ҳания раиси “Дафтари сиёсии ҲАМОС” низ дар ин дидор зимни ташаккур ва қадрдонӣ аз ҳимоятҳои мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон  аз қазияи Фаластин ба хусус мардуми Ғазза, гузорише аз охирин таҳаввулоти майдонӣ ва сиёсии ҷанги Ғазза ироа кард ва гуфт: Сабру истодагии мисолзадании мардуми Ғазза ва неруҳои муқовимат дар ин шаш моҳ, ки аз имони росихи онон сарчашма мегирад, сабаб шудааст, ки душмани саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи роҳбурдии худ дар ҷанги Ғазза даст наёбад.

Ӯ бо таъкид бар ин ки амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” устураи шикастнопазирии режими саҳюнистиро аз байн бурд ва акнун душмани саҳюнистӣ баъд аз гузашти шаш моҳ хасоратҳои сангине дида ва ҳазорон нафар аз низомиёни ин режим кушта ва захмӣ шудаанд, афзуд: Ҷанги Ғазза як ҷанги ҷаҳонӣ аст ва ҳайати ҳокимаи Амрико шарики аслии ҷиноятҳои саҳюнистҳост, зеро мудирияти ҷанги режими саҳюнистиро ба уҳда дорад.

Исмоил Ҳания дар поён хитоб ба оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: Ба ҷаноби олӣ итминон медиҳам, ки бо вуҷуди ҳамаи ваҳшигариҳо ва ҷиноятҳо ва насткушие, ки дар Ғазза дар ҷараён аст, мардуми Ғазза ва неруҳои муқовимат боқудрат истодаанд ва ба душмани саҳюнистӣ иҷоза нахоҳанд дод, ки заррае ба аҳдофи худ бирасад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад