Афзоиши 70 дарсадии будҷаи дифоии Русия

Вазорат молияи Русия аз афзоиши 70 дарсадии будҷаи дифоии ин кишвар барои соли оянда хабар дод ва Кремл ин афзоиши будҷаро барои муқобила бо “ҷанги таркибӣ” алайҳи Маскав зарурӣ донист.

Вазорат молияи Русия аз афзоиши 70 дарсадии будҷаи дифоии ин кишвар барои соли оянда хабар дод ва Кремл ин афзоиши будҷаро барои муқобила бо “ҷанги таркибӣ” алайҳи Маскав зарурӣ донист.

Хабаргузории Фаронса бо истинод ба Вазорати молияи Русия аз афзоиши 70 дарсадии будҷаи дифоии ин кишвар барои соли оянда хабар дод.

Димитрий Песков, сухангӯи Кремл дар ин бора гуфт, ки афзоиши будҷаи дифои Русия бо таваҷҷуҳ ба “ҷанги таркибӣ”-и мавҷуд алайҳи ин кишвар ва тадовуми амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, масъалаи бисёр зарурӣ аст.

Ин хабар дар ҳоле аст, ки артиши Украина эълон кард, ки бо ҳамлаи паҳподӣ ва мушакии Русия ба манотиқи мухталифи Украина муқобила ва 34 паҳпод аз маҷмӯъи 44 паҳпод ва мушаки шилликшударо мунҳадим кардааст.

Мақомоти низомии Украина ин ҳамлаҳои Русияро, ки шомгоҳи чаҳоршанбе ва бомдоди панҷшанбе анҷом гирифт, бисёр густарда тавсиф карданд.

Вазорати дифои Русия низ гузориш дод, ки неруҳои ин кишвар 10 ҳамлаи Украинаро дар наздикии Клишичевко ва дар ҷануби наздики рӯстои Нолский дар наздикии Бохмут дафъ карданд.

Украина дар чанд вақти ахир ҳамлаҳои худро ба шебҳи ҷазираи Криме ташдид кардааст ва чанд рӯзи пеш фармондеҳи новгони Дарёи сиёҳ Русияро дар шаҳри Севастопол ҳадаф қарор дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад