Путин ба нишасти ҷаҳонии мубориза бо Короновирус даъват нашуда аст

Сухангӯи Кохи Керемл мегӯяд, Москва то кунун ҳеҷ даъватномае барои ширкат дар дувумин нишасти маҷозии мубориза бо Короновирус дарёфт накарда аст.

 

Сухангӯи Кохи Керемл мегӯяд, Москва то кунун ҳеҷ даъватномае барои ширкат дар дувумин нишасти маҷозии мубориза бо Короновирус дарёфт накарда аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сухангӯи Кохи Керемл эълом кард, ки ҳанӯз аз “Владимир Путин” раиси ҷумҳури Русия барои ширкат дар дувумин нишасти ҷаҳонии Ковид-19 даъват нашуда аст.

Бар асоси гузориши хабаргузории “ТАСС”, ин нишаст қарор аст 12 моҳи май ба мизбонии муштараки Амрико, Олмон, Индонезия ва Сенегал ба сурати маҷозӣ баргузор шавад.

“Димитри Песков” сухангӯи Кохи Керемл дар ин бора гуфт: Москва ҳанӯз ҳеҷ даъватномае барои ширкат дар нишасти ҷаҳонии мубориза бо вируси Короновирус дарёфт накарда аст.

Вай афзуд: Иттилое надорам, ки аслан Русия ба ин нишаст даъват шуда аст ё на.

Нишасти ҷаҳонии Короновирус қарор буд дар моҳи март баргузор шавад аммо пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва ба далели ин ки давлати Амрико ҳамчунон бо Кунгира барои таъмини будҷаи изофи барои ваксиносиюн кувид-19 даргир аст, ба моҳ май мувкул шуд.

Ин дувумин нишасти ҷаҳонӣ дар хусуси мубориза бо ҳамҳгирии Короновирус аст. Дар аввалин нишаст, ки дар сентябри 2021 мелодӣ баргузор шуд, Ҷо Байден, раис ҷумҳури Амрико аз кишварҳо хост то манобеъи бештареро барои кӯмак ба афзоиш нархи ваксиносиюн дар саросари ҷаҳон ихтисос диҳанд.

Пойгоҳи хабарии Палтика бо ишора ба баргузори ин нишаст навишт, ин нишаст дарҳоле баргузор мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди равишҳои муқобила бо Кувид-19 сардаргум аст ва бисёре аз кишварҳо маҳдудитҳои беҳдошти умумӣ монанди дастуроти моск дар фазоҳои баста ва иқдомоти қарнтинаро коҳиш додаанд. Дар ҳамин ҳол, миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ҳанӯз аввалин воксани худро дарёфт накардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад