Барои пешгирӣ аз короновирус танҳо ба тавсия мутахассисон амал кунед

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба самти оромиш даъват намуд, ки дар ҷаҳону пурталотуми короновирус, қарим 200 кишвар мубтало шудаанд гуфт, танҳо ба твсияи мутахассисон гуш кунанд ва ба воҳима дода нашаванд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд, аз таърихи Наврӯз ёдовар шуд ва гуфт мардум бояд дар чунин вазъияти мушкили ҷаҳонӣ чӣ кор кунанд.

Ба гуфти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ободу зебо кардани маҳалли зист, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ яке аз хислатҳои беҳтарину азалии мардуми тоҷик мебошад.

Ишон изҳор доштанд, ки “Хусусан, дар шароити паҳншавии босуръати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эътибори ҷиддӣ додан ба ин масъалаҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зеро саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи уст. Дар ин раванд, зарур аст, ки мардуми мо ба воҳимаю таҳлука наафтанд ва танҳо мувофиқи тавсияи мутахассисон амал намоянд”.

Бино ба гуфтаи президент, тибқи маълумоти муаррихон Наврӯз ба унвони ҷашни шодиву нишот ва пирӯзии равшанӣ бар зулмат ҳанӯз дар замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардида, барои таҷлили он барномаҳои хосса, аз ҷумла покизаву тоза намудани хонаву манзили зист, бахшидани гуноҳи якдигар ва монанди инҳо муқаррар шуда будаанд.

Асрҳои баъдӣ тавассути хонадонҳои Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён шаҳомати Наврӯз дар қаламравҳои зисти мардуми мо густариши бештар пайдо кард.

“Имрӯз мо бо ифтихору шодмонӣ эълон медорем, ки Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост”.

Раисиҷумҳур мардуми кишварро ба муносибати Наврӯз муборакбор гуфта, таманно кард, ки “Наврӯз ба ҳар як хонадони мардуми мо, кулли тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам паёми бахту саодат ва сулҳу субот оварад”.
P.V: Короновирус дар ҳоле, ки беш аз 190 кишварро ба таътилӣ кашондааст ҳатто кишварҳои пешрафтаро раисҷумҳури кишвар на танҳо ин амрро нодида гирифта балки ҷашни наврӯзро дар ҷойҳои мухталиф бо рақсу бози ҷашн гирфитанд, ки агар худои накарда яке аз мардум мубтало ба вирус бошад бештари афродро олуда мекунад. Зимни инки СММ ва дигар ниҳодҳо ҳушдорҳои лозимро ба Тоҷикистон дода буданд, ки дар ин марҳилаи ҳассос наврӯзро таътил кунанд ваҳич навъ ҷашне гирифта нашавад. Ҳоло баъд аз гузашти наврӯз оҳиста оҳиста Тоҷикистон низ омори мубтало ба короновирусро эълон мекунад ки аксаран аз ҳамин ҷашни навруз мубтало шуданд вале муттаҳами радифи аввал ё масҷидҳо ҳастанд ва ё муҳоҷирон.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад