Дар остонаи дувумин сафари Раисӣ ба Русия

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе ба даъвати расмии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ - иқтисодӣ роҳии Маскав мешавад.

Ройзанӣ дар хусуси масоили дуҷониба, аз ҷумла таъомулоти иқтисодӣ ва низ гуфтугӯ дар хусуси мавзуъоти минтақаӣ ва байналмилалӣ бавижа мавзӯи Фаластину таҳаввулоти Ғазза, аслитарин дастури кори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафари як рӯза хоҳад буд.

Ин дувумин сафари Раисӣ ба Русия аз ибтидои кори давлати сездаҳум (мурдоди 1400) аст. Раисӣ 29 дайи 1400 дар дидор бо Путин дар Маскав бо ишора ба нақши таъсиргузори ду кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, идроки муштараки ду кишвар дар масоили минтақаӣ ва байналмилалиро заминасози ҳамкориҳои муштарак хонду афзуд, равобити Эрону Русия дар масири муносиботи роҳбурдӣ қарор дорад. Акнун дувумин сафари Раисӣ ба Русия дар ҳоле анҷом мешавад, ки Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ рӯзи сешанбе (5 декабр) дар ҳошияи нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Дарёи Хазар дар Маскав бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дидор кард ва ду тараф санадеро барои муқобила бо таҳримҳои якҷониба ва таъдилу ҷуброни он имзо карданд.

Ҳар ду кишвари Эрону Русия таҳти таҳримҳои Ғарб бавижа Амрико қарор доранд, ин мавзӯ азми Теҳрону Маскавро барои тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва баландмуддат, аз ҷумла дар муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ бештар кардааст, ки намунаи боризи он, иҳтимоми мақомоти Эрону Русия барои такмили пружаи каридори шимол – ҷануб ва тавсеаи зерсохтҳо аст.

Дар ин бора, Лавров бо таъкид бар аҳамияти каридори шимол – ҷануб гуфтааст, Русия хоҳони афзоиши зарфияти ин каридор ва ҳамчунин алоқаманд ба густариши таъомулот бо Эрон дар ҳавзаи энержӣ аст. Дар ин ҳол, оморҳо низ аз раванди рӯ ба рушди равобити тиҷории ду тараф ҳикоят дорад. Аз соли 2020 то 2022 мубодилоти тиҷории Эрону Русия беш аз ду баробар рушд дошта ва аз 2.22 миллиард доллар дар соли 2020 ба 4.6 миллиард доллар дар соли 2022 расидааст, дар 9 моҳи нахусти соли 2023 низ мубодилоти тиҷорӣ байни Русия ва Эрон нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли қабл, 30 дарсад афзоиш ёфта ва ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия, дар ҳоли ҳозир 60 дарсади мубодилоти тиҷории ду кишвар бо арзҳои миллии рубл ва риёл анҷом мешавад.

Бадеҳист, мавозеъи муштараки Эрону Русия дар бораи бисёре аз таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мухолифат бо якҷонибагароии Амрико, масоили Осиёи Миёна, Қафқоз, Афғонистон, Яман, Ироқу Сурия ва муқобила бо терроризм, нишон медиҳад, ки Эрону Русия дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дорои иштироки манофеи роҳбурдӣ ҳастанд.

Таҳаввулоти Фаластину ҷанги Ғазза аз дигар мабоҳисе аст, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрону Русия бо вуҷуди ихтилофоте, ки дар қиболи режими саҳюнистӣ доранд, ба таъомули наздик дар бораи он идома медиҳанд. Дар ҳафтаҳои ахир ва ба дунболи ҳамалоти густардаи низомии режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, руасои ҷумҳур ва ҳамчунин вазирони умури хориҷаи Эрону Русия телефонӣ, ройзанӣ ва бар лузуми таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо ва имдодрасонӣ ба фаластиниёни сокини Ғазза таъкид кардаанд.

Бар ҳамин асос мавзуи таҳаввулоти Ғазза, аз ҷумлаи мавзуъоте аст, ки дар дастури кори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба Русия ва дидор ва гуфтугӯ бо раисиҷумҳури ин кишвар қарор дорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтгӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Русия дар 16 октябр, мавозеъи ин кишвар дар маҳкум кардани ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба ончӣ ки дар Ғазза дар ҳоли вуқуъ аст, эҳтимоли густариши доманаи ҷангу даргирӣ ба ҷабҳаҳои дигар вуҷуд дорад, ки агар ин иттифоқ биафтад кантроли авзоъ сахттар хоҳад шуд, лизо интизор дорем, ҳамаи кишварҳо ва маҷомеъи байналмилалӣ ва аз ҷумла Русия ба унвони яке аз аъзои доими Шӯрои амнияти Созмони милал, нақшофаринии муассиртаре дар заминаи таваққуфи ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистт ифои намоянд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад