Э. Раҳмон эътимодномаи сафири нави Русияро қабул кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳою татбиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда таъкид намуда, ба сафири навтаъйин барори кор хостааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳою татбиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда таъкид намуда, ба сафири навтаъйин барори кор хостааст.

Сафири навтаъйини Русия дар Душанбе, Семён Григорев ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома ва паёму дуруди роҳбарияти кишвари хешро тақдим кардаст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими эътимодномасупории сафирони нав дар Қасри Миллат баргузор шуд.

Дар маросим Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди муносиботи гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия андешаронӣ карда, изҳори умед намудаст, ки бо талоши сафири нав робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ боз ҳам таҳким меёбанд.

Ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба баён дошта шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон ба сафири навтаъйин ба муносибати оғози фаъолияташ барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиаш махсус таъкид кардаст.

Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир дар Тоҷикистон ва барканории Игор Лякин-Фроловро аз ин вазифа, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.

Бар асоси ҳолнома, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.

Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан низ ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Путин дар мақоми сафирии Маскав дар Душанбе, Игор Лякин Фролов баъди 9 соли кораш аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон, бо Семён Григорев иваз мекунад.

Семён Григорев,  ки 62 сол дошта, соли 1960 дар Маскав ба дунё омадааст ва МГИМО –  донишкадаи муътабари равобити байналмилалиро хатм кардааст, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, ба чанд забон, аз ҷумла ба англисӣ, форсию дарӣ ва пашту балад буда, озодона суҳбат мекардааст. Семён Григорев дар вақташ дар сафоратҳои СССР ва Русия дар Эрону Афғонистон кор карда, тӯли 10 сол – аз соли 2008 то 2018 – сафири Русия дар ҷумҳурии худхондаи Абхозистон буд ва чор соли охир  дар вазорати хориҷаи Русия раҳбарии департаменти равобит бо парлумон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва минтақаҳои Русияро бар уҳда дошт.

Семён Григорев алакай таҷрибаи кор дар Тоҷикистонро дорад – дар авоили аср, дар солҳои 2000-2001  ӯ ба ҳайси мушовири сиёсӣ дар дафтари САҲА дар Душанбе кор кардааст.

Игор Лякин-Фролов, ки рӯзи 10 сентябри соли ҷорӣ ба синни 74 мерасад, ба эҳтимоли ғолиб, бо тарки мақомаш дар Тоҷикистон, ба нафақа гуселонида хоҳад шуд.

Ба фарқ аз дипломатҳои ғарбӣ, ки дар пайи таъйиноташон ба Тоҷикистон, кӯшиш мекунанд, то забони тоҷикиро ёд бигиранд ва бо мардум ва ҳатто дар ҷаласаҳои расмӣ бо забони тоҷикӣ суҳбат кунанд, дипломатҳои рус дар Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ба забони русӣ ҳарф зананд ва ба омӯхтани забони тоҷикӣ алоқаи чандоне нишон намедиҳанд. Ҳатто Максим Пешков, сафири собиқи Русия дар Душанбе, ки форсиро хуб медонист, кӯшиш мекард, ки дар ҳама ҷо ба русӣ суҳбат кунад. Ҳоло бубинем, ки оё Семён Григорев ин стереотипро метавонад бишаканад ё ӯ ҳам дар Тоҷикистон ба забони русӣ тарҳеҷ хоҳад дод?

Ёдовар мешавем, ахир Амрико низ эълон кард, ки сафирашро дар Тоҷикистон иваз мекунад. Ба ин мақом ба ҷои Ҷон Марк Поммершайм, ки аз соли 2019 дар Душанбе кор мекунад, номзадии Мануэл П. Микаллер пешбарӣ шудааст.

Русия шарики асосии стратегии Тоҷикистон эътироф шуда, дар ин кишвар бузургтарин пойгоҳи ҳарбии хориҷиашро бо зери 7 ҳазор афсару аскар ҷойгир кардааст. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҳузури пойгоҳи 201-уми Русияро дастикам то соли 2042  тамдид карда, онро як кафили асосии таъмини субот ва амният дар ҷумҳурӣ ва минтақа мешуморад.

Тоҷикистон нафақат аз лиҳози сиёсӣ, балки аз нигоҳи иқтисодӣ низ сахт вобастаи Русия аст, чунки беш аз як миллион нафар, ё қариб нисфи аҳолии қобили кораш ҳар сол ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Рӯзгори аксари оилаҳо дар Тоҷикистонро асосан пулҳое таъмин мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан ба наздикони худ мефиристанд. Соли 2021 аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар пул фиристодаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад