Путин Рӯзи Ғалабаро ба тоҷикистониён табрик гуфт

Президенти Русия гуфт, робитаҳои дӯстие, ки дар солҳои ҷанг барқарор шудаанд, заминаи боэътимоди рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳо боқӣ хоҳанд монд.

Ба гузориши ТоҷикПресс Спутник гузориш дод, ки Кремл ба президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба номаи шодбошӣ ирсол кардааст.

Тибқи ин гузориш, Владимир Путин дар остонаи таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар солҳои ҷанг дар ҷабҳа ва дар ақибгоҳ заҳмат кашида, пирӯзиро бо қимати қурбониҳо ва душвориҳо таъмин карданд, изҳори сипос ва эҳтиром кардааст.

Дар номаи шодбоши президенти Русия ба Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Муҳим аст, ки ҳама гуна кӯшишҳои таҳриф ва ё ба фаромӯшӣ супоридани таърихи умумиамонро пешгирӣ кунем. Ва албатта, анъанаҳои пуршарафи дӯстӣ ва ёрии ҳамдигариро, ки ба падарону бобоёни мо бо шараф дар озмоишщои низомь ва торумор кардани фашизм кумак карда буданд, ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузорем”.

Раҳбари Русия ҳамчунин ба президентҳо ва шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва ҳамчунин ба мардуми Гурҷистону Молдова ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрикот фиристод.

Путин изҳори итминон кардааст, ки риштаҳои дӯстие, ки дар солҳои ҷанг баста шудаанд, заминаи боэътимоди рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳо боқӣ хоҳанд монд.

Ӯ ба роҳбарон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ҷабҳа изҳори миннатдории самимӣ расонида, ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ, рӯҳи хуш ва умри дароз орзу кард.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҶШС Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафтаанд, ки тақрибан 100 ҳазор нафарашон барнагаштаанд.

Дар байни ҷанговарон аз Тоҷикистон 64 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушарраф гардиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад