Аҳдофи стратегии Амрико дар Қафқоз

Рӯйкарди Амрико дар минтақаи Қафқоз на ҳалли буҳрон, балки густариши танишҳо ва буҳронҳо аст, то битавонад фишорҳоро ба Русия афзоиш диҳад.

Ончи ин рӯзҳо дар канори таҳаввулоти ҷадид дар минтақаи Қарабоғ шоҳиди он ҳастем, шитоби фаъолиятҳои сиёсии давлати Ҷо Байден, раисҷумҳур Амрико дар Қафқози ҷанубӣ ба вижа дар равобит миёни Вашингтон ва Ереван аст.

Нишонаҳои ин таҳаррукот аз сӯи Вашингтон фаровонанд. Ба унвони мисол, рӯз душанбеи ҳафта ҷорӣ, «Саманта Повр, раиси Ожонси Амрико барои тавсеаи байналмилалӣ мавсум ба USAID ба Ереван сафар ва бо Некол Пашинян», нахуствазири Арманистон дидор кард.

Барои инки аҳамияти ин сафарро дар бистари маъное аслии он дарк кунем, лозим аст бидонем, ки аз USAID ба унвони муҳиммтарин бозӯи Амрико барои густариши нуфуз ва султа дар кишварҳои ҷаҳон ёд мешавад.

Вилям Блум, нависанда ва таърихдони амрикоӣ дар китоби “куштори умед” ба сурати мафуссал нақши ин бунёди ҷанги нарми амрикоиро дар рӯи кор овардани сиёсатмадорони ҳомии Вашингтон дар кишварҳои мухталифи дунё зери пӯшиши мафоҳими ҷозибе монанди “ҳуқуқи башар”, “пешбурди демокраси”, “тавонмандсозии занон” ва ғайра шарҳ додааст.

Кӯрек Алмосиён, таҳлилгари масоили геопултики дар мусоҳибае бо Russian Today дар тавзеҳе дар бораи сафари ҳайати амрикоӣ ба раёсати Повр ба Ереван, зимни ишора ба будҷаҳои ҳангфти USAID тайи солҳои ахир барои тақвияти ҷараёнҳои расонаӣ ва сиёсии ҳомии ғарб дар Арманистон гуфт: “ҳайати эъзомӣ аз Иёлоти Муттаҳида [дар солҳои гузашта] бистари аслиро барои қудрат гирифтан ва рӯи кор омадани Пашинян фароҳам кардааст.”

Тибқи ончи дар веб-сайти USAID омадааст, ин созмон соли гузашта 33.7 миллион доллар дар Арманистон ҳазина кардааст. Беш аз ниме аз ин будҷа барои проектҳои давлатӣ ва барои тақвияти ончи «ҷомеаи маданӣ» хонда шудааст, ҳазина шудааст.

Вазорати хориҷаи Амрико ахиран ба як андешкдаи таҳти ҳимояти молии USAID наздик ба 30 ҳазор доллар пардохт кардааст. Вашингтон гуфта ин будҷа барои «равшангарӣ дар бораи корзорҳои тахриби расонаӣ дар Арманистон» ва омӯзиши муқобила бо «пропогондо» ба рӯзноманигорони арманӣ ҳазина хоҳад шуд. 70 ҳазор доллари дигар ҳам барои тақвияти нақши расонаҳои давлатии Амрико дар телевизиони Арманистон ва 25000 доллар барои ҳимоят аз «барномаҳои lgbt» ихтисос дода шудааст.

Илова бар ин, тибқи ончи дар веб-сайти қарордодҳои давлати Амрико омада, Вазорати хориҷаи Амрико қасд дорад як мушовири ҳуқуқиро барои бознависии қавонини кор дар Арманистон истихдом кунад. Вашингтон ба илова қасд дорад 1.5 миллион доллар барои ончи «барномаҳои мубориза бо фасод» хонда шуда, ҳазина кунад.

Алмосиён мӯътақид аст Амрико ба се далел аз Пашинян ҳимоят мекунад: «яке, ба ин далел, ки Ӯ иттилое аз масоили геополотика надорад, дувум, ба ин далел, ки Ӯ зидди Русия аст, ва севум ба ин далел, ки худи Пашинян қабл аз ба қудрат расидан борҳо истидлол кардааст, ки ҳозир аст дар изои идғом дар “ҷомаи байналмилалӣ” аз Қарабоғ даст бикашад.»

Ба назар мерасад Пашинян ҳам дар сӯи дигар ин моҷаро қарзи бар гардани худро ба маҷмӯаи ғарб ва ба вижа Амрико адо кардааст. Бо онки Ереван ҷузви ақмори Шӯравии собиқ ва аз аъзои иътилофи низомӣ таҳти раҳбарии Русия ба номи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аст Пашинян ахиран иқдом ба баргузории размоиши низомӣ бо нируҳои Амрико карда, барои Украина пул ирсол намуда ва баъд аз судури қарори таъқиб алайҳ Путин дар девони кайфарии байналмилалӣ дар Гаага ба ин додгоҳ пайвастааст.

Ҳамчунин Пашинян соли ҷорӣ аз имзои баёнияи муштараки СПАД дар поёни нишасти ин иътилофи низомӣ дар Ереван худдорӣ кард. Вай он замон эълон кард, ки ин санад як арзёбии сиёсии равшан барои маҳкум кардани таҳоҷумҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ба хоки Арманистонро ироа намедиҳад.

Пашинян, илова бар ин, аз неруҳои ҳофизи сулҳи русӣ ба далели адами ҳимоят аз аромана дар минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ интиқод карда, дар ҳамон ҳол, ки худаш тааллуқи ин минтақа ба Ҷумҳури Озарбойҷонро ба расмият шинохтааст.

Нахуствазири Арманистон мӯътақид аст, ки неруҳои сулҳбони Русия пас аз истиқрор дар Қарабоғ дар ҷилавгирӣ аз афзоиши танишҳо ва боз нигаҳ доштани гузаргоҳ Лочин, ки Арманистонро ба Қарабоғ муттасил мекунад, нотавон буданд. Нируҳои Боку бо вуҷуди ҳузури сулҳбонони Русия дар он минтақа, гузаргоҳи Лочинро масдуд карданд. Ин масир дар ҳоли ҳозир ҳатто ба рӯи худравҳои борӣ бастааст ва ба гуфта мақомҳои арманӣ сабаби камбуди ғизо ва дору дар ин минтақа шудааст.

Пашинян чанд рӯзи пеш дар мусоҳиба бо рӯзномаи италияии Рипоблико эълон кард, ки сиёсати кишвараш бар иттикои бисёр зиёд ба Русия барои тазмини амнияти худ як иштибоҳи роҳбурдӣ аст, зеро Маскав қодир ба анҷоми он дар як минтақаи густарда нест.

Аҳдофи стратегии Амрико дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ

Минтақаи Қафқоз дар як маҳдудаи стратегӣ аз ҷаҳон қарор гирифта ва роҳи иртиботӣ байн Аврупо, Осиё ва ғарби Осиё ба ҳисоб меояд ва аз мавқеияти геостратегии хоссе бархурдор аст. аз сӯи дигар, кашфи манобеи саршори энергетика дар ин минтақа баъд аз даврони ҷанги сард нигоҳи қудратҳои бузург аз ҷумла Амрикоро ба ин минтақа ҷалб кардааст.

Илова бар ин авомил, наздикии ин минтақа ба Дарёи Хазар ва «хориҷи наздик»-и Русия аз ҷумла авомиле аст, ки боис мешавад ин минтақа барои ғарб ва Амрико аҳамияти вижае дошта бошад.

Нахустин ҳадафи амрикоиҳо аз ҳузури фаъол дар муноқишаҳои минтақаи Қафқоз густариши доманаи нуфузи НАТО дар ин минтақа аст. Паймони атлантики шимолӣ пас аз ҳузур дар Гурҷистон ба думболи эҷоди ҷойи по дар Боку ва Ереван аст.

Бо онки ҳеҷ як аз кишварҳои ҳавзаи Қафқози ҷанубӣ узви НАТО нестанд Амрико дар солҳои гузашта талош кардааст ки ҳамкориҳои худ бо ин кишварҳоро аз тариқи тарҳҳое монанди «барномаи широкати НАТО барои сулҳ» тақвият кунад.

Дувумин ҳадафи Амрико аз ҳузур дар минтақаи Қафқоз такмили кридорри энергетика аз Дарёи Хазар ба самти ҷануби Аврупо аст. Қафқози ҷанубӣ аз назари стратегӣ ба унвони як масири транзитӣ барои интиқоли нефт ва газ аз минтақаи Дарёи Хазар ба бозорҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Иёлоти Муттаҳида ба унвони масрафкунандаи аслии манобеи энергетика аҳамияти нуфуз дар минтақаи Қафқози ҷанубиро дарк кардааст.

Аммо яке дигар аз аҳдофи Амрико дар Қафқоз наздик шудан ба марзҳои Русия ва эҳтимолан эъмоли фишори бештар ба Маскав аст. Давлати Байден талош мекунад, то ҳамзамон бо даргирии Русия дар ҷанги Украина дар ҷабҳаҳои мухталиф низ Маскваро ҳадаф қарор диҳад ва яке аз ин аҳдоф минтақаи Қафқоз наздики марзҳои Русия аст.

Густариши нуфузи Амрико дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ манофеи Амрикоро дар ин манотиқ таъмин хоҳад кард; Бинобарин давлати Байден дар пӯшиши ҳимоят аз демокрасӣ ва кумак ба давлатҳои ин минтақа, роҳбурди бесуботсозӣ дар умури дохилии бархе кишварҳои ин минтақаро думбол мекунад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки рӯйкарди Амрико дар минтақаи Қафқоз на ҳалли буҳрон, балки доман задан ба танишҳо ва буҳронҳо аст, то аз ин тариқ битавонад аҳруми ҷадиде барои эъмоли фишор ба Русия фароҳам оварад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад