Ҳалқаи оташ; стратегияи нави муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ

Аъзои шабакаи меҳвари муқовимат бар асоси стратегияи “ваҳдати майдонҳо” марҳилаи ҷадиде аз иқдомот ва тангтар кардани ҳалқаи оташ алайҳии иқтисоди Исроилро дар дастури кори худ қарор додаанд.

Аъзои шабакаи меҳвари муқовимат бар асоси стратегияи “ваҳдати майдонҳо” марҳилаи ҷадиде аз иқдомот ва тангтар кардани ҳалқаи оташ алайҳии иқтисоди Исроилро дар дастури кори худ қарор додаанд.

Дар ҳоли ҳозир, аъзои шабакаи меҳвари муқовимат бар асоси стратегияи “ваҳдати майдонҳо” марҳалаи ҷадиде аз иқдомот ва тангтар кардани ҳалқаи оташ алайҳи иқтисоди Исроилро дар дастури кор худ қарор додаанд. Нуктаи калидӣ дар ҷараёни ин марҳала аз амалиёти муштараки гурӯҳҳои муқовимат алайҳи манофеи ражими саҳюнистӣ дар дохил ва хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ, илова шудани муқовимати исломии Ироқ ва гурӯҳи Сароялқудс, Баҳрайн ба “ҳалқаи дувум” аст.

Ба иборати дигар аз ин пас ин гурӯҳҳо ба сурати мустақим манофеи саҳюнистҳоро дар умқи хоки Фаластини ишғолӣ ва муҳити перомуни он ҳадаф қарор медиҳанд. Давлати наҷоти миллии Яман низ расман бо интишори баёнияе аз оғози марҳалаи чаҳоруми амалиёти ҳимоят аз муқовимати Фаластин хабар дод. Бар ҳамин асос дар идомаи ин ёддошт саъй хоҳем кард, то ба ҷустуҷӯи стратегияи ҷадиди аъзои муқовимат алайҳи Исроил ва таъсири он бар музокироти Доха- Қоҳира бипардозем.

Бо оғози даври ҷадиди иқдомоти боздорандаи меҳвари муқовимат барои ҳимоят аз гурӯҳҳои фаластинии мустақар дар Навори Ғазза, ду амалиёти паҳподии гурӯҳи баҳрайнии Сароё Аштар ба аҳдофе дар бандари Илот бузургтарин шигифтона барои системаи амниятӣ- низомии Исроил буд. Ин гурӯҳ, ки пас аз хезиши мардуми Баҳрайн алайҳи Оли Халифа эълони мавҷудият кард, дар соли 2014 дар феҳристи гурӯҳҳои террористии кишварҳое монанди Амрико ва Канада қарор гирифт.

Бар асоси ахбори нашршуда дар расонаҳои арабӣ зоҳиран раҳбарии ин гурӯҳ бар ӯҳдаи Аҳмад Юсуф Сарҳон ва Ҷосим Аҳмад Абдуллоҳ аст. Бо онки ин гурӯҳи баҳрайнӣ (эҳтимолан) аз хоки Ироқ ё Сурия аҳдофи аз пеш таъйиншударо дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор медиҳад, аммо вуруди он ба таҳаввулоти майдонӣ паёми равшане барои Телавив ва муттаҳидони он дар Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дорад. Бо ташдиди иқдомоти муқовимати Яман алайҳи ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ, амалан бандари Илот аз чархаи содирот- воридот Исроил хориҷ шудааст. Пас аз ин рухдоди муҳими саҳюнистҳо бо ҳамкории Баҳрайн, Иморот, подшоҳии Саудӣ ва Урдун тасмим гирифтанд, то кридури заминӣ барои таъмини ниёзҳои худ аз қорраи Осиё эҷод кунанд. Дар чунин шароите бархе таҳлилгарон мӯътақиданд гурӯҳи Сароё Аштар метавонад нақши калидӣ дар ба бунбаст расидани ин тарҳ ифо кунад.

Бо ташдиди ҳамлаҳои ҳадафманди муқовимати исломии Ироқ алайҳи марокизи низомӣ – иттилоотии ражими саҳюнистӣ, неруи ҳавоии артиши Исроил дар бистуми апрел ба мақарри фармондеҳии Ҳашадушшаъбӣ ва типи 27-и артиши Ироқ ҳамла кард. Дар ҳамон рӯз муқовимати Ироқ ҳадафи ҳаётиро дар Ҷавлони ишғолӣ мавриди ҳамла дода буд. Дувум май муҷоҳидони ироқӣ мавозеи душмани исроилӣ дар минтақаи баҳр-ул-майит дарҳам кӯбиданд. Шояд муҳимтарин амалиёт ва нуқтаи атфи ҳамлаҳои муқовимати исломии Ироқ алайҳи ражими саҳюнистӣ ҳамла ба маркази иттилоотии “Гулилвот” вобаста ба сервиси Моссад буда бошад.

Ҳадаф қарор гирифтани ин марказ илова бар нишон додани ишрофи иттилоотии болои муқовимат нисбат ба марокизи ҳассоси саҳюнистҳо, нишондиҳандаи вуруди муқовимати Ироқ ба ҳалқаи дувуми ҳимоят аз гурӯҳҳои фаластинӣ дар ҷанг Ғазза аст. Рӯзи шанбе чаҳорум май муқовимати Ироқ бо интишори баёнияи расмӣ аз бомбаборони бандари Ҳайфо бо мушаки Куруз Ал-арқаб хабар дод. Ҳамакунун номи манотиқе ҳамчун Телавив, Ҳайфо, Илот ва баландиҳои Ҷавлон дар Бонки аҳдофи муқовимати Ироқ дида мешавад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бо оғози ҳамлаи густардаи артиши Исроил ба Рафаҳ доманаи ҳамлаҳо гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ низ густариш пайдо карда ва ба марокизи ҳаётии ражими саҳюнистӣ кашида шавад.

Ба гузориши шабакаи Ал-Масира Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман ахиран бо қироати баёнияи расмӣ, аз оғози марҳалаи чаҳоруми артиш дар маҳдудаи дарёи Медитарона ва ҳар маконе, ки дар тирраси мушакҳо ва паҳподҳои яманӣ бошад, хабар дод. Ин марҳала шомили ду бахш хоҳад буд. Нахуст; тамоми киштиҳое, ки бар хилофи ҳушдорҳои муқовимат дар бандарҳои ражими саҳюнистӣ паҳлӯ мегиранд, мавриди ҳадаф қарор хоҳанд гирифт. Бахши дувуми ин амалиёт бо вуруди заминии артиши Исроил ба Рафаҳ оғоз хоҳад шуд. Ба гуфтаи Яҳё Сареъ дар ин марҳала тамоми киштиҳои муртабит ба ширкатҳои нақзкунанда таҳрими муқовимат алайҳи Исроил мавриди шиносоӣ қарор гирифта ва тараддуди онҳо дар маҳдудаи амалиёти Ансоруллоҳ мамнуъ эълон хоҳад шуд.

Пас аз қироати ин баёния дар фазои умумӣ бархе корбарони фазои маҷозӣ ва таҳлилгарон аз эҳтимоли таҷҳизи ҷунбиши Ансоруллоҳ ба мушакҳои Ҳойперсуники сатҳ ба сатҳ хабар доданд. Ба гузориши Ал-Ҷазира дар марҳалаи чаҳорум, муқовимати Яман метавонад аз паҳподҳои Ваид бо бурди 2500 километр ва мушакҳои баллистик барои ҳадаф қарор додани манофеи стратегӣ ва иқтисодии ражими саҳюнистӣ баҳра барад.

Ҳамзамон бо пешрафти таҳаввулоти майдонӣ дар минтақаи шомот, таҳаррукоти дипломатик барои барқарории оташбас ва табодули асирон идома дорад. Дар як ҳафтаи ахир илова бар Антонӣ Блинкин ва Берт Мак Гӯрк, Вилям Бурунз, раиси созмони СИА низ барои назорат ва эҳёнан чоназанӣ бар сари барқарории оташбас миёни ҷунбиши Ҳамос ва ражими саҳюнистӣ роҳии Қоҳира шудааст.

Ба гузориши Рӯйтерз, вазири хориҷаи Амрико аз ҳамтои қатарии худ хостааст, ки дар сурати адами пазириши пешниҳоди оташбас аз сӯи ҷунбиши Ҳамос, ин кишвари арабӣ аз нақши «миёнҷӣ» хориҷ шуда ва дафтари ин гурӯҳи муқовимат дар Доха баста шавад. Ба гузориши манобеи ибрӣ пешнависи ироашуда ба ҷунбиши Ҳамос шомили тарҳи 3 марҳалаӣ аст, ки бар асоси он тайи давраи замонии 124 рӯза беш аз ҳазор асири фаластинӣ, ба вижа 60 ило 100 асири маҳкум ба ҳабси абад озод хоҳанд шуд. То поёни марҳалаи севум артиши Исроил комилан аз борикаи Ғазза хориҷ ва фароянди озодсозӣ ва табодули асирон такмил хоҳад шуд. Муҳимтарин нуктаи ин пешниҳод адами ишора ба се мавзуи калидذذ эълони поёни ҷанг бо тазмини хориҷӣ, ояндаи идораи Ғазза ва оғози фароянди бозсозии ин борика аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад