Тоқаев аз нақшаҳояш барои баъди пирӯзӣ дар интихобот гуфт

Раисҷумҳури феълии Қазоқистон дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар кишвар раъй дода, изҳор дошт, ки бо номзадҳои дигар шинос нест.

Дар интихоботи ғайринавбатии президенти дар Қазоқистон, роҳбари феълии кишвар, Қосим – Ҷомарт Тоқаев раъйи худро дод. Вай зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод.

Ба суол, ки оё баъди интихобот ҳукуматро ба истеъфо мефиристад ё на, Тоқаев зикр намуд, ки бар асоси қонунгузорӣ ин ҳатмӣ нест.

Тоқаев гуфт: “Ин баъди интихоботи парлумонӣ ҳатмӣ мебошад, ки дар бораи баргузории он то охири сол изҳороти хосеро ироа хоҳам кард”.

Вай таъкид намуд, ки тағйироти мушаххасеро дар ҳукумат идома хоҳад дод.

Дар мавриди номзадҳои дигар ба президентӣ Тоқаев изҳор дошт, ки бевосита бо онҳо шинос нест, аммо муътақид аст, ки шахсони сазоворанд, ки дар рушди Қазоқистон саҳм мегузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.

Роҳбарии тӯлонии як нафар дар давлат на ба раисҷумҳур ва на ба кишвар шараф намеорад, изҳор дошта буд Тоқаев ва афзуд, дар минтақа Қазоқистон ягона кишвар бо як муҳлати президентӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад