Ногуфтаҳо аз шӯриш дар зиндон

Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти зиндониёни сиёсӣ мегӯяд, он нафароте, ки ҳамчун ДИИШ дар зиндонанд, дар Сурия ва Ироқ набуданд ва таҷриба надоранд ва ба иттиҳомоти мухталиф дар Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шудаанд; ба ҳамин далел созмонедеҳии шӯриш тавассути як ҷавони 20 сола боваркарданӣ нест.

Кушта шудани се рӯҳонии барҷастаи Тоҷикистон дар шӯриши зиндоне шаҳри Ваҳдат, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, Саттор Каримов (маъруф ба Махсуми Саттор), Сайидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур), ки шаби 19 май ба вуқӯъ пайваст ҳодисаи ҳайратовар барои бисёре аз таҳлилгарон ва фаъолони сиёсӣ буд. Бо ин ҳол ҳамчун дигар таҳаввулоти як соли ахири Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки ин мавзӯъ низ ба рағми онки ҳамчунон ба ибҳомот ва саволҳо пуршуморе рӯбарӯ аст, дар ҳоли интиқол ба архиви расонаҳо ва пайгириҳои расонаӣ аст. Аз сӯи дигар низ шинохти ин чеҳраҳо ва ҷойгоҳи онҳо метавонад кумаки фаровоне дар фаҳми воқеии таомулоти эҳтимолии пуштипарда ва ангезаҳои ин шӯриш дошта бошад. Дар ҳамин бора мусоҳибаеро бо Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии гаравгонон ва зиндониёни сиёсии тоҷик, ки муддате аст дар Аврупо фаъолиятҳои густардаеро дар ин ҳавза оғоз кардааст тартиб додаем.

Оқои Бобоев илова бар инки дар заминаи ҳуқуқи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон фаъолият дорад, аз дӯстони қадимии Махсуми Саттор ҳам ба шумор меравад. Бобоев пеш аз ин узви Шӯрои олии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам будааст.

Интиқоми Ҷабҳаи Халқ аз Махсуми Саттор

Саттор Каримов маъруф ба Махсуми Саттор дар соли 1957 мелодӣ дар як хонаводаи деҳқони рӯҳонӣ ба дунё омад. Агарчи дар шиносномаи вай таърихи таваллудш 1959 зикр шудааст, аммо дурусти он 1957 аст. Ман беш аз 30 сол аст, ки равобити дӯстона бо Махсуми Саттор доштам. Эшон дар ҳақиқат яке аз чеҳраҳои шинохташудаи тоҷик дар давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳастанд. Хидмат ба мардум ва варзиш аз ҷумла вижагиҳои боризи Махсуми Саттор буд ва ба далели сифати паҳлавонӣ ва рафотору диндорӣ ва исломдӯстиаш, дар миёни ҷанговарон, гӯштигирон ва мардум бисёр маъруф, маҳбуб ва мавриди эҳтиром буд. Ҳамчунин ёдам ҳаст Махсуми Саттор ҳамеша дар хонааш як меҳмонхона дошт, ки қариб ба 30 то 40 нафар аз заифон ва афроди нотавон дар он ҳузур доштанд ва ӯ ононро дастгирӣ мекард.

Махсуми Саттор аз даҳаи 1980 то ҳол дар канори барҷастатарин чеҳраҳои исломгарои тоҷик яъне марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, яке аз шахсиятҳои калидии ҲНИТ буд. Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки дар даҳаи 1990 рӯй дод, неруҳои Ҷабҳаи Халқ бародари ӯ Махсуми Абдуҷҷабборро сар буриданд ва ба шаҳодат расонданд. Амакаш ба номи Муродалӣ ҳам тавассути Ҷабҳаи Халқ ба шаҳодат расид ва ҳанӯз ҷасади вай пайдо нашудааст. Ин Ҷабҳаи Халқ ҳамонҳое ҳастанд, ки имрӯз идомаи онҳо дар давлат ҳастанд ва давлатдорӣ мекунанд. Фаъолиятҳои ӯ ва хонаводааш барои озодӣ ва истиқлоли Тоҷикистон дар ҳамон замон боис шуд то озору азиятҳои бисёре бубинанд. Ин фишорҳо ҳатто сабаб шуд то падару модари Махсуми Саттор, ки дар он замон аз беморӣ ранҷ мебурданд ба сактаи мағзӣ мубталош шуда ва фавт кунанд.

Интихоботи 2020; эҳсоси хатари давлат аз сӯи мухолифони сиёсӣ ва шоибаҳои пеши рӯ

Нукта муҳими дигар интихоботи соли 2020 дар Тоҷикистон аст. Дар ин интихобот гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад писарашро ба ҷои худ рӯи кор биоварад. Дар ин замон бояд барои сокит кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ зиндониёни сиёсиро озод кунад. Ба навъе афви умумӣ аз сӯи давлат барои мухолифон эълом шавад. Аммо барои онҳо шояд чеҳраҳое ҳамчун Эшони Қиёмиддин ва Махсуми Саттор ва дигарон хеле хатарнок буданд ва табиӣ аст беҳтарин роҳи аз миён бардоштани онҳо чунин сенарияҳо аст. Албатта ман инҷо наметавонам бигӯям худи давлат ё ДИИШ дар ин ҳодиса даст доранд ё хайр. Аммо медонем инҳо ҳамеша дар пайи ҳазфи чунин шахсиятҳо буданд.

Аз сӯи дигар ҳам рӯйкарди давлат дар адами посухгӯӣ ва изҳороти зидду нақизи бахшҳои мухталиф он, шубҳаҳоро афзоиш медиҳад.

Сухани аввал ва охири онҳо ҳеҷгоҳ бо ҳам мутобиқат надорад. Ҳамчунин яке аз равишҳои ҳамешагии давлат ихтилоф андохтан байни зиндониён буда ва акнун мебинем чунин иттифоқе рӯй додааст. Ба ман хабарҳои расида, ки афроди наздик ба ДИИШ, ки дар зиндон буданд, ҳамеша бо дигарон баҳсу ҷадал ва низоъ доштанд, ки гӯё аз сӯи худи мақомот созмонедеҳӣ мешуд. Аммо Махсуми Саттор бо ҷойгоҳ ва шахсияте, ки дошт ҳамеша онҳоро насиҳат мекард ва онҳо ҳам пароканда мешуданд.

Як нуктаи дигарро ҳам бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар хабарҳо мегӯянд, ки писари 20 солаи Гулмурод Ҳалимов, раҳбарии шӯришро ба ӯҳда дошта ва ин афродро бо кумаки афродаш куштааст. Аммо ин ҳеҷгоҳ боваркрданӣ нест. Махсуми Саттор касе набуд, ки инқадар осон ба дасти чанд кӯдак кушта шавад. Он нафарот ҳам, ки ҳамчун пайрави ДИИШ дар зиндонанд, дар Сурия ва Ироқ набуданд ва таҷриба надоранд. Ҳама ба иттиҳомоти мухталиф дар Тоҷикистон дастгир шуда ва зиндонӣ шудаанд. Аз ин рӯ ин кор то ҳадде боваркарданӣ нест.

Дархостҳои давлат аз Махсуми Саттор алайҳи ҲНИТ ва Эрон

Махсуми Саттор шахсе буд, ки Раҳмон ва мақомоти қудратӣ ӯро аз наздик мешинохтанд. Чун фарди маҳбубе буд ва обрӯ ва эътибораш дар сатҳи Тоҷикистон кам аз вазиру вазирон набуд. Барои ҳамин чанд бор аз ӯ дархост карданд бигӯяд ҲНИТ террорист аст, як бор ҳам Рӯзи истиқлол аз зиндон оваранд ба боздоштгоҳи муваққат ва ҳамаи хонаводаш ва мардум мерафтанд ва ӯро медиданд ва аз ӯ дархост мекарданд, ки ҷилави дурбин бигӯяд Эрон хоин аст ва ҲНИТ таҳти фармони Эрон аст ва гурӯҳе табаҳкор ва ифротӣ ва террорст мебошад то ба ин тартиб озод шавад. Вале вай ҳаргиз чунин маворидеро нагуфт ва зери бор нарафт.

Ҳатто дар мавриди банда ҳам иттифоқоте афтод. То кунун мақомоти давлатӣ чандинбор бо ман тамос гирифтанд ва пешниҳод доданд, ки фаъолияти сиёсиро раҳо карда ва дигар дар Аврупо ҳарфе аз Тоҷикистон назанам ва дар ивази он афв шуда ва ба Тоҷикистон бозгардам. Аммо ман ҳамеша рад мекардам. Ба ҳамин далел онҳо як бор Махсуми Сатторро маҷбӯр карданд, ки ба ман занг бизанад ва аз ман бихоҳад, ки бозгардам ба кишвар. Ӯ ҳамин хоҳишро аз ман кард, ки фаъолияти сиёсиро тарк кунам ва ба кишвар бозгардам. Аммо ман медонистам, ки ин сӯҳбатҳои вай таҳти фишор аст. Баъдҳо, ки паёме ба шакли ғайримустақим аз вай ба ман расид, мутаваҷҷеҳ шудам, ки ҳадси ман дуруст будааст ва тавсияи ӯ ин будааст, ки ҳаргиз бознагард.

Шайх Темур як сӯфии маҳбуб ва бо муриди фаровон дошт

Дар бораи Шайх Темур бояд гуфт, ӯ яке аз шахсиятҳои машҳур ва маъруф буд. Эшон аз сӯфиҳои тариқат буд ва пайравону муридони хеле зиёде ҳам дошт. Ҳатман медонед дар тариқатҳои сӯфӣ як пир доранд ва муридон ҳам аз ӯ пайравӣ мекунанд. Ӯ ҳам ба унвони як ришсафед пайравони зиёде дошт ва ба ҳамин далел давлат ҳам аз ӯ ҳамеша метарсид. қабл аз баста шудани ҲНИТ дар соли 2014 ё аввали 2015 барои Сайидмҳадихон Сатторов, маъруф ба Шайх Темур парвандасозӣ карда ва ӯро равонаи зиндон карданд. Ниҳоятан ҳам вай ба шаҳодат расид ва ҷасад ӯро ҳам ба касе нишон надоданд.

Васияти Махсуми Саттор

Ибтидо мақомоти давлатӣ намехостанд, ки ҷанозаи Махсуми Сатторро таҳвил бидиҳанд. Аммо дар машваратҳо мо тавсия кардем, ки ҳатман исрор кунанд ва мардум дар муқобили зиндон ҷамъ шаванд ва талаб кунанд, ки ҷанозаи ӯро таҳвил бидиҳанд. Чун ӯ маъруф буд ва мардум ҷамъ шуданд ва билохира мақомот маҷбӯр шуданд ҷасадро таҳвил бидиҳанд. Намози ҷанозаи вай дар хонааш анҷом шуд ва ҷанозаи Махсуми Саттор барои муддати кӯтоҳ дар ихтиёри хонаводааш қарор гирифт. Ӯро дар Қабристони Саросёб дафн карданд, ки аз қабристонҳои маъруф аст. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳам дар онҷо дафн ҳастанд ва Махсуми Саттор ҳам дақиқан поини пойи он ду ба хок супурда шуд.

Солҳои қабл вақте устод Нурӣ ва Ҳимматзода реҳлат карданд ва дар ин мазор дафн шуданд, ман ва Махсуми Саттор вақте, ки ба зиёрат мерафтем, ӯ дасти манро мегирифт ва мегуфт васияти ман ин аст, ки маро поини пойи ин бузургон дафн кунед. Билохира ҳам ӯ ба ин орзу ва васияташ расид. Он рӯз вақте хабари шаҳодаташро ба ман расонданд, ман аз наздиконаш хоҳиш кардам то васияти ӯро иҷро кунанд. Худоро шукр, ки ин хоҳиши ӯ ҳам иҷро шуд ва дар канори асосгузор ва раиси ҲНИТ ба хок супурда шуд.

Ҳукми қатли эшони Қиёмиддини Ғозӣ пеш аз ин содир шуда буд

Як нуктаи муҳиме, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ кард, изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди эшони Қиёмиддини Ғозӣ аст. Дар як ҷаласаи васеъ, Раҳмон ошкоро гуфт, ки эшон, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ як хиёнаткор ва ҷинояткор аст, ки мазҳаби Худро фурӯхта ва ба ба мазҳаби шиа гаравидааст. Аз сӯи бисёре аз тундравон ва ифротиҳо ин яъне судури ҳукми қатли вай буд. Ин дар ҳоле аст, ки мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва озод эълон шудааст ва ҳамаи адён ва мазоҳиб метавонанд озодона дар он фаъолият кунанд. Вале бубинед худи раисҷумҳур, ки бояд кафили озодии мардум бошад чунин сухане мегӯяд.

Дар ниҳоят дидем, ки Сайид Қиёмиддин ҳам мазлумона дар зиндони давлатии Тоҷикистон кушта шуд ва ҳатто ҷасад ӯро ҳам ба касе нишон надоданд. Дар қабристон ҳам иҷоза надоданд мардҳо ба сари мазори ӯ бираванд ва занон ҳам бо дод у фиғон тавонистанд ба сӯи ӯ бираванд. Эшонро неруҳои амниятӣ мазлумона ва ғарибона ба хок супурданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад