16 намояндагии дипломатӣ ба кори худ дар Украина шурӯъ карданд

Вазорати корҳои хориҷии Украина 16 намояндагии дипломатиро эълон кард, ки ба кори худ дар Киев шурӯъ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Украина 16 намояндагии дипломатиро эълон кард, ки ба кори худ дар Киев шурӯъ карданд.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод аз Вазорати умури хориҷии Украина хабар дод, ки аз рӯзи душанбеи 18 апрел 16 намояндагии дипломатии кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ба кори худ дар Киев шурӯъ карданд.

«Ҳар рӯз бештари намояндагиҳои дипломатии кишварҳои дигар ба кори худ дар Киев аз сар мегиранд»,- гуфта мешавад дар як паёми шабакаи иҷтимоӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Украина таъкид кард, ки дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо, Фаронса, Италия, Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон, Туркия, Ҷумҳурии Чех, Словения, ҳамчунин Ватикан, Молдова, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Киев дубора кор шурӯъ карданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Давлат Назрӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина дар саҳифаи Фейсбуки сафорат навишта буд, ки «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки аз 4 апрели соли 2022 сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳат мебошанд”.

Сафир афзуда буд, ки “мо дар Киев ҳастем. Шаҳр нисбатан ором аст. Сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шаҳрвандони мо бо мо тамос мегиранд. Берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Харков ва дигар минтақаҳои хатарнок идома дорад”.

Гуфтанист, рӯзи 24 феврал Русия бо баҳонаи «демилитаризатсия» ва «денатсификация» ба хоки Укроин ҳуҷум кард. Аксари сафоратхонаҳо дар Киев баста шуданд. Баъзе аз кишварҳо сафорати худ дар Украинаро муваққатан ба минтақаҳои бехатар кучониданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сафорати Тоҷикистон дар Украина ба таври муқаррарӣ ба кори худ оғоз кардааст.

Дар ин бора Давлат Назрӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина дар саҳифаи Фейсбуки сафорат навиштааст.

Давлат Назрӣ навиштааст, «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки аз 4 апрели соли 2022 сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳат мебошанд”.

Сафир афзудааст, “Мо дар Киев ҳастем. Шаҳр нисбатан ором аст. Сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шаҳрвандони мо бо мо тамос мегиранд. Берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Харков ва дигар минтақаҳои хатарнок идома дорад”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 феврал Русия бо баҳонаи «демилитаризатсия» ва «денатсификация» ба хоки Укроин ҳуҷум кард. Аксари сафоратхонаҳо дар Киев баста шуданд. Баъзе аз кишварҳо сафорати худ дар Украинаро муваққатан ба минтақаҳои бехатар кучониданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад