Даргирии шадиди муборизони фаластинӣ бо низомиёни Исроил

Муборизони фаластинӣ бо неруҳои артиши режими саҳюнистӣ дар шаҳри Ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ ба шиддат даргир шуданд.

Тасовири видеоии нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки дар пайи ҳамлаи имрӯзи низомиёни режими Исроил ба шаҳри ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ, муборизони фаластинӣ бо онҳо ба шиддат даргир шуданд.

Муборизони фаластинӣ ба самти низомиёни саҳюнистӣ ба таври густурда тирпаронӣ карда ва дар масири убури мошинҳои низомии онҳо чандин бомбаро тарконданд.

Ҷабҳаи муқовимати Фаластин эълон кард, ки як гуруҳ вобаста ба ин ҷабҳа чанд бомба дар маҳалли мошинҳои артиши Исроил тарконда ва ҳамзамон шуморе аз низомиёни саҳюнистиро ҳам бо тирпаронӣ кушта ва захмӣ кардааст.

Неруҳои Исроил дар ин ҳамла, як хонаи шаҳрванди Фаластинро муҳосира ва бо ракета ҳадаф қарор доданд. Онҳо сипас як шаҳрванди фаластиниро боздошт карданд.

Дар юриши неруҳои яҳудӣ ҳадди ақал ду ҷавони фаластинӣ ба шиддат захмӣ шуда ва ба беморхона интиқол ёфтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад