Лавров: Марҳалаи ҷадиди амалиёти Русия дар Украина оғоз шуда аст

Вазири хориҷаи Русия аз марҳалаи ҷадиди амалиёти низомии вежаи Русия дар Украина хабар дод ва бори дигар таъкид кард нируҳои рус танҳо зерсохтҳои низомии ин кишварро ҳадаф қарор медиҳанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сергей Лавров”, вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (сешанбе) таъкид кард, ки мардуми Украина бояд барои сарнавишти худ тасмим бигиранд ва Масав барномае барои эъмоли фишор ба манзури тағйир режем дар Киев надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Лавров дар мусоҳиба бо “India Today” изҳор дошт: мо қасд надорем режеми Украинаро тағйир диҳем. Борҳо инро гуфтаем, мехоҳем Украиниҳо худашон тасмим бигиранд, ки чигуна мехоҳанд зиндагӣ кунанд.

Раиси дастгоҳи дипломатии Русия таъкид кард, ки Маскав чораи дигаре ҷуз оғози амалиёт надошт, зеро нируҳои Украина ҳамалоти худро дар Донбасс ташдид карда ва ин амр боиси тахлия густурдаи ғайринизомён аз минтақа шуда буд ва ҷумҳуриҳои халқи Донетск ва Луганскро маҷбур ба дархости кумак аз Маскав кард.

Вай ҳамчунин аз марҳалаи ҷадиди амалиёти низомии вежаи Русия дар Украина хабар дод ва бори дигар изҳор дошт, ки нируҳои русӣ танҳо зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд.

Хабаргузории “ТАСС” ҳам гузориш дод Сергей Лавров гуфт: марҳалаи дигаре аз амалиёти низомии вежаи Русия дар Украина барои озодсозии ҷумҳуриҳои халқ Донетск ва Луганск дар ҳоли оғоз аст ва ман мутмаин ҳастам, ки ин лаҳзаи бисёр муҳимме аз ин амалиёт вежа хоҳад буд.

Ба гузориш “Спутаник”, Русия амалиёти вежаи худро дар моҳи феврал бо ҳадафи таваққуфи ҷанги ҳашт сола дар Донбасс, ки Киев ба роҳ андохта буд, оғоз кард. Владимир Путин раиси ҷмҳури Русия аҳдофи амалиёти Русияро нозизудоӣ ва ғайринизоми кардани Украина хонда аст.

Расонаҳои ғарбӣ бомдоди сешанбе аз оғози марҳалаи ҷадиде аз амалиёти низомии вежаи Русия дар Украина хабар доданд. Масъули ситоди риёсати ҷмҳурии Украина эълом кард, ки мавҷи дувуми ҷанг бо ҳамалоти густурдаи Русия ба шарқи ин кишвар оғоз шуда аст.

“Владимир Зелинский”, раиси ҷумҳури Украина низ гуфт нируҳои русӣ, набарди Донбассро, ки аз муддатҳо пеш дар ҳоли омодҳсозии он буданд, оғоз карданд. Ҳамзамон хабаргузории “Руйтерз”, низ аз шунидашудани садои ожири ҳушдор дар саросари кишвари Украина хабар дод.

Пеш аз ин, сухангӯи вазорати дифоъи Украина гуфта буд, ки Русия неруҳои худро дар шарқи ин кишвар мутамаркиз карда то битавонад ду минтақа Донетск ва Луганскро ба контроли худ даровард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад