Канорагирии Арманистон аз СПАД

Давлати Арманистон ба таври расмӣ аз муовинати дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ канорагирӣ кард.

Воҳон Ҳунониён сухангуи Вазорати корҳои хориҷаи Арманистон эълон кард: Ереван аз муовинати дабири кулли СПАД канорагирӣ кардааст Никол Пашинён, нахуствазири Арманистон борҳо аз СПАД ба далели бетафовутӣ дар қиболи масоили минтақавии ин кишвар интиқод карда буд ба унвони мисол дар 10 январи соли 2023 ба далели ихтилофоти Ереван ва Боку, Арманистон мизбонӣ аз размоиши муштараки кишварҳои узви СПАД-ро напазируфта буд.

Канорагирии Арманистон аз муовинати дабири кулли СПАД мавзуъи нав нест мақомоти давлати Ереван аз як соли гузашта ҳамвора таҳдид мекарданд, ки дар сурати идомаи бетаваҷуҳиҳои ин Созмон ва Русия ба ишғоли сарзаминҳои Арманистон тавассути Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ин Созмон хориҷ хоҳад шуд, албатта хурӯҷи якҷонибаи Арманистон аз СПАД-ро набояд чандон ҷидди қаламдод кард ба назар мерасад мақомоти Ереван ба манзури вокуниш ба бетаваҷуҳиҳои СПАД ва Русия ба Арманистон сирфан дар садади нишон додани нороҳати аз ин ташкилот буданд.

Дар пайи масдуд шудани гузаргоҳи Лочин тавассути Ҷумҳурии Озарбойҷон дар рузи 12 декабр Станислав Зас, дабири кулли СПАД эълом кард: Ин Созмон омода аст то дар сурати зарурият неруҳояшро ба марзи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон эъзом кунад.

Дабири кулли СПАД ҳамчунин гуфта буд: Яке аз гузинаҳои ин Созмон барои кумак ба аъзо ба хусус Арманистон ирсоли неруҳои ин Созмон ба марзҳои ин кишвар ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Аз нигоҳи мақомоти Арманистон ин иқдоми СПАД барои кумак ба Арманистон бисёр андак аст мақомоти Арманистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ интизор доштанд ҳамонгунае, ки дар умури Қазоқистон иқдом карданд дар умури минтақаи Арманистон низ бетафовут набошанд.

Мақомоти давлати Ереван ҳамчунин борҳо таъкид карданд, ки Русия бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия дар мавриди вогузории бахшҳои аз сарзамини Арманистон табони карда аст ба иборати дигар Русия тамоюл надорад сарзаминҳои ҷануби Арманисонро ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор кунад, шубҳа ва беэътимодии мақомоти давлати Ереван ба СПАД ва Русия бисёр зиёд аст ва сукут дар қиболи таҳарукоти тарафи озарӣ дар долони Лочин сабаб шуда аст бе эътимодии мақомоти Ереван ба муттаҳидонаш дар як соли гузашта афзоиш ёбад.

Ҷудо аз интиқодоти пай дар пайи мақомоти Арманистон аз Русия ва СПАД бояд гуфт: Пас аз эътирози ахир дар Гурҷистон, ки ба ақибнишинии давлати Тифлис дар муқобили як тарҳи ҳаёти ва зидди ғарби мунҷар шуд тардиде нест ки Амрико ва ниҳодҳои вобаса ба ин кишвар дар Арманистон дар садади ворид сохтани фишор бар Русия ҳастанд ва мавзуъи канорагирии Арманистон аз муовинати СПАД муҳимтарин иқдом барои тарсондани Русия қаламдодд мешавад.

Бо изҳороти ахири мақомоти амрикоӣ мушахас шуда аст, ки мақомоти ниҳодҳои ба истилоҳ вобаста ба давлати Амрико дар Гурҷистон дар барҳамзадани вазъияти дохилии Гурҷистон нақши асоси ва фаъоли ифо карданд.

Ба ҳамин далел баъид нест, ки Амрико дар ин замина дар Арманистон низ даст ба амалиёти зидди русӣ зада бошад ногуфта намонад, ки мувофиқатномаи авалияи таъсиси СПАД дар рӯзи 15 май соли 1992 миёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия имзо шуд бо вуҷуди ин ба далели бархе мухолифатҳо ва нуфузи дахолатҳои Ғарб ба вижа Амрико ин булуки низоми дар рузи 7 октиябри соли 2002 дар Кишинева пойтахти Малдавия ва бар асоси тасмими сарони кишварҳои узви СПАД таъсис ва асоснома ва мувофиқатнома ба вазъияти ҳуқуқии он имзо ва СПАД ба таври расми эъломи мавҷудият кард се кишвари Гурҷистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Узбакистон аз аъзои баъдии СПАД буданд, ки дар соли 1993 ба далели эъломи фиқдони короӣ аз ин Созмон хориҷ шуданд.

Ин кишварҳо сипас ба ҳамроҳи Малдавия ва Украина як иттиҳодияи низомии ҷудогона ба номи Гуам таъсис карданд, ки дар асл онро метавон рақиби СПАД ва тавтеаи Амрико зидди Русия хонд.

Гуам иҷрокунандаи тарҳҳои низомии Амрико дар арсаи кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравии собиқ аст ва аз ҷумла иқдомот дар чорчӯби ин ташкилот метавон ба эъзоми неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Гуам монанди Украина ва Гурҷистон ба Ироқ ишора кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад