300 ҳазор сарбози украинӣ аз ҷанг бо Русия фирор карданд

Як рӯзномаи русӣ ба нақл аз як коршиноси низомӣ унвон кард, ки шумори низомиёни фирории артиши Украина ба 300 ҳазор нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, рӯзномаи русии “Фактический аргумент” дар гузорише навишт: шумори низомиёни фирорӣ аз артиши Украина аз замони оғози ҷанги ахир ба 300 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин гузориш ба изҳороти ахири яке аз низомиёни фирории украинӣ дар сафҳаи шахсии вай дар Телеграм ишора шудааст, ки гуфтааст: теъдоди фирориён аз артиши Украина ба таври густурдае дар ҳоли афзоиш аст.

Вай дар идома афзуд: ман ба ҳамроҳи 74 низомии дигар ба тозагӣ аз хидмат дар артиш фирор кардем, чун онҳо бо сарбозон бархурдҳои тавҳиномезе дошта ва шахсияти онҳоро мешикананд.

Вай афзуд: дар бархе маворид низ сарбозони украинӣ аз сӯи мофавқҳои худ мавриди зарб ва шатм қарор мегиранд, ки ин масоил боис мешавад беҳтарин тасмим барои онҳо фирор аз артиш бошад.

Дар ҳамин робита, “Олег Иванов” коршиноси низомии рус таъкид кард: омори фирори 300 ҳазор низомӣ аз артиши Украина, як омори воқеӣ ва дуруст аст ва ин теъдод дар оянда афзоиш ҳам хоҳад ёфт.

Вай афзуд: мардуми Украина аз ҷанг хаста шудаанд ва хоҳони идомаи набард нестанд. Онҳо эътимоди худро ба Владимир Зеленский (раисҷумҳури Украина) ва дигар ниҳодҳои давлатӣ аз даст додаанд.

Дар ҳамин робита, вазорати дифоъи Русия рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, ки контроли ду шаҳрак дар минтақаи Харков ва Донетскро ба даст гирифтааст.

Дар баёнияи содира аз сӯи вазорати дифоъи Русия дар ин хусус омадааст: ба талошҳои Украина барои осеб расондан ба таъсисоти энергияи Русия посух дода шуд ва субҳи имрӯз неруҳои мусаллаҳи Русия бо мушакҳои дурбурд ва бо диққати боло, ки аз дарё ва ҳаво партоб шуданд, ба таъсисоти энергӣ ва артиши Украина ҳамла карданд.

Баёнияи мазкур дар идома изофа кард, ки ин ҳамалот ба аҳдофи аз пеш таъйин шуда исобат карда ва тамоми аҳдоф низ мунҳадим шудаанд.

Гуфтнӣ аст, ки Русия аз замони амалиёти низомии вижаи худ дар Украина дар 24 феврали соли 2022, адавот ва таҷҳизоти ирсолии Ғарб барои неруҳои украинӣ аз ҷумла Танки Леопард 2 олмонӣ ва низ адавоти зиреҳии амрикоӣ ва англисӣ ва низ танкҳо ва таҷҳизот ирсол шуда аз сӯи НАТО ба Украинаро мунҳадим кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад