Миср режими саҳюнистиро таҳдид кард

Расонаи амрикоӣ фош кард, ки Миср ҳамчунон бо кӯчондани фаластиниҳои сокини Ғазза ба шебҳи ҷазираи Сино мухолиф аст ва дар ин бора ба режими Исроил ҳушдор додааст.

Расонаи амрикоӣ фош кард, ки Миср ҳамчунон бо кӯчондани фаластиниҳои сокини Ғазза ба шебҳи ҷазираи Сино мухолиф аст ва дар ин бора ба режими Исроил ҳушдор додааст.

Ба нақл аз вебсайти хабарӣ ва таҳлилии Оксиюси Амрико, ки ба мақомоти режими Исроил наздик аст, ба нақл аз мақомоти амрикоӣ ва саҳюнист навишт, ки Миср ба Телавив ҳушдор додааст, ки агар фаластиниҳои Ғаззаро ба шебҳи ҷазираи Сино бикӯчонад, равобити худ бо Исроилро қатъ хоҳад кард.

Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср ҳафтаи дувуми ҷанги режими Исроил алайҳи Ғазза дар иқдоми камсобиқа парда аз нақшаи ин режим барои Ғазза ва Синои Миср бардошт ва гуфт: “Масъалаи кӯчондани фаластиниҳо ба шебҳи ҷазираи Синои Миср, яъне савқ додани ин кишвар ба самти ҷанг бо Исроил.”

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки идомаи “амалиёти низомӣ” (ҳамлаи заминӣ ба Ғазза) паёмадҳое барои минтақа хоҳад дошт ва мумкин аст ин паёмадҳо аз контрол хориҷ шавад.

Бархе аз қабилаҳои саҳронишини саҳрои Сино бо эълон зарбуаҷале аз давлати Миср хостанд барои вуруди кумак ба Ғазза то рӯзи панҷшанбе гузаргоҳи Рафҳро боз кунад, дар ғайр ин сурат ин корро аз тариқи иқдоми мусаллаҳона анҷом хоҳанд дод.

Рӯзномаи Financial Times-и Амрико ҳам як ҳафта баъд аз ин ифшогарӣ ва мавзеъгирии Қоҳира навишт, ки кишварҳои Фаронса, Олмон, Англис бино ба мухолифати Миср бо интиқоли аҳолии Ғазза ба шебҳи ҷазираи Сино ҳатто ба таври муваққатӣ, бо ин ида мухолиф ҳастанд.

Рӯзнома Идиут Оҳоронут ҳам баъд аз эълони мухолифати мисриҳо навишт, ки режими Исроил дар пешниҳоди ҷадид ба Миср аз ин кишвар хостааст агар бо искони аҳолии Ғазза дар шебҳи ҷазираи Сино мувофиқат кунад, Телавив ҳозир аст бедиҳии Қоҳира ба Бонки байналмилалии пулро пардохт кунад.

Гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам дар охирин мавзеъгирӣ дар ин масъала гуфтанд, ки “мо дар бораи ҳаргуна ҳамроҳӣ ва тарвиҷи проекти саҳюнистӣ барои кӯчондани мардуми Ғазза таҳти унвони кумак ё манотиқи амн ҳушдор медиҳем.”

Ин гурӯҳҳо бо баёни инки мавзеи мо дар хусуси муқобила бо ин тавтеаи якпорча аст, таъкид карданд: “ҳар кас хоҳони ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Ғазза аст, бояд барои таваққуфи наслкушӣ ва ҳамчунин боз кардани гузаргоҳҳо дахолат кунад.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад