Дархости сафорати кишвар аз тоҷикистониҳо дар Русия

Сафорати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои телеграмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор дод, ки он ҷо шаҳрвандонро барои анҷоми амалҳои террористӣ ҷалб мекунанд.

Сафорати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои телеграмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор дод, ки он ҷо шаҳрвандонро барои анҷоми амалҳои террористӣ ҷалб мекунанд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар робита ба фоҷеаи даҳшатбор дар Крокус ва муттаҳам шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳодисаи нангин, сафорати Тоҷикистон дар Русия бо як паём ба тоҷикистониҳо дар Русия муроҷиат намудааст.

Дар паёми сафорат омадааст, ки вазъ барои шаҳрвандони хориҷӣ тағийр наёфтаааст, танҳо пас аз ин ҳодисаи пурқурбонӣ назорат дар тамоми муассисаҳо, ҷойҳои серодам, корхонаву марказҳои савдо пурзӯр карда мешавад.

Дар робита, ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алъон дар Русия кору зиндагӣ доранд, даъват намуд, ки ба маълумотҳои сохта ва беасосе, ки аз ҷониби гурурҳҳои алоҳида ва шахсони ҷудогона таҳия ва нашр карда мешаванд бовар накунанд.

Сафорат ҳамчунин аз гурӯҳҳои телеграммӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки дар онҳо гурӯҳҳои тундгаро барои анҷоми амалҳои террористӣ шаҳрвандонро ҷалб мекунанд.

Дар хабарнома омадааст:

“Аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд, то ба доми фиреби гуруҳҳои ифротгароӣ наафтанд”.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳатман ҳангоми кор, таҳсил, табобат ва ё сайёҳат дар қаламрави Русия тибқи талаботи қонунгузории ин кишвар таҳия намоянд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.

Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуда, ба сӯи одамон тир холӣ карданд ва толори консертиро оташ заданд.

Бар асари ин ҳодисаи мудҳиҳ 139 нафар, аз ҷумла се кӯдак ҷон бохтанд.

Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд боздошт шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити Ҳолл ҳарчи бештар ҳадафи бегонаситезӣ қарор мегиранд.

Дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур, Шарқи Дури Русия, як қаҳвахонае, ки ба муҳоҷирон тааллуқ дошт, оташ зада шудааст.

Се шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Калуга аз тарафи як гуруҳ дар кӯча латукӯб шуда, як нафари онҳо дар бемористон бистарӣ гаштааст.

Аз чанд шаҳри Русия шикоят мерасад, ки муштариён аз хидмати таксиронҳои тоҷик даст мекашанд. Онҳо пас аз қабул шудани фармоиши худ талаб мекунанд, агар ронанда тоҷик ё аз Тоҷикистон аст, супориш бекор карда шавад.

Як сокини ноҳияи Восеъ гуфт, нисфирӯзии 23-уми март ду бародар ва писарашро дар Маскав боздошт карданд ва то кунун ҳеч хабаре аз сарнавишташон нест.

Вай гуфт:

“Онҳо ба таъмири хонаҳо машғул буданд ва писарам ягона ноновар аст. Фақат фаҳмидем, ки онҳоро бо чанд тоҷики дигар қапидаанд. Намедонем куҷо бурданд ва бо онҳо чӣ шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки пас аз даъвати Сафорати Тоҷикистон дар Русия аксари муҳоҷирон аз манзилҳои худ берун намераванд.

Канали телеграмии “База” хабар дод, ки баъд аз воқеаи Крокус дар ниҳодҳои умури дохилии Русия гуруҳҳои махсуси тафтиши иловагии муҳоҷирон таъсис ёфтаанд. Ин дастаҳо хобгоҳҳои умумӣ, ширкатҳо, масирҳои гуногунро ҳадафи тафтиш қарор дода, ҳамроҳ бо кормандони пулиси роҳ аснод ва ҳувияти муҳоҷиронро месанҷанд. Муҳоҷирони тоҷик эҳсоси инро доранд, ки онҳо ҳадафи асосии ин санҷишҳо қарор хоҳанд гирифт.

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Пенза ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз ҳамватанони ӯ нақшаи бозгашт ба Тоҷикистонро доранд. Дар ҳамин ҳол садҳо ҳазор тоҷике дар Русия бо аҳли хонаводаашон зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифта ва сарнавишти худро ба он пайвастаанд.

Мавридҳои тоҷикситезӣ дар Русия дар ҳоле густариш меёбанд, ки чандин чеҳраи маъруфи ин кишвар нисбати тоҷикон суханони нек гуфта, ҷомеаи Русияро аз лағжидан ба умқи нажодпарастӣ ва ақидаву аъмоли шадиди ростгароӣ ҳушдор додаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад