Бедории насли нави Амрико ва таъсири он бар ояндаи равобит бо Исроил

Ҷунбиши эътирозии донишҷӯён дар Амрико, ки бо мавҷи густарда идома ёфтааст, дар ояндаи равобити ин кишвар бо Исроил ҳам таъсир дорад.

Дар ҳоле, ки наслҳои қаблии Амрико бо пайравӣ аз рӯйкарде, ки давлатҳои ин кишвар ба онҳо таҳмил карда буданд, худро муваззаф ба ҳимояти мутлақ аз режими саҳюнистӣ медонистанд, аммо насли ҷадид дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки раҳбарони ояндаи ин кишвар ҳастанд, як масири комилан дигарро пеш гирифтаанд.

Тайи чанд ҳафтаи гузашта ҷунбиши эътирозии азиме дар донишгоҳҳои Амрико алайҳи ҷиноятҳои режими ишғолгар дар ҳаққи мардуми бедифои Фаластин дар Навори Ғазза, табдил ба яке аз аслитарин таҳаввулоти марбут ба ҷанги Ғазза, дар расонаҳои ҷаҳон шудааст ва таҳлилҳои мутааддиде дар ин бора вуҷуд дорад.

Дар ҳамин бора шабакаи Ал-Ҷазира дар ёддоште ба қалами «Муҳаммад Ал-Миншов, таъсири хезиши донишҷӯии Амрико алайҳи режими саҳюнистӣ бар ояндаи равобит бо ин режимро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ҳайрати ҷомеаи амрикоӣ аз хезиши нухбагон алайҳи саҳюнистҳо

Барои баррасии ин мавзуъ дар дараҷаи нахуст бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки аксарияти амрикоиҳо дар замони оғози таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз Исроил ҳимоят мекарданд, аммо афкори умумии Амрико ҳамонанди кишварҳои аврупоӣ тайи шаш моҳи гузашта ба шакли қобили таваҷҷуҳе тағйир кардааст ва аксарияти онҳо мухолифи ин ҷанги вайронгари саҳюнистҳо алайҳи мардуми Фаластин ҳастанд.

Ин масъала ба равшанӣ дар назарсанҷиҳо, таҳаррукот ва тазоҳуротҳое, ки дар хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги Амрико ба вуқӯъ пайваста, қобили мушоҳида аст, ҳамзамон бо он мақомоти амрикоӣ ҳам ҳарчанд дар зоҳир, аммо маҷбур шудаанд лаҳни гуфтаҳои худро дар қиболи ҷанги Ғазза тағйир диҳанд ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ки ба шиддат мавқеияти худро дар интихоботи ояндаи Амрико дар хатар мебинад, маҷбур шудааст тайи давраи ахир фишорҳое бар Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ҷиҳати бознигарӣ дар таҳаррукоти низомии худ дар Навори Ғазза эъмол кунад.

Дар ин байн тайи ҳафтаҳои гузашта ҷунбиши азими донишҷӯӣ дар Амрико, ки ба садҳо донишгоҳи ин кишвар густариш ёфтааст ва тавассути донишгоҳҳои маъруф ва мӯътабаре ҳамчун Ҳорворд ва Колумбия ва Яйл ва муассисаи фановарии Масачосет раҳбарӣ мешавад, як пӯёии ҷадид ва муассир дар раванди эътирозҳои мардуми Амрико ба ҷанги ваҳшиёнаи режими ишғолгар алайҳи Навори Ғазза ва ҳимоятҳои давлати Амрико аз ин ҷанг ба вуҷуд меоварад.

Дар инҷо шоёни зикр аст, ки аксари хонаводаҳои амрикоӣ орзӯ доранд, ки фарзандонашон дар донишгоҳҳои барҷастае, ки ҳамакнун шоҳиди ҷунбишҳои эътирозӣ алайҳи режими саҳюнистӣ аст таҳсил кунанд ва аз кӯдакӣ фарзандони худро ба гунае тарбият мекунанд, ки дар оянда битавонанд вориди ин донишгоҳҳо шаванд; чароки медонанд донишомӯхтаи ин донишгоҳҳо дар воқеъ ояндаи Иёлоти Муттаҳидаро месозанд ва раҳбарони ояндаи ин кишвар хоҳанд буд.

Саркӯби озодии баён дар Амрико

Бар ҳамин асос идомаи саркӯби донишҷӯёни мӯътариз дар ин донишгоҳҳо ва хушунатҳое, ки давлати Ҷо Байден алайҳи онҳо эъмол мекунад, сабаби хашми густардаи гурӯҳҳои мардумии Амрико шудааст. Дар шароите, ки дар аввалин мутаммими Қонуни асосии Амрико бар ҳаққи мутлақи озодии баён ва озодии таҷаммуъҳои мусоламатомез таъкид шудааст ва ҳамчунин дар сояи иддаоҳои зиёде, ки давлати Амрико дар бораи ҳаққи озодии баён дорад, тасовири ҳамлаҳои ваҳшиёнаи афсарони полис ва неруҳои мусаллаҳи гвардияи миллӣ ба донишҷӯён ва муаллимони донишгоҳҳои мӯътабари ин кишвар барои мардуми Амрико бисёр ғайри қобили таҳаммул аст ва дастгирии садҳо донишҷӯи тарафдори Фаластин дар ин донишгоҳҳо ҷомеаи амрикоиро ҳайратзада ва бисёр хашмгин кардааст ва ба вижа онҳо аз тарафдорону ниҳодҳои ҳимоятгаи саҳюнизм дар Иёлоти Муттаҳида ба шиддат асабонӣ ҳастанд.

Ин ҷунбиши азими донишҷӯӣ дар Амрико дар ҳоле оғоз шудааст ва идома дорад, ки садоҳое дар дохили Конгрес низ дар эътироз ба ҷиноятҳо режими саҳюнисти алайҳи Навори Ғазза ва ҳимояти давлати Амрико аз ин ҷиноятҳо баланд мешавад, ба унвони мисол Берни Сендерз, сенатори мутараққии ҳизби демократ хитоб ба Нетонёҳу, ки донишҷӯёни Амрикоро ба яҳудиситезӣ муттаҳам карда буд, гуфт: «на оқои Нетонёҳу! Ин яҳудиситезӣ нест, дар муддати беш аз шаш моҳ кобинаи ифротии шумо 34 ҳазор фаластиниро қатли ом ва беш аз 77 ҳазор нафарро захмӣ кард ва 70 дарсади ин қурбониён занону кӯдакони Ғазза ҳастанд».

Чанд соли қабл Волтер Росил Мед, муҳаққиқи Шӯрои равобити хориҷии Амрико ва нависандаи рӯзномаи Вол Стрейт Журнол тайи суханронии худ дар маҷмаъе дар бораи сиёсати Амрико ва адёни илоҳӣ, ки дар Бӯстун баргузор шуд гуфт: «ҳимояти протистонҳои Амрико аз яҳудиён қабл аз по гузоштани яҳудиён ба кишвари навзуҳури Амрико ва қабл аз таъсиси Исроил вуҷуд дошт, бинобарин аҷиб набуд, ки Иёлоти Муттаҳида аввалин кишваре буд, ки дар соли 1948 Исроилро билофосила ба расмият шинохт.

Вай гуфт: аввалин амрикоиҳои дорои протистон мазҳабӣ мӯътақид буданд, ки яҳудиён мардуми баргузида ҳастанд ва бар асоси додаҳои сервиси таҳқиқотии Конгрес тай сечаҳоруми қарни гузашта Иёлоти Муттаҳида аз Исроил ҳимоят карда ва ҳудуди 260 миллиард доллар кумаки низомӣ ва иқтисодӣ ба он ироа додааст.

Аммо ҳамаи шавоҳиди ахир нишон медиҳад, ки ин равобит дар сояи тағйири афкори умумии Амрико дар ҳоли тазалзул мебошад.

Хезиши донишҷӯии дар Амрико ва таъсри он ояндаи равобит бо режими саҳюнистӣ

Тарито Порси, ноибраиси муассисаи Квинси дар Вашингтон дар вокуниш ба ҷунбиши азими донишҷӯӣ дар Амрико алайҳи режими саҳюнистӣ бо нашри матне дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва илова кардани тасвирҳое аз ин ҷунбиши донишҷӯӣ дар донишгоҳи Ҳорворд дар бораи таҳаввулоти кунунии донишгоҳҳои Амрико тавзеҳ дода гуфт: кӯтоҳандешии кобинаи Исроил бисёр аҷиб аст. Ин тасовир нишон медиҳад, ки бахши бузурге аз як насли ҷадиди Амрикое, ки нухбагони оянда ҳастанд Исроилро ба унвони як режими опортойд ва ваҳшӣ, ки демокрасии Амрикоро таҳдид мекунад, нигоҳ хоҳанд кард.

Аз тарафи дигар тибқи назарсанҷиҳои анҷомшуда тавассути муассисаи сиёсати Ҳорворд байни таърихи 14 то 21-и март, аз миёни 2010 ҷавони амрикоӣ, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд ва синни онҳо байни 18 то 29 сол аст, 51 дарсад аз онҳо қотеона хостори оташбас дар Навори Ғазза ҳастанд ва танҳо 10 дарсад мухолифи оташбас мебошанд.

Таҷовузи ваҳшиёнаи Исроил ба Навори Ғазза мафҳуми ҷанги касиф ва зиштро ба насли ҷадиди амрикоиҳо, ки мутаваллиди охири даҳаи 1990 ҳастанд муаррифӣ кард ва мавзеи ин насли амрикоӣ дар қиболи таҷовузҳои режими ишғолгар ба Ғазза ва мизони ҳимоят ва ҳамдардии онҳо бо мардуми Фаластин шоки бузурге барои наслҳои қаблии Амрико буд, ки зеҳнияти мутафовите дар бораи арзишҳои адолат ва баробарӣ доштанд.

Пеш аз ин шиорҳое монанди «ҳақ бо Исроил аст», «яҳудиситезӣ мамнуъ» ва… бар арсаи Амрико сайтара дошт, аммо имрӯз мебинем, ки ҷавонони амрикоиӣ, Исроилро як режими опортойд ва нижодпараст ва ваҳшӣ медонанд, бар ҳамин асос ҳомиёни Исроил дар Амрико аз иттифоқоте, ки имрӯз дар донишгоҳҳои ин кишвар рух медиҳад, ба шиддат бим доранд ба вижа инки теъдоди яҳудиёни амрикоӣ дар муқоиса бо теъдоди амрикоиҳои араб ва мусулмон, ки насли ҷадиди ин кишварро ташкил медиҳанд, ҳамчунон рӯ ба коҳиш аст, бар ҳамин асос нозирони умур мӯътақиданд, ки бояд мунтазири як гуфтмони шадиди интиқодии ҷадид алайҳи давлати Амрико ва Исроил дар Иёлоти Муттаҳида бошем, ки тавассути насли ҷадиди Амрико раҳбарӣ мешавад ва ояндаи равобити Иёлоти Муттаҳида бо режими саҳюнистиро ба шиддат таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад