Ҳимояти Белгия аз узвияти комили Фаластин дар СММ

Белгия ҳимояти худро аз узвияти Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид эълом кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳаҷҷа Лаҳабиб, вазири корҳои хориҷии Бельгия зимни таъкид бар ҳимояти кишвараш аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид, эълом кард, ки ин амр нахустин гом ба сӯи барқарории сулҳ аст.

Маҷмаии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷумъаи пеши рӯ баррасии пешнависи қатъномаи ҷадиде дар бораи дархости ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони як узви комил ва ҳамрадифу ҳамонанди соири кишварҳои ҷаҳонро оғоз хоҳад кард.

Ин амр талоши муҷаддад бар иҷрои фишор ба Шӯрои Амният барои баррасии муҷаддади масъалаи ба расмият шинохтани Фаластин анҷом мешавад; пеш аз ин, пешнависи қатъномаи Алҷазоир дар 18 апрели гузашта тавассути Амрико вето шуд, дар ҳоле, ки 12 кишвар ба ин қатънома раъйи мусбат ва Швейтсария ва Англис ба он раъйи бетараф доданд.

Фаластин

Сарвазири Белгия: Дигар наметавонем иқдомоти Исроилро таҳаммул кунем; Иттиҳодияи Аврупо Исроилро бойкот мекунад.

Рӯзи душанбеи гузашта Спутник гузориш дод, ки Александр де Кроу, сарвазири Белгия гуфтааст, ки ин кишвараш дигар наметавонад зерипо гузоштани қавонин аз сӯи Исроилро таҳаммул кунад. Вай афзуд, Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳоеро дар вокуниш ба ин иқдомот дар назар мегирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад