Муроҷиати ВКХ ба шаҳрвандоне, ки қасди сафар ба Қазоқистонро доранд

Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони кишвар тавсия додаст, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ВКХ ба шаҳрвандони кишвар тавсия додаст, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Мақомоти кишвар аз пурзӯр шудани чораҳои амниятӣ зимни вуруд ба Қазоқистон хабар дода, ба шаҳрвандон шеваи рафторро тавсия додаст.

Дар муроҷиатнома омадааст:

«Дар робита ба татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Қазоқистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ВКХ ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд».

Таъкид шудааст, ки тоҷикистониҳо бояд ҳангоми пурсиш ба суолҳои масъулин посухҳои мушаххас диҳанд.

Дар матлаб омадааст:

«Ҳангоми пурсишу тафтишҳои кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии Қазоқистон зимни воридшавӣ ба он кишвар, шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони бозистодан ё будубош, ҷойи истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб диҳанд».

Вазорати корҳои хориҷӣ ВКХ тавсия додаст, ки дар сурати лозим будан, суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефонро барои тамос пешниҳод намоянд.

ВКХ таъкид намуда дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо, шаҳрвандони кишвар, бояд ба сафорат ё консулгарӣ аз тариқи рамаҳои +77761760043, +77775883115 муроҷиат намоянд.

Ин ниҳод таъкид кардаст, ки миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати кор ва ҳимояти иҷтимоии Қазоқистон гузориш дод, ки ин кишвар дар соли 2024 беш аз 22 ҳазор хориҷӣ барои кор дар ин кишвар ҷалб карда метавонад.

Дар ин гузориш омадааст: дар соли 2024, саҳмияи умумии ҷазби нерӯи кори хориҷӣ ба Қазоқистон 0.23 дарсад нисбат ба теъдоди нерӯи кор дар ин кишвар ё 22 ҳазор нафар таъйин шудааст.

Идомаи матлаб дар …

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад