Қасди тавлиди солона як миллион тон энергияи сабз

Қасди кишвар барои энергияи сабз то соли 2040 барои ниёзҳои дохилӣ ва арза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, солона як миллион тон энергияи сабз тавлид кунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Далер Ҷумъа” вазири энергия ва манобеи оби кишварамон Тоҷикистон аз қасди кишвар барои тавлиди як миллион тон энергияи сабз барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ва содирот ба Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Душанбе қасд дорад то соли 2030 мелодӣ 10 гигават зарфияти энергияи таҷдидпазир дошта бошад.

Вай бо баёни ин, ки Тоҷикистон комилан ба маҳсулоти нафтии воридотӣ вобастааст, гуфт: дар ҳоли тавсеаи нақшаи роҳе барои тавлиди энергияи сабз ҳастем.

Бинобар омори ожонси байналмилалии энергия, зарфияти мавҷуди обии Тоҷикистон тақрибан 4 дарсад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Вазири энергия ва манобеи оби Тоҷикистон дар идома аз қасди кишвар барои тавлиди 500 ҳазор тон энергияи сабз то соли 2030 ва ду баробар шудани ин рақам то соли 2040 хабар дод ва афзуд: 75 дарсад аз ин ҳаҷм ба сурати билқувва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешавад.

Вай ин суханонро дар ҷараёни конфронси “Ҳафтаи интиқол ба энергияи сабз” дар Токиои Ҷопон дар авоили ҳафтаи ҷорӣ иброз кард.

Дар ин нишаст дар мавриди интиқол ба энергияи сабз, аз сӯхтҳои фусилӣ ба энергияи пок, коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ ва тавсеаи иқтисоди сабз сӯҳбат шуд.

Вазири энергияи ва манобеи оби Тоҷикистон дар чорчуби сафари худ ба Токио бо “Имото Сачико”, муовини ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Япония дидор ва масоили ҳамкории дуҷонибаи судманди ду тараф ва ҳамчунин иҷрои проектҳо дар бахши энергияи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад