Он чи дар Фаластин сурат мегирад, як наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст+видео

Сайид Иброҳими Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии  Эрон, дар дидор бо раисиҷумҳури Русия дар Маскав, бо баёни ин ки Фаластин аз меҳварҳои мавриди музокира байни Эрону Русия аст, изҳор дошт: “Ғазза сарзамине аст, ки дар ҳар даҳ дақиқа як кӯдак дар он ба шаҳодат мерасад, аз ин рӯ зарурат дорад ҳар чи зудтар ҷилави ин бомбборонҳо гирифта шавад, бояд дар ин робита роҳи ҳалли сареъ ва фаврӣ дунбол шавад”.
Раисӣ гуфт: “Он чи дар Фаластин сурат мегирад, як наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст ва боиси таассуф аст, ки беш аз 5 ҳазор кӯдак ба дасти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд”.
Вай тасреҳ кард: “Ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Ғазза мавриди ҳимояти Омрико ва кишварҳои ғарбӣ аст ва таассуфбор аст, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ташаккулҳои муддаии ҳуқуқи инсон короии худро аз даст додаанд”.
Сайид Иброҳими Раисӣ бо баёни ин ки Фаластин ва мардуми мазлум ва муқтадири Фаластин аз меҳварҳои мавриди музокира байни Эрон ва Русия аст, изҳор дошт: “Ғазза сарзаминест, ки дар ҳар даҳ дақиқа як кӯдак дар он ба шаҳодат мерасад, аз ин рӯ зарурат дорад ҳар чи сареътар ҷилави ин бомбборонҳо гирифта шавад, бояд дар ин робита, ки ба дағдағае барои башарият табдил шудааст, роҳи ҳалли сареъ ва фаврӣ дунбол шавад”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад